Соли равон аз Тоҷикистон қариб 37 ҳазор тонна меваи хушк содирот гардидааст

Июнь 30, 2026 15:40

ДУШАНБЕ, 30.06.2026 /АМИТ «Ховар»/. Дар панҷ моҳи соли 2026 аз Ҷумҳурии Тоҷикистон ба хориҷи мамлакат наздик ба 37 ҳазор тонна меваи хушк содирот карда шуд, ки беш аз 11 ҳазор тоннаашро зардолуи хушк ташкил медиҳад. Инчунин дар ин давра 1200 тонна зардолуи тар содирод карда шудааст. Дар ин хусус ба АМИТ «Ховар» аз Вазорати кишоварзии Ҷумҳурии Тоҷикистон иттилоъ доданд.

Соли 2025 аз мамлакат ба хориҷ 104 ҳазор тонна меваи хушк содирот шуд, ки аз он 31 ҳазор тоннааш зардолу мебошад. Инчунин дар давоми соли 2025 ба миқдори 6,5 ҳазор тонна зардолуи тар содирот гардидаст.

Бояд гуфт, ки бинобар боло рафтани арзиши зардолуи хушк дар бозорҳои хориҷӣ, сол аз сол содироти он афзоиш ёфтааст. Аз нигоҳи иқтисодӣ содироти маҳсулоти хушк барои захира ва нигоҳдорӣ ва баланд арзёбӣ гардидани арзиши он бартарият дорад.

Содироти маҳсулоти кишоварзӣ ба рушди иқтисодиёти мамлакат мусоидат намуда, барои таъсиси ҷойҳои нави корӣ ва ҷалби сармоя ба болоравии сатҳи зиндагии аҳолӣ таъсир мегузорад.

Тавре қаблан иттилоъ дода будем,  дар мамлакат лоиҳаи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи дастгирии содирот» таҳия карда шуд. Қабули қонун дар оянда барои пешбурди содирот, ҳавасмандгардонии ҳамаҷонибаи содироти маҳсулоти ниҳоӣ ва иштирок дар занҷираҳои арзиши иловашуда дар минтақа, баланд бардоштани ҷолибияти сармоягузорӣ ба соҳаҳои ба содирот нигаронида, дарёфти бозорҳои нав, дарёфти роҳҳои такмили инфрасохтори нақлиётӣ ва логистикӣ мусоидат менамояд.

Инчунин бо Қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон моҳи ноябри соли 2025 «Барномаи давлатии рушди содироти Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2026-2030» тасдиқ гардид.

АКС: АМИТ «Ховар»

Июнь 30, 2026 15:40

Хабарҳои дигари ин бахш

Лоиҳаҳои афзалиятноки инфрасохтори нақлиётии Тоҷикистон дар «Paris InfraWeek 2026» муаррифӣ гардиданд
Дар Душанбе оид ба афзалияти иқлимии Тоҷикистон дар остонаи COP31 ва муаррифии NDC 3.0 ҳамоиш доир шуд
Ҳайати Тоҷикистон дар Форуми дуюми Тян-шон оид ба ҳамкории иқтисодӣ дар Осиёи Марказӣ иштирок намуд
Дар Левакант ҷамъоварии ҳосили пахта беш аз 100 фоиз таъмин гардид
Ҷараёни иҷрои Стратегияи Ҷумҳурии Тоҷикистон дар соҳаҳои илм, технология ва инноватсия барои давраи то соли 2030 баррасӣ шуд
Сулаймон Зиёзода бо ҷамъоварии ҳосили пахта дар ноҳияи Ҷаббор Расулов шинос шуд
Вазорати нақлиёти Тоҷикистон барои навсозии роҳи «Балҷувон-Сари Хосор» бо ширкати чинӣ қарордод ба имзо расонид
Гардиши савдои хориҷии Тоҷикистон беш аз 35 фоиз афзоиш ёфтааст
Дар Душанбе ҷалби сармояи мустақими Саудӣ ба иқтисодиёти Тоҷикистон баррасӣ гардид
Дар Тоҷикистон ҳаҷми истеҳсоли маҳсулоти кишоварзӣ 8,5 фоиз афзоиш ёфтааст
Корхонаи воҳиди давлатии «Почтаи Тоҷикистон» фаъолияташро дар шакли муосир ба роҳ мондааст
Дар Тоҷикистон 1028 гармхонаи доимамалкунанда мавҷуд аст