ТАҚВИМИ АМИТ «ХОВАР»: имрӯз 14 июн, якшанбе, 165-умин рӯзи соли 2026 аст

Июнь 14, 2026 08:00

14 июни соли 2018 Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар маросими ифтитоҳи Чемпионати ҷаҳон оид ба футбол — 2018 дар шаҳри Москваи Федератсияи Русия иштирок карданд.

***

14 июни соли 2011 дар шаҳри Остонаи Ҷумҳурии Қазоқистон масъалаҳои ҳамкории Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҷопон дар мулоқоти хоссаи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва муовини президенти Агентии Ҷопон оид ба масъалаҳои ҳамкории байналмилалӣ (JICA) Киёшки Кодер баррасӣ гардиданд.

***

14 июни соли 2011 дар мулоқоти Сарвари давлат  муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо Раиси вақти Ҷумҳурии Мардумии Чин Ху Ҷинтао масоили ҳамкории гуногунҷанбаи ду ҷумҳурӣ баррасӣ шуд.

***

Дар ин рӯзи  соли 2012 Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба машқгоҳи ҳарбии Чоруқдарони вилояти Суғд сафар карда, рафти машқҳои байналмилалии Қувваҳои Мусаллаҳи кишварҳои аъзои Созмони ҳамкории Шанхайро бевосита назорат карданд.

14 ИЮН:

Рӯзи байналмилалии блогнависон.

***

Рӯзи байналмилалии донорҳои хун.

РӮЙДОДҲО:

14 июни соли 2000 дар Душанбе ҷаласаи байнидавлатии Шурои сарони давлатҳои Ҷомеаи иқтисодии Осиёи Марказӣ баргузор гардид.

***

14 июни соли 2001 дар шаҳри Шанхайи Ҷумҳурии Мардумии Чин нишасти шашуми «Панҷгонаи Шанхай» баргузор гардид. Дар ҷараёни  нишаст Баёния дар бораи  табдил додани «Панҷгонаи Шанхай» ба Созмони ҳамкории Шанхай, инчунин пешниҳод дар бораи ба узвияти Созмони ҳамкории Шанхай қабул намудани Ҷумҳурии Узбекистон ба имзо расид.

***

14 июни соли 2010 Парлумони Тоҷикистон лоиҳаи Қонуни конститутсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи ворид намудани тағйирот ба Қонуни конститутсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон»-ро муҳокима намуд.

***

14 июни соли 2014 дар Ҷумҳурии Тоҷикистон Мусобиқаи кушоди Осиё оид ба муҳорибаҳои гуногун баргузор шуд.

***

Соли 1938 дар Амрико хлорофилл (моддаи сабзе, ки ба растанӣ ранги сабз мебахшад) ихтироъ шуд.

Июнь 14, 2026 08:00

Хабарҳои дигари ин бахш