Қонун «Дар бораи танзими ҷашну маросим дар Ҷумҳурии Тоҷикистон» — тадбири намунавӣ дар байни мардумони кишварҳои Осиёи Марказӣ
ДУШАНБЕ, 08.06.2026 /АМИТ «Ховар»/. 8 июни соли 2007 Президенти мамлакат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи танзими анъана ва ҷашну маросим дар Ҷумҳурии Тоҷикистон» имзо гузоштанд. 20 июни соли 2024 Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи танзими ҷашну маросим дар Ҷумҳурии Тоҷикистон» дар таҳрири нав қабул гардид, ки дар он моддаҳои 428, 448, 568, қисми 1, моддаи 285, 580, 392 аз эътибор соқит дониста шуданд.
Шоистаи таҳсин аст, ки Кумитаи дин ва танзими ҷашну маросими назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон хизматрасонии бақайдгирии ҷашн ва маросимро ба таврӣ онлайн ба роҳ мондааст.
Портали бақайдгирии тӯйҳои домодиву арусӣ ва маросими азодорӣ ба шаҳрвандон имкон медиҳад, ки пеш аз баргузории ҷашн ва ё маросим ба мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатиии шаҳру ноҳияҳо ва ҷамоатҳо ташриф наоварда, маъракаи худро ба қайд гиранд. Раванди бақайдгирии тӯйҳои домодиву арусӣ ва маросими азодорӣ пурра ройгон мебошад.
Қабули ин қонун дар таърихи қонунгузории на танҳо мамлакати мо, балки дигар давлатҳои Осиёи Марказӣ тадбири воқеан ҳам, беназир мебошад. Таҷрибаи солҳои охир собит намуд, ки риояи ин қонуни миллӣ на танҳо мушкили молии мардумро осон кард, балки барои дигар мардумони кишварҳои Осиёи Марказӣ, ки бо тоҷикон дар доираи анъанаҳои муштарак зиндагӣ мекунанд, намуна гардид.
Бо амалӣ шудани ҳукми қонуни мазкур мушкилоти қишрҳои гуногуни ҷомеаи мо, алалхусус аҳолии камбизоат, ба андозаи чашмрас осон гардид. Барои мисол, дар соли 2025 теъдоди маъракаҳо нисбатан коҳиш ёфта, ошкоршавии қонунвайронкунӣ афзоиш ёфтааст. Аз ҷумла, тӯйҳои домодиву арӯсӣ нисбат ба ҳамин давраи соли 2024 3274 адад кам, маросими чил 320 адад кам ва маросими сол 264 адад кам ба қайд гирифта шудааст.
«Яке аз омилҳои зиёд шудани миқдори қонунвайронкуниҳо баъд аз таҳрири нав қабул шудани қонун мебошад. Зеро қаблан ҷаримабандиҳо ба категорияҳо тақсим намешуданд, дар таҳрири нави қонун он ба категорияҳои муайян тақсим гардид. Тибқи таҳрири Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи танзими ҷашну маросим дар Ҷумҳурии Тоҷикистон», ваколати комиссияҳои доимии мақоми ваколатдор, аз ҷумла комиссияи ҷамъиятӣ зиёд шуд. Ҳамзамон нисбат ба соҳибкорони инфиродӣ ва ходимони дин масъулият зиёд гардид. Аз ин рӯ, дар самти назорати риояи қонун дар якҷоягӣ бо мақомоти ҳифзи ҳуқуқ, махсусан комиссияҳои доимӣ назорат пурзӯр карда шуд»,- тазаккур доданд масъулини Кумитаи дин ва танзими ҷашну маросим.
Мувофиқи маълумоти пешниҳодшуда, комиссияҳои доимии маҳаллӣ оид ба танзими ҷашну маросим дар семоҳаи якуми соли 2025 дар ҳудуди ҷумҳурӣ вобаста ба риоя нагардидани талаботи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи танзими ҷашну маросим дар Ҷумҳурии Тоҷикистон» тибқи моддаи 481 Кодекси ҳуқуқвайронкунии маъмурии Ҷумҳурии Тоҷикистон 263 ҳолати қонунвайронкунӣ (ҳамин давраи соли 2024 — 257 ҳолат) ошкор гардидааст, ки нисбат ба ҳамин давраи соли 2024 6 ҳолат зиёд мебошад.
Гарчанде баъзе аз шаҳрвандони худогоҳ ба нолозиму зиёдатӣ будани баъзе аз ҷашну маросим боварӣ доранд, аммо зери фишори аъзои хонавода, хешовандон ва маҳалла ҷашну маросимро сермасраф баргузор менамоянд. Ҳамчунин, таҳлилҳои коршиносону мутахассисони соҳа маълум менамоянд, ки баъзе аз шаҳрвандон ҳанӯз ҳам аз моҳияту маънои аслии баргузории ҷашну маросим пурра хабардор нестанд ва ба таври ноогоҳона ба дигарон тақлид ва пайравӣ мекунанд.
Ҳастанд нафароне, ки бо сабаби паст будани фарҳанги ҳуқуқӣ талаботи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи танзими ҷашну маросим дар Ҷумҳурии Тоҷикистон»-ро риоя ва иҷро намекунанд. Лек ин нафарон бехабар аз онанд, ки риояи ин қонун сатҳи зиндагии рӯзмарраи мардумро боло бурда, харҷӣ барзиёдатиро аз байн мебарад. Ин қонуни миллӣ ба баланд бардоштани сатҳи иҷтимоию иқтисодии шаҳрвандон ва аз байн бурдани хурофоту зиёдаравӣ ва зоҳирпарастӣ дар ҷомеа нигаронида шудааст.
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар ҳар мулоқоту суҳбат бо сокинони минтақаҳои гуногуни мамлакат, хусусан дар вохӯриҳои анъанавӣ бо занони фаъоли ҷумҳурӣ ба масъалаи сарфаю сариштакорӣ, роҳ надодан ба зоҳирпарастӣ ва зиёдаравӣ дар мавриди гузаронидани ҷашну маъракаҳо ва оростани дастархони идона, хусусан занонро ба сарфаю сариштакорӣ дар рӯзгор ва самаранок истифода намудани буҷети оилавӣ ҳидоят менамоянд.
Сарвари давлат дар яке аз суханрониҳо иброз намуданд, ки «баъзан байни иддае аз занон зиёдаравӣ ба назар расида, дар маъракаву чорабиниҳои оилавӣ сарфаю сариштакорӣ риоя намешавад. Агар ин камбудиҳо бартараф гардида, пеши роҳи хароҷоти барзиёд ва зоҳирпарастӣ гирифта шавад, табиист, ки буҷети хонавода афзуда, вазъи зиндагии оилаҳо боз ҳам беҳтар хоҳад гашт, зеро дар урфият мегӯянд, ки зани соҳибмаърифату боиффат гавҳар ва зани ҳунарманду кадбонуи сариштакор хазина аст».
Ҳамзамон Пешвои миллат бо овардани мақоли халқии «ба миқдори сари сӯзан сарфа кардани зан баракатро дар хонадон дучанд меафзояд», изҳор доштанд, ки «соҳиби дастархону маъракаҳо ва сарфакори беҳтарини зиндагӣ, шумо, занону модарони ҳастед».
Ёдовар мешавем, ки Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи танзими ҷашну маросим дар Ҷумҳурии Тоҷикистон» маҳз ба хотири пешгирӣ кардани сарфу хароҷоти зиёдатӣ ва исрофкориву намоишкорӣ баъди мулоҳизаву муҳокимаҳо ва омӯзиши чандинсолаи афкори умум қабул гардид.
АКС: АМИТ «Ховар»








ВАҲДАТИ МИЛЛӢ. Сиёсати дурбинонаи сиёсатмадори сатҳи ҷаҳонӣ – Пешвои миллат буд, ки мо ба чунин рӯзҳои нек расидем
БОЙГОНӢ — ГАНҶИНАИ БЕБАҲОИ МИЛЛАТ. Ба Рӯзи байналмилалии бойгонӣ бахшида мешавад
Дар Душанбе татбиқи технологияҳои рақамӣ дар соҳаи таҳсилоти касбӣ бо ширкати Чин баррасӣ шуд
ДОДХОҲӢ БАРОИ РОБИАИ БАЛХӢ. Андешаҳои Муҷибахон Ҷавҳарӣ оид ба саҳми шоира дар рушди шеъри тоҷикӣ
Тоҷикистонро моҳи аввали фасли тобистон чӣ гуна ҳаво интизор аст?
МАСЛИҲАТИ МУТАХАССИС. Истеъмоли бодиринг барои танзими фишори хун дар организм кумак мерасонад
Муассисаҳои таҳсилоти ибтидоӣ ва миёнаи касбии Тоҷикистон бо озмоишгоҳҳои муосири таълимӣ таъмин гардиданд
МАСЛИҲАТИ МУТАХАССИС. Истифодаи мунтазами помидор хатари бемориҳои дил ва сактаи қалбро кам мекунад
РӮЗИ ҶАҲОНИИ БЕХАТАРИИ ОЗУҚАВОРӢ. 37 нуқтаи назорати давлатии бехатарии озуқаворӣ дар гузаргоҳҳои сарҳади давлатии Тоҷикистон фаъолият доранд
Дар Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон бо намояндагони Агентии байналмилалии неруи атомӣ вохурӣ доир шуд
МАСЛИҲАТИ МУТАХАССИС. Истеъмоли райҳон ба кадом бемориҳо фоида ва чӣ зарар дорад?
ИМТИҲОНҲОИ МАРКАЗОНИДАИ ДОХИЛШАВӢ. Шарту талаботи он барои довталаб чӣ гуна аст?






