РӮЗИ ҶАҲОНИИ БЕХАТАРИИ ОЗУҚАВОРӢ. 37 нуқтаи назорати давлатии бехатарии озуқаворӣ дар гузаргоҳҳои сарҳади давлатии Тоҷикистон фаъолият доранд

Июнь 7, 2026 09:20

ДУШАНБЕ, 07.06.2026 /АМИТ «Ховар»/. Имрӯз, 7 июн Рӯзи ҷаҳонии бехатарии озуқаворӣ аст. Дар шароити гузариш ба муносибатҳои иқтисодию бозаргонӣ, инчунин зиёд шудани шумораи аҳолӣ дар ҷаҳон дастрасӣ ба маҳсулоти озуқавории бехатар масъалаи ҳаётан муҳим ва рӯзмарра гардидааст. Дар ин рӯз аз як рӯйдоди муҳими соҳа ёдовар шудан бомаврид аст — 4 июн аз ҷониби Созмони озуқаворӣ ва кишоварзии Созмони Милали Муттаҳид (ФАО) ба Кумитаи бехатарии озуқавории назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон таҷҳизоти озмоишгоҳӣ ва маҷмуи маводҳои ташхисӣ супорида шуд.

-Тибқи иттилои Кумитаи бехатарии озуқаворӣ, маҷмуи васеи таҷҳизоти муосири лабораторӣ аз автоклавҳо, сентрифугаҳо, микросентрифугаҳо, инкубатрҳо, микроскопҳо, ва дигар воситаҳои ташхисиву таҳлилӣ иборат мебошанд. Ҳамзамон маводҳои ташхисӣ барои гузаронидани ташхисҳои лабаратории иммуноферментӣ ва занҷираи полимерозӣ низ супорида шуданд.

Тақдими таҷҳизот ба таҳкими иқтидори миллӣ дар самти назорати бемориҳо, мониторинги бехатарии озуқаворӣ ва баланд бардоштани омодагӣ ба ҳолатҳои фавқулодаи саломатии ҳайвонот равона шудааст. Истифодаи ин таҷҳизот имконият медиҳад, ки сатҳу сифати ташхиси лабораторӣ беҳтар гардида, назорати боқимондаҳои антибиотикҳо дар маҳсулоти хӯрокворӣ ва хӯроки чорво пурзӯр карда шавад. Ин иқдом ҳамчунин ба таъмини амнияти озуқаворӣ ва пешгирии хавфҳои марбут ба муқовимати зиддимикробӣ мусоидат хоҳад намуд.

Тақдими таҷҳизоти муосир қадами муҳим дар роҳи такмили фаъолияти озмоишгоҳҳо, баланд бардоштани самаранокии назорати давлатии бехатарии озуқаворӣ ва ҳифзи солимии аҳолӣ ба ҳисоб меравад.

Бояд гуфт, ки дар Тоҷикистон ба масъалаҳои таъмини амнияти озуқаворӣ ва бехатарии маҳсулоти хӯрокворӣ таваҷҷуҳи хосса зоҳир карда мешавад. Дар ин замина як қатор санадҳои меъёрии ҳуқуқӣ қабул гардида, барои баланд бардоштани сифати маҳсулоти озуқаворӣ ва ҳифзи бозори истеъмолӣ тадбирҳои зарурӣ амалӣ шуда истодаанд.

Кормандони Кумитаи бехатарии озуқаворӣ дар ҳамкорӣ бо дигар мақомоти давлатӣ барои назорати риояи талаботи қонунгузорӣ, пешгирии муомилоти маҳсулоти пастсифат ва муҳлатгузашта, инчунин таъмини ҳифзи ҳуқуқи истеъмолкунандагон фаъолияти назарасро ба роҳ монда, гузаронидани санҷишҳо, корҳои фаҳмондадиҳӣ, мониторинг ва ташхиси лаборатории маҳсулот аз ҷумлаи тадбирҳое мебошад, ки барои таъмини бехатарии озуқаворӣ мусоидат менамоянд.

Таъмини амнияти озуқаворӣ аз ҷумлаи ҳадафҳои афзалиятноки стратегияи Ҳукумати мамлакат ба ҳисоб рафта, барои расидан ба ин мақсад даҳҳо барномаҳои давлатӣ қабулу амалӣ гардида истодааст. Таъмини амнияти озуқаворӣ ҳамчун ҳадафи стратегӣ ба таъмини аҳолӣ бо маҳсулоти озуқавории босифат, бехатар ва дастрас равона гардидааст. Амнияти озуқаворӣ маънои онро дорад, ки ҳар як шаҳрванд дар ҳама вақт ба миқдори кофии маҳсулоти ғизои дастрасӣ дошта ва ин маҳсулот ба талаботи сифат ва бехатарӣ ҷавобгў бошад.

Нақши асосии Кумитаи бехатарии озуқаворӣ назорати таъмини бехатарии маҳсулоти озуқаворӣ, пешгирии ба муомилот баровардани маҳсулоти пастсифат, шароити коркард, интиқол, нигоҳдорӣ ва фурӯши онҳо дар бозорҳои яклухт ва чаканаи ҷумҳурӣ, татбиқи чорабиниҳои пешгирикунандаи бемориҳои сироятии ҳайвонот ва организмҳои зараррасони карантинии растанӣ буда, мақомоти ҳудудии кумита дар вилоятҳо ва шаҳру ноҳияҳои ҷумҳурӣ ин сиёсатро амалӣ менамоянд.

Дар тамоми бозорҳои истеъмолӣ ва нуқтаҳои бузурги фурӯши маҳсулоти озуқаворӣ 65 озмоишгоҳи таъминоти бехатарии озуқаворӣ, маркази миллӣ ва 22 маркази ташхиси бехатарии озуқаворӣ дар шаҳру ноҳияҳои ҷумҳурӣ фаъолият намуда, тамоми маҳсулот баъди назарсанҷӣ барои истифода ва истеъмол бароварда мешавад.

Бо мақсади роҳ надодан ба воридоти маҳсулоти пастсифат ва хатарнок ба ҷумҳурӣ 37 нуқтаи назорати давлатии бехатарии озуқаворӣ дар гузаргоҳҳои сарҳади давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон фаъолият бурда, маҳсулоти озуқаворӣ аз тарафи мутахассисони Кумитаи бехатарии озуқаворӣ мавриди назорати байторию фитосанитарӣ қарор дода мешавад. Тамоми маҳсулоти озуқаворӣ тибқи тартиби муқарраргардида фақат бо иҷозати кумита ба ҷумҳурӣ ворид шуда, тамоми маҳсулоти гӯштию ширӣ мавриди назарсанҷӣ қарор дода мешавад ва баъдан бо назардошти хулосаи ташхис барои истифода ва истеъмол иҷозат дода мешавад.

Тазаккур бояд дод, ки воридоти маҳсулоти озуқаворӣ ба ҷумҳурӣ бо риояи тартиботи қонунгузории миллии амалкунанда ва аз он корхонаҳои истеҳсолии давлатҳои хориҷӣ, ки аз ҷониби мутахассисони Кумитаи бехатарии озуқаворӣ тибқи талаботи Кодекси ҳайвоноти рӯизаминии Созмони умумиҷаҳонии солимии ҳайвонот аз аккредитатсия гузаронида шудаанд, иҷозат дода мешаванд. Дар мавриди муайян намудани қонунвайронкунӣ ҳангоми парвариш, истеҳсол, коркард, нигоҳдорӣ, интиқол ва фурӯши маҳсулоти озуқаворӣ аз ҷониби мутахассисони мақомоти бехатарии озуқаворӣ нисбат ба шахсони воқеӣ ва ҳуқуқӣ санадҳои ҳуқуқвайронкунии маъмурӣ тартиб дода шуда, ҷаримабандӣ карда мешаванд.

Кумитаи бехатарии озуқавории назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон барои таъмин намудани сифату бехатарии маҳсулоти озуқаворӣ, ҳимояи ҳуқуқи истеъмолкунандагон, пешгирии ҳолатҳои ба фурӯш ва истифода баровардани маҳсулоти пастсифат чораҳои заруриро амалӣ менамояд.

Ёдовар мешавем, ки 7 июн ҳамчун Рӯзи ҷаҳонии бехатарии озуқаворӣ эътироф шудааст. Ин сана дар асоси Қатъномаи Созмони Милали Муттаҳид, ки 20 декабри соли 2018 аз тарафи Ассамблеяи генералии ин ташкилоти бонуфузи байналмилалӣ қабул шудааст, ба ҳукми анъана даромадааст. Мақсади ин ташаббус, талош барои дастёбии аҳолии ҷаҳон ба озуқа ва ғизои солим маҳсуб меёбад.

Инчунин ҳадафи ин рӯз баланд бардоштани сатҳи маърифатнокии аҳолӣ оид ба мушкилоти ҷойдошта дар самти таъмини озуқаворӣ ва бехатарии он дар ҷомеаи имрӯза ба шумор рафта, инсониятро водор месозад, ки барои аз байн бурдани гуруснагӣ, камғизоӣ ва камбизоатии инсонҳо кӯшиш намоянд.

Раъно НУСРАТУЛЛО,
АМИТ «Ховар»

АКС: АМИТ «Ховар»

Июнь 7, 2026 09:20

Хабарҳои дигари ин бахш

Эмомалӣ Раҳмон: «Рушди металлургияи сиёҳ сармоягузорӣ ба ояндаи Тоҷикистон аст»
Дар шаш моҳи соли равон 691,1 миллион дона тухм ва 21,1 тонна гӯшти паранда истеҳсол гардидааст
Дар Душанбе ҷалби сармоя ва таъсиси корхонаҳои истеҳсолӣ баррасӣ шуд
Эмомалӣ Раҳмон: «Маҷмааи металлургии Тоҷикистон даҳҳо корхона ва ҳазорон ҷойи нави кор таъсис медиҳад»
Эмомалӣ Раҳмон: «Рушди металлургия яке аз афзалияти сиёсати саноатии давлат аст»
ПИРЯХИ ТОҶИКИСТОН — БУЗУРГТАРИН ПИРЯХИ КӮҲИИ САЙЁРА. Омӯзиши он бояд ҳамчун вазифаи муҳими илмӣ ва давлатӣ идома ёбад
Эмомалӣ Раҳмон: «Дар Тоҷикистон нахустин маҷмааи мукаммали металлургияи сиёҳ бунёд мегардад»
Дар Тоҷикистон суръати интернети мобилӣ панҷ баробар афзоиш ёфтааст
Фурудгоҳи байналмилалии Душанбе ба 1,1 миллион мусофир хизмат расонидааст
То соли 2029 дар корхонаҳои металлургӣ, семент ва коркарди маъдани Суғд беш аз 3000 ҷойи нави кор таъсис дода мешавад
Аз Тоҷикистон ба хориҷи мамлакат ба маблағи беш аз 73 миллион доллар нахи пахта содирот гардид
Эмомалӣ Раҳмон: «Тоҷикистон аз иқтисодиёти ба содироти ашёи хом такякунанда ба иқтисодиёти истеҳсолӣ қадам мегузорад»