Оид ба амалишавии Стратегияи миллии фаъолгардонии нақши занон дар Тоҷикистон конференсия доир шуд
ДУШАНБЕ, 30.06.2026 /АМИТ «Ховар»/. Имрӯз дар шаҳри Душанбе бо ташаббуси Кумитаи кор бо занон ва оилаи назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар мавзуи «Ҳамоҳангсозии фаъолияти мақомоти ҳокимияти давлатӣ, ташкилотҳои байналмилалӣ ва ҷамъиятӣ барои татбиқи «Стратегияи миллии фаъолгардонии нақши занон дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2021–2030» конференсия баргузор гардид. Дар ин хусус ба АМИТ «Ховар» аз ин кумита хабар доданд.
Иброз гардид, ки дар натиҷаи татбиқи пайгиронаи ин стратегия ва дастгирии пайвастаи давлату Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, нақши занон дар ҳаёти сиёсӣ, иқтисодӣ ва иҷтимоии мамлакат таҳким ёфтааст. Аз ҷумла, шумораи занон дар вазифаҳои роҳбарикунанда афзоиш ёфта, имкониятҳои таҳсил барои духтарон тавассути квотаҳои президентӣ зиёд карда шуд. Инчунин занон бо дастгирии грантҳои президентӣ ба фаъолияти соҳибкорӣ ҷалб шуда, сатҳи маърифати ҳуқуқии онҳо тавассути барномаҳои омӯзишӣ баланд бардошта мешавад.
Иттилоъ дода шуд, ки бо назардошт тадбирҳои натиҷабахш Ҳукумати мамлакат дар самти баланд бардоштнаи мақоми зан дар ҷомеа 8 апрели соли 2026 Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ҷаласаи Шурои иқтисодӣ ва иҷтимоиии Созмони Милали Муттаҳид бо гирифтани 48 овоз аз 54 давлат ба узвияти Комиссияи Созмони Милали Муттаҳид оид ба мақоми занон (CSW) барои солҳои 2027–2031 интихоб гардид.
Санадҳои меъёрии ҳуқуқие, ки дар мамлакат, аз ҷумла Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи кафолатҳои давлатии баробарҳуқуқии мардону занон ва имкониятҳои баробари амалигардонии онҳо», Фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи тадбирҳои баланд бардоштани мақоми зан дар ҷомеа», «Барномаҳои давлатии тарбия, интихоб ва ҷобаҷогузории кадрҳои роҳбарикунандаи Ҷумҳурии Тоҷикистон аз ҳисоби занону духтарони лаёқатманд барои солҳои 2007-2016» (2017-2022 ва 2023-2030) ба тасвиб расидаанд, дар таъмини кафолатҳои конститутсионӣ нақши муҳим доранд.
Изҳор шуд, ки «Стратегияи миллии фаъолгардонии нақши занон дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2021-2030» ҳуҷҷати барномавие мебошад, ки барои ҳалли масъалаҳои баланд бардоштани мақоми зан дар ҷомеа, фаъолгардонии нақши онҳо дар соҳаҳои меҳнат, иқтисод, фарҳанг, сиёсат ва ғайра қабул шудааст.
Бо мақсади боз ҳам тақвият додани вазъи занон дар ҷомеа ва фаъолгардонии нақши онҳо дар соҳаҳои гуногун тадбирҳои иловагӣ андешида шуда, бо назардошти ин аз ҷониби Ҳукумати мамлакат нақшаи чорабиниҳои амалисозии ин стратегия барои солҳои 2026-2030 тасдиқ гардидааст.
АКС: Кумитаи кор бо занон ва оилаи назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон








Татбиқи лоиҳаи «Барқарорсозии зерсистемаи системаи ВМК-и канали Қумсангир» ба 95 фоиз расид
ЗИМИСТОНГУЗАРОНӢ. Дар Сангвор ситоди ноҳиявӣ оид ба омодагии пурра ба фаслҳои тирамоҳу зимистон таъсис ёфтааст
Дар Москва конгресси 5-уми миллӣ дар соҳаи тиб доир гардид
Дар Ҳисор бахшида ба 32-солагии қабули Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон конференсия доир шуд
Оид ба Конститутсия ва ҷойгоҳи он дар танзими муносибатҳои идоракунии давлатӣ ҳамоиши ҷумҳуриявӣ доир шуд
«КОНСТИТУТСИЯ-КАФИЛИ АДОЛАТИ СУДӢ». Дар Суди Олии иқтисодии Тоҷикистон ҳамоиш доир гардид
Муассисаи «Шабакаи гармидиҳии шаҳри Душанбе»: «Муштариён метавонанд барои ҳалли мушкилот ба рақами кӯтоҳи 14-44 занг зананд»
Доир ба саҳми академик Муҳаммадҷони Шакурӣ дар рушди илму адаб конференсияи илмӣ баргузор шуд
«КОНСТИТУТСИЯ–ПОЙДОРИИ ДАВЛАТИ ҲУҚУҚБУНЁД». Таҳти чунин унвон конференсияи ҷумҳуриявӣ доир гардид
Роҳҳои баланд бардоштани ҳосилнокии зироатро дар шаҳри Кӯлоб баррасӣ намуданд
Дар мавзуи «Конститутсия ва таъмини ҳуқуқ ба озодии эътиқод» конференсияи ҷумҳуриявӣ доир шуд
Дар ҷаласаи Шурои ҷамъиятии Ҷумҳурии Тоҷикистон механизмҳои нави ҳимояи ҳуқуқи муҳоҷирони меҳнатӣ баррасӣ гардид






