РӮЗИ ФАРҲАНГИ НОҲИЯИ ПАНҶ. Деҳқонон беҳтарин маҳсулоти кишоварзиро пешниҳоди сокинону меҳмонони пойтахт намуданд

Июнь 14, 2026 20:00

ДУШАНБЕ, 14.06.2026 /АМИТ «Ховар»/. Имрӯз дар Боғи фарҳангию фароғатии ба номи Абулқосим Фирдавсӣ Рӯзи фарҳанги ноҳияи Панҷ бо намоиши ҳунарҳои мардумӣ ва маҳсулоти кишоварзӣ баргузор  гардид, иттилоъ медиҳад АМИТ «Ховар».

Дар ин рӯз сокинон ва меҳмонини пойтахт  растаҳои ташкилнамудаи кишоварзон, ҳунармандон ва пухтупазҳои кадбонуҳоро тамошо  карда, ба маҳсули дасти  ҳунармандону кишоварзон ва маҳорати хоси сокинони ноҳия баҳои баланд доданд. Ин ҳамоиши фарҳангӣ дастоварҳои ноҳияро дар солҳои соҳибистиқлолӣ   муаррифӣ намуд.

Тавре сармутахассиси шуъбаи меъморӣ ва шаҳрсозии ноҳия Фазлиддин Саидов иброз намуд,  бо мақсади  истиқболи шоистаи ҷашни 35- солагии Истиқлолияти давлатӣ бунёди 232 адад бинову иншооти таъиноташон гуногун ба нақша гирифта шуд. Аз ин шумора,  то имрӯз 216 адади он мавриди истифода қарор дода шудааст, яъне иҷрои нақшаи пешбинигардида 93 фоизро ташкил медиҳад.

Дар  Соли вусъат додани корҳои ободонию созандагӣ ва тақвияту таҳкими худшиносию худогоҳии миллӣ сокинони ноҳия дар обод намудани маҳали зист саҳми арзишманд мегузоранд. То имрӯз 3 муассисаи нави таҳсилоти умумӣ, 79 бинову синфхонаҳои иловагӣ барои 1896 хонанда сохта, ба истифода дода шуд, ки дар бунёди  он соҳибкорони ватанӣ ва сокинон  саҳм мегузоранд.

Ноҳияи Панҷ  беш аз 124 ҳазор нафар аҳолӣ дошта,  аз панҷ Ҷамоати деҳот ва як ҷамоати шаҳрак иборат буда, сокинони ноҳия аслан ба кишоварзию чорводорӣ машғул мебошанд. Ноҳия аграрӣ буда, деҳқонони соҳибтаҷриба дорад, ки имрӯз бо истифода аз таҷрибаи пешқадам маҳсулоти кишоварзӣ истеҳсол карда, дар таъмини амнияти озуқавории   мамлакат, инчунин содирот саҳми намоён мегузоранд.

Мунира АБДУСАЛОМОВА,
АМИТ «Ховар»

АКС: АМИТ «Ховар»

 

Июнь 14, 2026 20:00

Хабарҳои дигари ин бахш

Бахшида ба Рӯзи Конститутсия дар мавзуи «Асосҳои конститутсионии муқовимат ба коррупсия» ҳамоиш доир шуд
Дар ноҳияи Деваштич иншооти гуногуни иҷтимоӣ ба истифода дода шуданд
Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон ба таври фосилавӣ як қатор иншооти таъиноти гуногунро дар вилояти Суғд мавриди истифода қарор доданд
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон дар шаҳри Хуҷанд тарабхонаи «Форел Платинум»-ро мавриди истифода қарор доданд
Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон дар минтақаи озоди иқтисодии Суғд корхонаи нӯшокиҳои ташнагишикани ҶДММ «Райан»-ро ба истифода доданд
Дар Душанбе оид ба таҳияи нақшаи чорабиниҳои 40-солагии истиқлолияти давлатӣ ҷаласаи гурӯҳи корӣ доир шуд
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон дар ноҳияи Деваштич муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии №70-ро мавриди баҳрабардорӣ қарор доданд
Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон дар ноҳияи Деваштич корхонаи коркарди меваю сабзавот ва истеҳсоли афшураи ҶДММ «Витаминҳои Тоҷикистон»-ро мавриди баҳрабардорӣ қарор доданд
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон ба таври фосилавӣ дар шаҳри Истаравшан 12 иншоотро мавриди истифода қарор доданд
Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон дар шаҳри Истаравшан бинои маҷмааи миллии соҳибкории «Роҳи Абрешим»-ро мавриди истифода қарор доданд
Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон дар ноҳияи Шаҳристон дар Иди картошка иштирок намуданд
Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон дар ноҳияи Шаҳристон барои бунёди 2 корхона санги асос гузоштанд