Таҳкими ҳамкорӣ дар самти рушди ғизои мактабӣ бо намояндагони Барномаи озуқавории ҷаҳонии СММ баррасӣ гардид
ДУШАНБЕ, 06.06.2026 /АМИТ «Ховар»/. 5 июн дар мулоқоти Раиси Кумита оид ба таҳсилоти ибтидоӣ ва миёнаи касбии назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Фарҳод Раҳимӣ ва намояндагони Барномаи озуқавории ҷаҳонии Созмони Милали Муттаҳид дар Тоҷикистон масъалаҳои таҳкими ҳамкорӣ дар самти рушди ғизои мактабӣ, омода намудани кадрҳои касбӣ ва беҳтар намудани шароити таълим дар муассисаҳои таҳсилоти ибтидоии касбӣ мавриди баррасӣ қарор дода шуданд. Дар ин хусус ба АМИТ «Ховар» аз Кумита оид ба таҳсилоти ибтидоӣ ва миёнаи касбӣ хабар доданд.
Фарҳод Раҳимӣ иброз дошт, ки ҳамкории кумита бо Барномаи озуқавории ҷаҳонии Созмони Милали Муттаҳид дар доираи татбиқи «Барномаи давлатии рушди устувори ғизои мактабӣ барои солҳои 2022–2027» сол аз сол густариш ёфта, барои баланд бардоштани сатҳи хизматрасонӣ ва таъмини муассисаҳои таълимӣ бо кадрҳои баландихтисос заминаи мусоид фароҳам овардааст.
Дар доираи Ёддошти тафоҳум байни Кумита оид ба таҳсилоти ибтидоӣ ва миёнаи касбӣ ва Барномаи озуқавории ҷаҳонии Созмони Милали Муттаҳид дар Тоҷикистон, дар ҳамкорӣ бо Пажуҳишгоҳи ғизои соҳавии Федератсияи Русия дар заминаи Литсейи касбии техникии саноати нассоҷии шаҳри Душанбе корҳои бунёди ошхона ва лабораторияҳои намунавии ихтисосҳои ошпазию қаннодӣ бо муваффақият ба анҷом расид. Минбаъд дар ин муассиса аз рӯи ихтисосҳои «Ошпаз», «Қаннод», «Ошпази таомҳои миллӣ» ва «Ошпази таомҳои хориҷӣ» мутахассисон омода карда мешаванд. Корҳои таъмиру навсозӣ ва муҷаҳҳазгардонии ошхона пурра анҷом ёфта, он дар рӯзҳои наздик мавриди истифода қарор дода мешавад.
Ҳамчунин намояндагони Барномаи озуқавории ҷаҳонии Созмони Милали Муттаҳид дар Тоҷикистон изҳор доштанд, ки дар оянда дар назди ду муассисаи таҳсилоти ибтидоии касбӣ дар вилоятҳои Суғду Хатлон низ чунин ошхонаҳои муосир бунёд гардида, бо тамоми таҷҳизоти зарурӣ таъмин карда мешаванд. Ин тадбир барои густариши низоми тайёр намудани мутахассисони соҳаи хӯроки умумӣ ва баланд бардоштани сатҳи ғизои мактабӣ дар минтақаҳои мамлакат мусоидат хоҳад намуд.
Дар идомаи мулоқот таъкид гардид, ки аз ҷониби Барномаи озуқавории ҷаҳонии Созмони Милали Муттаҳид модули таълимӣ ва стандартҳои нави ихтисоси «Ошпаз» таҳия шудаанд, ки минбаъд дар муассисаҳои таҳсилоти ибтидоии касбии ҷумҳурӣ мавриди омӯзиш қарор мегиранд.
Дар фарҷоми вохӯрӣ ҳамсуҳбатон омодагии худро барои таҳкими ҳамкории минбаъда ва татбиқи лоиҳаҳои муштарак дар самти рушди таҳсилоти касбӣ ва ғизои мактабӣ изҳор намуда, чунин ҳамкориро барои рушди соҳа муҳим арзёбӣ карданд.
АКС: Кумита оид ба таҳсилоти ибтидоӣ ва миёнаи касбии назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон








«КОНСТИТУТСИЯ-КАФИЛИ АДОЛАТИ СУДӢ». Дар Суди Олии иқтисодии Тоҷикистон ҳамоиш доир гардид
Муассисаи «Шабакаи гармидиҳии шаҳри Душанбе»: «Муштариён метавонанд барои ҳалли мушкилот ба рақами кӯтоҳи 14-44 занг зананд»
Доир ба саҳми академик Муҳаммадҷони Шакурӣ дар рушди илму адаб конференсияи илмӣ баргузор шуд
«КОНСТИТУТСИЯ–ПОЙДОРИИ ДАВЛАТИ ҲУҚУҚБУНЁД». Таҳти чунин унвон конференсияи ҷумҳуриявӣ доир гардид
Роҳҳои баланд бардоштани ҳосилнокии зироатро дар шаҳри Кӯлоб баррасӣ намуданд
Дар мавзуи «Конститутсия ва таъмини ҳуқуқ ба озодии эътиқод» конференсияи ҷумҳуриявӣ доир шуд
Дар ҷаласаи Шурои ҷамъиятии Ҷумҳурии Тоҷикистон механизмҳои нави ҳимояи ҳуқуқи муҳоҷирони меҳнатӣ баррасӣ гардид
Бахшида ба Рӯзи Конститутсия дар Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Суғд ҳамоиш доир шуд
Дар ноҳияи Данғара нақшаи ҷамъоварии пахта 100 фоиз иҷро гардид
Дар ноҳияи Деваштич иншооти гуногуни иҷтимоӣ ба истифода дода шуданд
Дар Академияи идоракунии давлатӣ оид ба нақши Конститутсия дар таъмини баробарии гендерӣ ҳамоиш доир шуд
Дар роҳи Душанбе–Чаноқ хатҳои уфуқӣ аз нав кашида мешаванд






