ОГОҲӢ! Аз 6 то 8 июн дар баъзе минтақаҳои Тоҷикистон омадани сел пешгӯӣ мешавад
ДУШАНБЕ, 05.06.2026 /АМИТ «Ховар»/. 6-8 июн бо сабаби боридани борони бошиддат дар баъзе минтақаҳои Тоҷикистон хавфи омадани сел боқӣ мемонад. Дар ин хусус АМИТ «Ховар» бо истинод ба Агентии обуҳавошиносии Кумитаи ҳифзи муҳити зисти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон хабар медиҳад.
Ба иттилои манбаъ, дар ноҳияҳои доманакӯҳию кӯҳии минтақаҳои ноҳияҳои тобеи ҷумҳурӣ, вилоятҳои Хатлону Суғд ва ғарби Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон хавфи сар задани сел боқӣ мемонад. Ҳамзамон дар дарёҳои Исфара, Зарафшон, Обихингоб, Вахш, Панҷ, Ёхсӯ, Қизилсӯ (ҷанубӣ) ва дарёҳои аз нишебиҳои ҷанубии қаторкӯҳҳои Ҳисор ҷоришаванда баландшавии сатҳи об аз эҳтимол дур нест. Ба шаҳрвандон тавсия дода мешавад, ки дар чунин вазъи номусоиди обу ҳаво чораҳои эҳтиётӣ андешанд.
Боиси таассуф аст, ки бо вуҷудии пайваста аз ҷониби ниҳодҳои дахлдор ҳушдор додани сокинон аз номуоидии обу ҳаво ва эҳтимоли ба вуҷуд омадани ҳодисаҳои табиӣ, аз ҷумла омадани сел, ярч, сангреза ва ғайра, баъзе аз нафарон ба бепарвоӣ роҳ дода, дар чунин рӯзҳо ба минтақаҳои хавф сафар мекунанд. Ин бепарвоӣ боиси рух додани ходисаҳои нохуш мегардад.
Кумитаи ҳолатҳои фавқулода ва мудофиаи граждании Ҷумҳурии Тоҷикистон ба аҳолӣ тавсия медиҳад, ки дар ин рӯзҳо ҳангоми сафар ба минтақаҳои кӯҳӣ, соҳилҳои дарёҳо ва дигар мавзеъҳои хавфнок эҳтиёткор бошанд, аз истироҳат ва чаронидани чорво дар наздикии маҷрои дарёҳо худдорӣ намуда, қоидаҳои бехатариро қатъиян риоя намоянд.
Дар ҳолати ба вуҷуд омадани вазъияти фавқулода шаҳрвандон метавонанд ба рақами ягонаи кумита- 112 муроҷиат намоянд. Ҳамчунин барои дарёфти огоҳиҳои фаврӣ ва иттилооти муҳим истифодаи замимаи мобилии SOS тавсия дода мешавад.
АКС: АМИТ «Ховар»








«КОНСТИТУТСИЯ-КАФИЛИ АДОЛАТИ СУДӢ». Дар Суди Олии иқтисодии Тоҷикистон ҳамоиш доир гардид
Муассисаи «Шабакаи гармидиҳии шаҳри Душанбе»: «Муштариён метавонанд барои ҳалли мушкилот ба рақами кӯтоҳи 14-44 занг зананд»
Доир ба саҳми академик Муҳаммадҷони Шакурӣ дар рушди илму адаб конференсияи илмӣ баргузор шуд
«КОНСТИТУТСИЯ–ПОЙДОРИИ ДАВЛАТИ ҲУҚУҚБУНЁД». Таҳти чунин унвон конференсияи ҷумҳуриявӣ доир гардид
Роҳҳои баланд бардоштани ҳосилнокии зироатро дар шаҳри Кӯлоб баррасӣ намуданд
Дар мавзуи «Конститутсия ва таъмини ҳуқуқ ба озодии эътиқод» конференсияи ҷумҳуриявӣ доир шуд
Дар ҷаласаи Шурои ҷамъиятии Ҷумҳурии Тоҷикистон механизмҳои нави ҳимояи ҳуқуқи муҳоҷирони меҳнатӣ баррасӣ гардид
Бахшида ба Рӯзи Конститутсия дар Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Суғд ҳамоиш доир шуд
Дар ноҳияи Данғара нақшаи ҷамъоварии пахта 100 фоиз иҷро гардид
Дар ноҳияи Деваштич иншооти гуногуни иҷтимоӣ ба истифода дода шуданд
Дар Академияи идоракунии давлатӣ оид ба нақши Конститутсия дар таъмини баробарии гендерӣ ҳамоиш доир шуд
Дар роҳи Душанбе–Чаноқ хатҳои уфуқӣ аз нав кашида мешаванд






