Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон дар ноҳияи Ховалинг аз боғи интенсивӣ дидан намуданд

Июнь 20, 2026 12:51

ДУШАНБЕ, 20.06.2026 /АМИТ «Ховар»/. Дар охири боздид аз ноҳияи Ховалинги вилояти Хатлон Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон аз боғи интенсивӣ, ки дар масоҳати 10 гектар замини талу теппаҳои баланд доман паҳн кардааст, дидан намуданд.

Иттилоъ дода шуд, ки боғи себ се сол пеш бунёд ёфта, имсол аллакай дарахтони он ҳосили фаровон доранд.

Бо истифода аз имконияти иқлим ва табиати зебову нотакрори ин мавзеъ боғдорон умед доранд, ки аз дарахтони себ ҳосили фаровони хушсифат ба даст оранд.

Дар ин мавзеъи хушбоду ҳавои ноҳияи Ховалинг, ки иқлимаш барои дарахтони мевадиҳанда мусоид мебошад, ҳамчунин, дарахтони хуч, олуча, гелос ва ғайра парвариш меёбад.

Зимни суҳбат бо коргарон Роҳбари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба боғдорон дар бораи риояи қоидаҳои агротехнпкӣ ва ҷорӣ намудани усулҳои муосири боғпарварӣ дастур тавсияҳо доданд.

Боздид аз боғи интенсивӣ дар мавзеи Сафедшаҳраки ноҳияи Ховалинг 20.06.2026

Июнь 20, 2026 12:51

Хабарҳои дигари ин бахш

Амри Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон
Қарорҳои Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон
Фармонҳои Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон тағйироти кадрӣ ба амал оварданд
Дар ноҳияи Деваштич иншооти гуногуни иҷтимоӣ ба истифода дода шуданд
Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон ба таври фосилавӣ як қатор иншооти таъиноти гуногунро дар вилояти Суғд мавриди истифода қарор доданд
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон дар шаҳри Хуҷанд тарабхонаи «Форел Платинум»-ро мавриди истифода қарор доданд
Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон дар минтақаи озоди иқтисодии Суғд корхонаи нӯшокиҳои ташнагишикани ҶДММ «Райан»-ро ба истифода доданд
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон дар ноҳияи Деваштич муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии №70-ро мавриди баҳрабардорӣ қарор доданд
Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон дар ноҳияи Деваштич корхонаи коркарди меваю сабзавот ва истеҳсоли афшураи ҶДММ «Витаминҳои Тоҷикистон»-ро мавриди баҳрабардорӣ қарор доданд
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон ба таври фосилавӣ дар шаҳри Истаравшан 12 иншоотро мавриди истифода қарор доданд
Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон дар шаҳри Истаравшан бинои маҷмааи миллии соҳибкории «Роҳи Абрешим»-ро мавриди истифода қарор доданд