ТАҚВИМИ АМИТ «ХОВАР»: имрӯз 1 июн, душанбе, 152-юмин рӯзи соли 2026 аст

Июнь 1, 2026 08:00

1 июни соли 2009 Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон «Дар бораи таҷлили зодрӯзи Мавлоно Ҷалолиддини Балхӣ» фармон имзо намуданд, ки пас аз он дар Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳар сол 30 сентябр чун Рӯзи Мавлоно таҷлил карда мешавад.

***

1 июни соли 2012 сафари Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Ҷумҳурии Мардумии Чин аз музофоти Фуҷиан, ки дар ҷанубу шарқи ин кишвар қарор дорад, оғоз ёфт. Пешвои миллат дар он ҷо бо мири (котиби кумитаи ҳизбии) шаҳри Сямэн Лю Кесин мулоқот намуданд. Дар вохӯрӣ масоили ташкил ва густариши ҳамкории Тоҷикистон бо ин шаҳри бузургу бостонии кишвари Чин баррасӣ карда шуд.

***

Дар ин рӯзи соли 2014 Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба  боғи «15-солагии истиқлоли Тоҷикистон», ки бунёдаш 18 феврали соли 2006 бо иштироки Сарвари давлат оғоз ёфта буд, ташриф оварданд. Ин боғи 450-гектарӣ пурра ба ҳосил омада, аз он ҳазорон нафар ризқи фарох ҳосил мекунанд.

1 ИЮН:

 Рӯзи  ҷаҳонии муҳофизати  кӯдакон.

***

Дар Тоҷикистон — Рӯзи кормандони мақомоти  назорати маводи нашъаовар

***

Рӯзи ҷаҳонии волидон

РӮЙДОДҲО:

1 июни соли 2010 маросими ботантанаи ба истифода додани бинои нави Муассисаи давлатии «Маркази миллии тавонбахшии кӯдакони маъюб «Чорбоғ» дар ноҳияи Варзоб»  баргузор гардид. Барои бунёди бинои мазкур аз ҷониби Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон 800 ҳазор сомонӣ ҷудо гардид.

***

1 июни соли 2010 дар қароргоҳи Конфедератсияи футболи Осиё дар шаҳри Куала Лумпури Малайзия  рӯйхати дастаҳои футболе, ки дар бозиҳои олимпии Лондон-2012 иштирок мекарданд, ба тасвиб расид. Ба он  34 дастаи футболбозон, аз ҷумла дастаи миллии Тоҷикистон низ дохил шуд.

***

1 июни соли 2011 Парлумони Тоҷикистон лоиҳаи Қонуни ҶТ «Дар бораи Палатаи ҳисоби Ҷумҳурии Тоҷикистон»-ро ба тасвиб расонид.

***

Дар ин рӯзи соли 2016 дар Филармонияи давлатии Тоҷикистон ба номи Акашариф Ҷӯраев ба муносибати 25-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон даври ниҳоии фестивал-озмуни чумҳуриявии «Тараннуми истиқлол» баргузор гардид.

***

1 июни соли 2018 дар шаҳри Душанбе таҳти раёсати Сарвазири мамлакат Қоҳир Расулзода ҷаласаи Шурои сарони ҳукуматҳо-сарвазирони кишварҳои аъзои Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил доир гардид.

***

1 июни соли 1869 бақайдгирандаи электронии  овоздиҳӣ ихтироъ карда шуд.

***

1 июни соли 1935 дар Англия барои гирифтани шаҳодатномаи ронандагӣ ва рақами автомобил имтиҳон ҷорӣ карда шуд.

ИНЧУНИН ДАР ИН РӮЗ…

Соли 1858 дар Канада аввалин танга истеҳсол карда шуд.

***

Соли 1938 аввалин шумораи маҷаллаи ҳаҷвии «Action Comics» нашр шуд.

Июнь 1, 2026 08:00

Хабарҳои дигари ин бахш