Соли 2030 дар ҳудуди Тоҷикистон баруйхатгирии аҳолӣ ва фонди манзил гузаронида мешавад

Июнь 10, 2026 08:29

ДУШАНБЕ, 10.06.2026 /АМИТ «Ховар»/. Дар асоси моддаи 4-и  Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи барӯйхатгирии аҳолӣ», бо мақсади ба даст овардани маълумот оид ба шумора ва ҷойгиршавии аҳолӣ дар ҳудуди Ҷумҳурии Тоҷикистон, барои таҳияи дурнамоҳои давлатӣ, консепсияҳо, стратегияҳо, барномаҳои рушди иҷтимоию иқтисодии ҷумҳурӣ ва ҷараёнҳои демографӣ бо фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 1 то 31 октябри соли 2030 дар ҳудуди Ҷумҳурии Тоҷикистон баруйхатгирии аҳолӣ ва фонди манзил гузаронида мешавад, хабар медиҳад АМИТ «Ховар».

Барӯйхатгирии аҳолӣ дар ҳама давлатҳо на камтар аз як маротиба дар даҳ сол ё ҳангоми баруйхатгирии навбатии аҳолии ҷаҳон гузаронида мешавад.

Барӯйхатгирии аҳолӣ яке аз муҳимтарин чорабиниҳои давлатӣ маҳсуб ёфта, барои муайян намудани шумораи аҳолӣ, таркиби он, шароити зиндагӣ, сатҳи маълумотнокӣ ва шуғли мардум мусоидат мекунад.

Инчунин, барои таҳияи барномаҳои давлатӣ, тақсимоти буҷет, беҳтар намудани сатҳи зиндагии аҳолӣ ва рушди ояндаи кишвар аҳаммияти муҳим дошта, барои ба даст овардани тасвири дақиқи зиндагии аҳолии кишвар мусоидат мекунад.

Ташкили тайёрӣ, баргузории барӯйхатгирӣ, коркард, ҷамъбаст, нашри натиҷаҳои барӯйхатгирии аҳолӣ ва фонди манзил ба зиммаи Агентии омори назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон вогузор гардида, маблағгузории он аз ҳисоби буҷети давлатӣ барои солҳои 2026-2033 ва дигар сарчашмаҳо пешбинӣ гардидааст.

Вазорату идораҳо, мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатӣ вазифадор шудаанд, ки барои босифат ва сари вақт гузаронидани чорабинии мазкур ба мақомоти омор ёрии ҳаматарафа расонанд.

Июнь 10, 2026 08:29

Хабарҳои дигари ин бахш

Татбиқи лоиҳаи «Барқарорсозии зерсистемаи системаи ВМК-и канали Қумсангир» ба 95 фоиз расид
ЗИМИСТОНГУЗАРОНӢ. Дар Сангвор ситоди ноҳиявӣ оид ба омодагии пурра ба фаслҳои тирамоҳу зимистон таъсис ёфтааст
Дар Москва конгресси 5-уми миллӣ дар соҳаи тиб доир гардид
Дар Ҳисор бахшида ба 32-солагии қабули Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон конференсия доир шуд
Оид ба Конститутсия ва ҷойгоҳи он дар танзими муносибатҳои идоракунии давлатӣ ҳамоиши ҷумҳуриявӣ доир шуд
«КОНСТИТУТСИЯ-КАФИЛИ АДОЛАТИ СУДӢ». Дар Суди Олии иқтисодии Тоҷикистон ҳамоиш доир гардид
Муассисаи «Шабакаи гармидиҳии шаҳри Душанбе»: «Муштариён метавонанд барои ҳалли мушкилот ба рақами кӯтоҳи 14-44 занг зананд»
Доир ба саҳми академик Муҳаммадҷони Шакурӣ дар рушди илму адаб конференсияи илмӣ баргузор шуд
«КОНСТИТУТСИЯ–ПОЙДОРИИ ДАВЛАТИ ҲУҚУҚБУНЁД». Таҳти чунин унвон конференсияи ҷумҳуриявӣ доир гардид
Роҳҳои баланд бардоштани ҳосилнокии зироатро дар шаҳри Кӯлоб баррасӣ намуданд
Дар мавзуи «Конститутсия ва таъмини ҳуқуқ ба озодии эътиқод» конференсияи ҷумҳуриявӣ доир шуд
Дар ҷаласаи Шурои ҷамъиятии Ҷумҳурии Тоҷикистон механизмҳои нави ҳимояи ҳуқуқи муҳоҷирони меҳнатӣ баррасӣ гардид