СОЛИ ОБОДОНИВУ СОЗАНДАГӢ. Муассисаи давлатии мактаби варзишии шаҳри Истаравшан таъмир гардид

Июнь 10, 2026 18:20

ДУШАНБЕ, 10.06.2026 /АМИТ «Ховар»/. Бо мақсади беҳтар гардонидани шароити таълим ва тамрин Муассисаи давлатии мактаби варзишии №1-и шаҳри Истаравшан аз таъмири ҷорӣ бароварда шуд. Дар ин хусус АМИТ «Ховар» бо истинод ба Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Истаравшан хабар медиҳад.

Дар толори варзишӣ барои варзишгарон шароити хуб фароҳам оварда шуда, аз ҷумла ҷойи ивазкунии либос, маъмурият, утоқи кории мураббиён, толор барои машқу тамрин ва дигар иншооти ёрирасон ба маблағи 123 ҳазор сомонӣ таъмир карда шуд.

Ҳамчунин дастпарвари ҳамин муассиса Амирҷон Обидӣ, ки дар Чемпионати Осиё оид ба гӯштини тарзи юнонӣ-румӣ байни наврасони U-17 дар вазни 65 кг сазовори ҷои сеюм гардида буд, бо туҳфаи Раиси шаҳри Истаравшан қадрдонӣ шуд.

Инчунин корҳои сохтмонӣ дар ҳавзи шиноварӣ идома дошта, ба масъулин барои тақвияти корҳо дастур дода шуд.

АКС: Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри шаҳри Истаравшан

Июнь 10, 2026 18:20

Хабарҳои дигари ин бахш

Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон дар ноҳияи Деваштич муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии №70-ро мавриди баҳрабардорӣ қарор доданд
Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон дар ноҳияи Деваштич корхонаи коркарди меваю сабзавот ва истеҳсоли афшураи ҶДММ «Витаминҳои Тоҷикистон»-ро мавриди баҳрабардорӣ қарор доданд
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон ба таври фосилавӣ дар шаҳри Истаравшан 12 иншоотро мавриди истифода қарор доданд
Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон дар шаҳри Истаравшан бинои маҷмааи миллии соҳибкории «Роҳи Абрешим»-ро мавриди истифода қарор доданд
Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон дар ноҳияи Шаҳристон дар Иди картошка иштирок намуданд
Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон дар ноҳияи Шаҳристон барои бунёди 2 корхона санги асос гузоштанд
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон дар ноҳияи Шаҳристон муассисаи таълимии хусусии литсейи «Идрок»-ро ифтитоҳ намуданд
Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон ба таври фосилавӣ дар ноҳияҳои Шаҳристон ва Айнӣ 9 иншоотро мавриди истифода қарор доданд
Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон дар ноҳияи Шаҳристон муассисаи таҳсилоти томактабии хусусии «Ғунчаи баҳор»-ро ба истифода доданд
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон ба таври фосилавӣ як иншоот дар ноҳияи Бобоҷон Ғафуров ва 13 иншоот дар шаҳри Конибодомро мавриди истифода қарор доданд
Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон дар ноҳияи Бобоҷон Ғафуров корхонаи коркарди меваю сабзавот, истеҳсоли нӯшокиҳои ташнагишикан ва афшураҳои мевагии ҶДММ «Сирдарё»-ро ба истифода доданд
Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон бинои кумитаи иҷроияи Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистонро дар вилояти Суғд мавриди баҳрабардорӣ қарор доданд