Шералӣ Кабир иқтидори саноатии Тоҷикистонро дар Муколамаи «C5+1» дар Остона муаррифӣ намуд
ДУШАНБЕ, 11.06.2026 /АМИТ «Ховар»/. Иқтидори саноатии Тоҷикистон барои сармоягузорон ва шарикони байналмилалӣ дар Муколамаи «C5+1» оид ба масоили канданиҳои фоиданоки муҳими стратегӣ, ки дар шаҳри Остонаи Қазоқистон баргузор шуд, муаррифӣ гардид, хабар медиҳад АМИТ «Ховар» бо истинод ба Вазорати саноат ва технологиҳои нави Ҷумҳурии Тоҷикистон.
Вазири саноат ва технологияҳои нави Ҷумҳурии Тоҷикистон Шералӣ Кабир дар Муколамаи «C5+1» оид ба масоили канданиҳои фоиданоки муҳими стратегӣ дар Остона оид ба иқтидори сармоягузорӣ ва саноатии мамлакат дар самтҳои энергияи «сабз», истихроҷи металлҳои нодирзаминӣ ва зеҳни сунъӣ сухан намуд.
Шералӣ Кабир гуфт, ки ки Муколамаи «C5+1» оид ба масоили канданиҳои фоиданоки муҳими стратегӣ имкониятҳои васеъро барои барқарор намудани муносибатҳои шарикӣ ва рушди соҳаи канданиҳои фоиданоки муҳими стратегӣ фароҳам меорад.
«Канданиҳои фоиданоки муҳими стратегӣ ба яке аз захираҳои калидӣ барои иқтисоди ҷаҳонӣ ва рушди технологӣ табдил меёбанд. Тоҷикистон омода аст, ки якҷоя бо ширкатҳои пешбари байналмилалӣ коркарди металлҳои нодирзаминиро ба роҳ монад. Мо на танҳо ба истихроҷи ашёи хом, балки ба ташкили истеҳсолоти муштарак, ҷорӣ намудани технологияҳои нав, омода намудани мутахассисон ва рушди ҳамкории илмӣ низ ҳавасманд мебошем»,-афзуд вазир.
Аз рӯи натиҷаҳои Муколамаи «C5+1» ва мулоқотҳо, тарафҳо таваҷҷуҳи худро ба рушди ҳамкории бисёрҷонибаи мутақобила ва амалӣ намудани лоиҳаҳои муштараки саноатию инфрасохторӣ тасдиқ намуданд.
АКС: Вазорати саноат ва технологияҳои нави Ҷумҳурии Тоҷикистон








Байни Тоҷикистон ва Қазоқистон Харитаи роҳ оид ба тақвияти минбаъдаи ҳамкорӣ дар соҳаи кишоварзӣ ба имзо расид
Дар Мамнуъгоҳи давлатии «Зоркӯл» камераҳои аксбардории худкор насб карда шуданд
Дар ноҳияи Данғара татбиқи технологияҳои инноватсионии парвариши зироат дар заминҳои лалмӣ баррасӣ гардид
Дар Душанбе картошкаи калонтарин ба намоиш-фурӯш гузошта шуд
Байни Тоҷикистон ва Қазоқистон Созишномаи қолабӣ оид ба ҳамкорӣ дар самти таҳвили маҳсулоти нафтӣ ба имзо расид
Ҳайати Тоҷикистон дар Конфронси ваколатдори Иттиҳоди байналмилалии телекоммуникатсия иштирок дорад
Дар Душанбе форум ва конфронси байналмилалии зиддикоррупсионӣ доир мегарданд
Ҳаҷми умумии қарзҳои додашуда дар Тоҷикистон 25,5 фоиз зиёд гардидааст
Ширкатҳои Тоҷикистон ҳамкориро бо соҳибкорони Ҷопон таҳким мебахшанд
Байни Тоҷикистон ва Қазоқистон Созишнома дар бораи ҳамкории иттилоотӣ дар соҳаи таъминоти нафақа ба имзо расид
Вазири энергетика ва захираҳои оби Тоҷикистон бо лоиҳаҳои рақамикунонии ширкати «KEGOC»-и Қазоқистон шинос шуд
Байни Тоҷикистон ва Қазоқистон дар самти муқовимат ба коррупсия Ёддошти тафоҳум оид ба ҳамкорӣ ба имзо расонида шуд






