ОГОҲӢ! Аз 1 то 3 июл дар баъзе минтақаҳои Тоҷикистон омадани селҳои хусусияти маҳаллидошта пешгӯӣ мешавад
ДУШАНБЕ, 30.06.2026 /АМИТ «Ховар»/. Аз 1 то 3 июл дар баъзе минтақаҳои мамлакат бо сабаби боридани борон омадани селҳои хусусияти маҳаллидошта пешгӯӣ мешавад.
Тавре ба АМИТ «Ховар» аз Агентии обуҳавошиносии Кумитаи ҳифзи муҳити зисти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон хабар доданд, 1 — 3 июл дар ноҳияҳои доманакӯҳию кӯҳии тобеи ҷумҳурӣ, вилоятҳои Суғд ва Хатлон бо сабаби боридани борон омадани селҳои хусусияти маҳаллидошта пешгӯӣ мешавад.
Инчунин 2 — 4 июл дар шаҳру ноҳияҳои вилояти Хатлон, ноҳияҳои тобеи ҷумҳурӣ ва шаҳри Душанбе бо сабаби шидданокии вазиши шамол аз самти минтақаҳои ҷанубӣ ба амал омадани хокбориш пешгӯӣ мешавад.
Дар натиҷаи хокбориш ва чангу ғубор эҳтимолияти баланд шудани ҳолати ифлосшавии ҳавои атмосферӣ аз моддаҳои муаллақ (чангу ғубор), аз ҷумла заррачаҳои андозаашон то 10 мкр (PM-10) ва то 2,5 мкр (РМ-2,5) дар назар аст.
Аз шаҳрвандон хоҳиш карда мешавад, ки дар чунин шароити номусоиди обу ҳаво чораҳои эҳтиётӣ андешида, аз сафарҳои безарурат ба минтақаҳои кӯҳӣ худдорӣ намоянд. Ҳамчунин аз сокинон хоҳиш карда мешавад, ки ҳангоми ҳаракат дар наздикии соҳили дарёҳо ва мавзеъҳои хавфнок эҳтиёткор бошанд ва қоидаҳои бехатариро риоя намоянд.
Сокинон қабл аз боридани борон бояд каналу ҷӯйбор ва селроҳаҳоро аз ҳар гуна санг, хасу хошок тоза кунанд, то оби сел роҳи гузаштан дошта бошад ва ба ҳавлию қитъаҳои наздиҳавлигии аҳолӣ ворид нашавад. Ба ронандагон маслиҳат дода мешавад, ки ҳангоми ҳаракат дар роҳҳои кӯҳӣ ва ағбаҳо эҳтиёткор бошанд, суръати ҳаракатро паст намуда, аз таваққуф дар мавзеъҳои хавфи ярч ва сел худдорӣ намоянд.








Оид ба Конститутсия ва ҷойгоҳи он дар танзими муносибатҳои идоракунии давлатӣ ҳамоиши ҷумҳуриявӣ доир шуд
«КОНСТИТУТСИЯ-КАФИЛИ АДОЛАТИ СУДӢ». Дар Суди Олии иқтисодии Тоҷикистон ҳамоиш доир гардид
Муассисаи «Шабакаи гармидиҳии шаҳри Душанбе»: «Муштариён метавонанд барои ҳалли мушкилот ба рақами кӯтоҳи 14-44 занг зананд»
Доир ба саҳми академик Муҳаммадҷони Шакурӣ дар рушди илму адаб конференсияи илмӣ баргузор шуд
«КОНСТИТУТСИЯ–ПОЙДОРИИ ДАВЛАТИ ҲУҚУҚБУНЁД». Таҳти чунин унвон конференсияи ҷумҳуриявӣ доир гардид
Роҳҳои баланд бардоштани ҳосилнокии зироатро дар шаҳри Кӯлоб баррасӣ намуданд
Дар мавзуи «Конститутсия ва таъмини ҳуқуқ ба озодии эътиқод» конференсияи ҷумҳуриявӣ доир шуд
Дар ҷаласаи Шурои ҷамъиятии Ҷумҳурии Тоҷикистон механизмҳои нави ҳимояи ҳуқуқи муҳоҷирони меҳнатӣ баррасӣ гардид
Бахшида ба Рӯзи Конститутсия дар Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Суғд ҳамоиш доир шуд
Дар ноҳияи Данғара нақшаи ҷамъоварии пахта 100 фоиз иҷро гардид
Дар ноҳияи Деваштич иншооти гуногуни иҷтимоӣ ба истифода дода шуданд
Дар Академияи идоракунии давлатӣ оид ба нақши Конститутсия дар таъмини баробарии гендерӣ ҳамоиш доир шуд






