РӮЗИ ХИЗМАТЧИИ ДАВЛАТӢ. Дар Тоҷикистон ташкили ин ниҳод яке аз дастовардҳои давраи соҳибистиқлолӣ мебошад

Июнь 23, 2026 13:00

ДУШАНБЕ, 23.06.2026 /АМИТ «Ховар»/. Тибқи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба ворид намудани илова ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи рӯзҳои ид» аз 17 июни соли 2026, минбаъд ҳамасола 23 июн ҳамчун Рӯзи хизматчии давлатӣ таҷлил мегардад. Дар Ҷумҳурии Тоҷикистон ташаккули хизмати давлатӣ бо равандҳои таҳкими истиқлоли давлатӣ, бунёди низоми нави сиёсӣ, рушди иқтисоди миллӣ, ислоҳоти системаи идоракунии давлатӣ ва татбиқи сиёсати давлатии кадрҳо алоқамандии зич дорад.

Тавре аз Агентии хизмати давлатии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ба АМИТ «Ховар» иттилоъ доданд, қабули Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон ба таъсиси низоми нави давлатдорӣ оғоз намуда, барои марҳила ба марҳила такмил додани низоми идоракунии давлатӣ ва ислоҳоти хизмати давлатӣ заминаи мусоид фароҳам овард. Конститутсияи Тоҷикистон инсон, ҳуқуқ ва озодиҳои ӯро арзиши олӣ эътироф мекунад, ки ин яке аз арзишҳои умумиқабулшудаи ҷаҳони мутамаддин мебошад.

Таҷрибаи муосири давлатдории давлатҳои пешрафта нишон медиҳад, ки татбиқи сиёсати давлатӣ, аз ҷумла хизмати давлатӣ аз салоҳият, дониш ва малака, сатҳи баланди касбияти хизматчиёни давлатӣ вобаста аст. Ҳар қадаре ки хизматчиёни давлатӣ дорои дониш, малака ва малакаҳои идоракунӣ бошанд, фаъолияти касбии онҳо самараноктар ва рушди ҳамаҷонибаи сутунҳои давлат таъмин карда мешавад.

Дар асоси фармонҳои Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон 25 январи соли 2001 Раёсати хизмати давлатии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон таъсис ёфта, минбаъд бо мақсади баланд бардоштани мақом ва нақши он дар идоракунии хизмати давлатӣ 13 ноябри соли 2013 ба Агентии хизмати давлатии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон табдил дода шуд. Таъсиси ин ниҳод яке аз дастовардҳои давраи истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон буда, барои ташаккули низоми нави давлатдорӣ, такмили марҳилавии хизмати давлатӣ ва ислоҳоти он заминаи мусоид фароҳам овард.

Таъкид гардид, ки хизмати давлатӣ фаъолияте мебошад, ки танҳо дар мақомоти давлатӣ амалӣ карда мешавад.

Гуфта шуд, ки самаранокии фаъолияти давлат пеш аз ҳама, ба вазъ ва имкониятҳои кадрии он алоқаманд буда, ҷобаҷогузории дурусти кадрҳо вобаста ба малакаю лаёқати касбии онҳо дар мансабҳои давлатӣ баёнгари сиёсати пешгирифтаи ҳар як мамлакат маҳсуб меёбад. Дар Ҷумҳурии Тоҷикистон доир ба баланд бардоштани нуфузи соҳаи хизмати давлатӣ таҳти сиёсати хирадмандонаи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар радифи дигар соҳаҳо таваҷҷуҳи бештар зоҳир карда мешавад.

Дар мамлакат Кодекси одоби хизматчии давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон мавриди амал қарор дорад. Кодекс бо ҳадафи баланд бардоштани нуфузи хизмати давлатӣ, тақвияти масъулияти хизматчии давлатӣ ва самаранокии идоракунии хизмати давлатӣ, инчунин бо мақсади таҳкими обрӯю эътибори ниҳоди хизмати давлатӣ, танзими бархӯрди манфиатҳо, тавзеҳ додани принсипҳои хизмати давлатӣ қабул шудааст.

Кодекси одоби хизматчии давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон бо назардошти асосҳои санадҳои меъёрии ҳуқуқии Ҷумҳурии Тоҷикистон, арзишҳои эътирофшудаи ахлоқи инсонӣ ва талаботи маънавии ҷамъият ба хизмати давлатӣ хислатҳои ахлоқии фаъолияти касбии хизматчии давлатии мақомоти иҷроияи марказӣ ва маҳаллии ҳокимияти давлатӣ, мақомоти худидоракунии шаҳрак ва деҳоти Ҷумҳурии Тоҷикистонро мушаххасу муайян намудааст.

Вазифаи асосии хизматчиёни давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон на танҳо аз хизмат ба давлат, балки аз мусоидат ба давлат дар роҳи хизмат кардан ба ҷомеа иборат мебошад. Хизмати давлатӣ бояд барои амалӣ намудани афзалиятҳои миллӣ ва фаъолияти мақсадноки мақомоти давлатӣ мусоидат намояд.

Бо такя ба таъкидҳои пайвастаи Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон гуфтан ба маврид аст, ки имрӯз хизматчиёни давлатӣ вазифадоранд ва ҳам масуъланд, ки бо «дасту дили пок», «нияти нек», «садоқат ба давлату миллати худ», «нангу номуси ватандорӣ», «эҳсоси масъулияти ба зиммадошта» фаъолият намоянд.

АКС: АМИТ «Ховар»

Июнь 23, 2026 13:00

Хабарҳои дигари ин бахш

Оид ба Конститутсия ва ҷойгоҳи он дар танзими муносибатҳои идоракунии давлатӣ ҳамоиши ҷумҳуриявӣ доир шуд
КОНСТИТУТСИЯ-ТАҲКУРСИИ УСТУВОР ВА САНАДИ БУНЁДГУЗОР. Он дар таҳкими ҳифзи ҳуқуқу озодиҳои инсон ва шаҳрванд нақши муҳим дорад
«КОНСТИТУТСИЯ-КАФИЛИ АДОЛАТИ СУДӢ». Дар Суди Олии иқтисодии Тоҷикистон ҳамоиш доир гардид
Муассисаи «Шабакаи гармидиҳии шаҳри Душанбе»: «Муштариён метавонанд барои ҳалли мушкилот ба рақами кӯтоҳи 14-44 занг зананд»
Доир ба саҳми академик Муҳаммадҷони Шакурӣ дар рушди илму адаб конференсияи илмӣ баргузор шуд
«КОНСТИТУТСИЯ–ПОЙДОРИИ ДАВЛАТИ ҲУҚУҚБУНЁД». Таҳти чунин унвон конференсияи ҷумҳуриявӣ доир гардид
Роҳҳои баланд бардоштани ҳосилнокии зироатро дар шаҳри Кӯлоб баррасӣ намуданд
Дар мавзуи «Конститутсия ва таъмини ҳуқуқ ба озодии эътиқод» конференсияи ҷумҳуриявӣ доир шуд
КОНСТИТУТСИЯ–САНАДИ КАФОЛАТДИҲАНДАИ ҲУҚУҚИ ЗАНОН ДАР ТОҶИКИСТОН. Андешаҳо дар ин маврид
Дар ҷаласаи Шурои ҷамъиятии Ҷумҳурии Тоҷикистон механизмҳои нави ҳимояи ҳуқуқи муҳоҷирони меҳнатӣ баррасӣ гардид
Бахшида ба Рӯзи Конститутсия дар Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Суғд ҳамоиш доир шуд
Дар ноҳияи Данғара нақшаи ҷамъоварии пахта 100 фоиз иҷро гардид