Раиси Кумитаи Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олӣ оид ба иқтисод ва молия бо ҳайати Бонки ҷаҳонӣ вохӯрӣ намуд

Июнь 5, 2026 10:07

ДУШАНБЕ, 05.06.2026 /АМИТ «Ховар»/. Раиси Кумитаи Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба иқтисод ва молия Ғиёсиддин Ашурзода бо ҳайати Бонки ҷаҳонӣ вохӯрӣ намуд. Дар ин хусус ба АМИТ «Ховар» аз Маҷлиси намояндагон хабар доданд.

Зимни мулоқот  иброз гардид, ки ҳисоботи арзёбии хароҷоти давлатӣ ва ҳисоботдиҳии молиявӣ  (PEFA) барои Ҷумҳурии Тоҷикистон танҳо як воситаи баҳодиҳии байналмилалӣ набуда, механизми муҳими таҳлили ҳолати воқеии идоракунии молияи давлатӣ, муайян намудани дастовардҳо ва муайянсозии самтҳои такмили минбаъдаи ислоҳот низ мебошад.

Натиҷаҳои арзёбиҳои қаблии ҳисоботи арзёбии хароҷоти давлатӣ ва ҳисоботдиҳии молиявӣ (PEFA) заминаи муҳим барои татбиқи ислоҳоти фарогир дар самти банақшагирии буҷетӣ, такмили фаъолияти хазинадорӣ, таҳкими назорати давлатии молиявӣ, рушди аудити давлатӣ ва баланд бардоштани сатҳи шаффофияти буҷетӣ гардиданд.

Арзёбии имсолаи ҳисоботи арзёбии хароҷоти давлатӣ ва ҳисоботдиҳии молиявӣ (PEFA) аҳамияти махсус дорад, зеро бори аввал ҷанбаҳои нави муҳим, аз ҷумла идоракунии молияи давлатӣ бо назардошти масъалаҳои тағйирёбии иқлим, буҷеткунонии гендерӣ ва арзёбии сатҳи маҳаллӣ фаро гирифта мешаванд.

Маҷлиси намояндагон ҳамчун мақоми олии намояндагӣ ва қонунгузори мамлакат дар таъмини назорати парламентӣ аз болои маблағҳои давлатӣ нақши муҳим дорад.

Таъкид гардид, ки ҳамасола на танҳо лоиҳаи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи Буҷети давлатӣ» баррасӣ мегардад, балки масъалаҳои стратегияи фискалӣ, дурнамои миёнамуҳлати рушди иқтисодӣ, самаранокии хароҷоти давлатӣ ва натиҷаҳои татбиқи барномаҳои давлатӣ низ мавриди таҳлил қарор мегиранд.

Ғиёсиддин Ашурзода  саҳми Бонки ҷаҳонӣ ва дигар шарикони рушдро дар пешбурди ислоҳоти молияи давлатӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон махсус таъкид намуда, иброз дошт, ки дар тули солҳои ҳамкорӣ дастгирии техникӣ ва машваратии онҳо барои таҳкими институтҳои молиявӣ, рушди иқтидори кадрӣ ва ҷорӣ намудани таҷрибаҳои пешқадами байналмилалӣ мусоидати назаррас намудааст.

«Мо барои муколамаи, мубодилаи афкор ва муҳокимаи касбӣ омода ҳастем. Маҳз чунин ҳамкорӣ имконият медиҳад, ки натиҷаҳои арзёбӣ ба воситаи муоссири такмили сиёсати давлатӣ ва рушди устувори иқтисодӣ табдил ёбанд», — афзуд ӯ.

АКС: Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон

Июнь 5, 2026 10:07

Хабарҳои дигари ин бахш

Дар ҷаласаи кумитаи Маҷлиси миллӣ оид ба масъалаҳои аграрӣ, шуғли аҳолӣ ва экология қонунҳои соҳавӣ баррасӣ гардиданд
Иҷлосияи ҳафтуми Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, даъвати ҳафтум доир мегардад
Оид ба таҳкими робитаҳои байнипарлумонӣ ва густариши ҳамкории дуҷонибаи Тоҷикистону Муғулистон вохӯрӣ доир шуд
17 октябр иҷлосияи ҳафтуми Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, даъвати ҳафтум доир мегардад
Дар шаҳри Улан-Батори Муғулистон Форуми ҷаҳонии занони аъзои парлумон баргузор гардид
Дар шаҳри Душанбе ҷаласаи Шурои Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон баргузор мешавад
Файзалӣ Идизода бо иштирокчиёни Муколамаи чоруми минтақавӣ оид ба иқтисоди даврӣ дар Осиёи Марказӣ вохӯрӣ намуд
Ҷаласаи кумитаи Маҷлиси миллӣ оид ба таъмини асосҳои конститутсионӣ, ҳуқуқу озодиҳои инсон, шаҳрванд ва қонуният доир шуд
Ҷаласаи навбатии кумита оид ба масъалаҳои иҷтимоӣ, ҳифзи сиҳатӣ, илм, маориф, фарҳанг ва сиёсати ҷавонону занони Маҷлиси миллӣ доир гардид
Ҷаласаи навбатии кумитаи Маҷлиси миллии Маҷлиси Олӣ доир гардид
Ҷаласаи навбатии иҷлосияи сеюми Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олӣ, даъвати ҳафтум баргузор гардид
Иҷлосияи ҳафтуми Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, даъвати ҳафтум доир мегардад