ТАҚВИМИ АМИТ «ХОВАР»: имрӯз 11 июн, панҷшанбе, 162-умин рӯзи соли 2026 аст
11 июни соли 2021 Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва Президенти Ҷумҳурии Узбекистон муҳтарам Шавкат Мирзиёев бо мавзеи Баҳри Тоҷик, ки обанбори Неругоҳи барқи обии «Қайроққум» ба ҳисоб маравад, шинос шуданд.
***
Дар ин рӯзи соли 2021 Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва Президенти Ҷумҳурии Узбекистон муҳтарам Шавкат Мирзиёев дар Қасри таърихии Арбоб бо аҳли зиё ва фаъолони вилояти Суғд мулоқот намуданд.
***
11 июни соли 2009 дар шаҳри Тошканд-пойтахти Узбекистон ҷаласаи навбатии Федератсияи самбои Осиёи Марказӣ баргузор гардид. Дар он Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон Президенти фахрии Федератсияи самбои Осиёи Марказӣ интихоб гардиданд.
***
11 июни соли 2014 Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ҳисоботи раисони ноҳияҳои Панҷ, Қумсангир, Қубодиён, Шаҳритус, Носири Хусрав, Ҷилликул, Ҷалолиддини Румӣ, Вахш ва Бохтарро оид ба ҷараёни ҷамъоварии ғалладона, меваю сабзавот ва содироти онҳо, инчунин вазъи иҷрои буҷети ин ноҳияҳоро дар давоми панҷ моҳи соли 2014 шуниданд.
***
Дар ин рӯзи соли 2017 Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо Дабири кулли Созмони Милали Муттаҳид Антониу Гутерриш мулоқот намуданд. Дар мулоқот барои саҳмгузории муштарак дар татбиқи Рӯзномаи ҷаҳонии рушд то соли 2030 ва Стратегияи миллии рушди Тоҷикистон барои давраи то соли 2030, ки дар ҳамкорӣ бо Барномаи рушди Созмони Милали Муттаҳид таҳия ва қабул шудааст, фикру мулоҳизаҳои судманд баён гардид.
РӮЙДОДҲО:
11 июни соли 2009 дар шаҳри Душанбе 4-умин намоиш-ярмаркаи байналмилалии саноати сабук ««ИнтерЛегПром-2009» доир шуд.
***
11 июни соли 2010 дар пойтахти Узбекистон- шаҳри Тошканд ҷаласаи Созмони ҳамкории Шанхай баргузор гардид.
***
11 июни соли 2010 дар Тоҷикистон ташкилоти журналистии «Афкори ҷомеа» таъсис дода шуд.
***
11 июни соли 2014 Бонки ҷаҳонӣ стратегияи нави ҳамкории худро бо Тоҷикистон ба тасвиб расонид.
***
Дар ин рӯзи соли 1898 дар Чин аз оғоз шудани «сад рӯзи ислоҳот» хабар дода шуд.
***
11 июни соли 1918 Вазири ҳарбии Германия, генерал Штайн эълон намуд, ки Германия аллакай дар ҷанги якуми ҷаҳон ғалаба ба даст овард.
***
Дар ин рӯзи соли 1973 дар Ливия оид ба милликунонии ширкатҳои нафти Амрико эълон паҳн шуд.
***
Соли 1638 дар Канада аввалин маротиба заминларза ба қайд гирифта шудааст.
***
Соли 2007 шумораи панҷоҳҳазорумини рӯзномаи «The Guardian» нашр шуд.








ТАҚВИМИ АМИТ «ХОВАР»: имрӯз 10 июн, чоршанбе, 161-умин рӯзи соли 2026 аст






