ТАҚВИМИ АМИТ «ХОВАР»: имрӯз 20 июн, шанбе, 171-умин рӯзи соли 2026 аст

Июнь 20, 2026 08:00

20 июни соли 2025 Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва Раиси Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, Раиси шаҳри Душанбе муҳтарам Рустами Эмомалӣ дар кӯчаи Ҷалол Икромии пойтахт бинои нави маъмурии Корхонаи воҳиди давлатии «Шаҳри ҳушманд»-ро мавриди истифода қарор доданд.

***

Дар ин рӯзи  соли 2025 Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва Раиси Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, Раиси шаҳри Душанбе муҳтарам Рустами Эмомалӣ дар кӯчаи Маҳмадалӣ Қурбонови ноҳияи Исмоили Сомонии пойтахт Муассисаи таҳсилоти томактабии «Дурахшон»-ро мавриди истифода қарор доданд.

***

20 июни соли 2025 Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон  муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва Раиси Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, Раиси шаҳри Душанбе муҳтарам Рустами Эмомалӣ дар ҳудуди шаҳраки донишҷӯён Маркази ташхису табобат ва таълими Донишгоҳи миллии Тоҷикистонро мавриди истифода қарор доданд.

***

20 июни соли 2024 Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба 35 қонун, аз ҷумла қонунҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи танзими ҷашну маросим дар Ҷумҳурии Тоҷикистон», «Дар бораи масъулият барои таълиму тарбияи кӯдак», «Дар бораи Донишгоҳи миллии Тоҷикистон», «Дар бораи нишондиҳандаҳо барои ҳисобҳо» имзо гузоштанд.

***

Дар ин рӯзи соли 2023 Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар семинар-машварати занбӯриасалпарварӣ дар ноҳияи Ховалинги вилояти Хатлон иштирок ва суханронӣ намуданд.

***

20 июни соли 2012  Сарвари давлат  муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар чорабинии якҷояи ЮНЕСКО ва механизми «СММ-Об» оид ба масоили Соли байналмилалии ҳамкорӣ дар соҳаи об, ки дар шаҳри Рио-де-Жанейрои Бразилия баргузор шуд, иштирок ва суханронӣ карданд.

***

Дар ин рӯзи соли 2013 дар шаҳри Душанбе Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо Мири шаҳри Сямени Ҷумҳурии Мардумии Чин Лю Кэтсин доир ба роҳҳои гуногуни ташкил ва густариши ҳамкорӣ, иштирок дар татбиқи лоиҳаҳои омодаи сармоягузорӣ дар Тоҷикистон ва дигар мавзуъҳо суҳбат намуданд.

***

20 июни соли 2011 Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон вазирони маорифи Иттиҳоди Давлатҳои Мустақилро, ки барои иштирок дар ҷаласаи навбатии Шурои вазирони Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил ба Душанбе ташриф оварда буданд, ба ҳузур пазируфтанд.

***

20 июни соли 2025  Раиси Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, Раиси шаҳри Душанбе муҳтарам Рустами Эмомалӣ дар кӯчаи Лоиқ Шералии пойтахт бинои шуъбаи Вазорати корҳои дохилӣ дар ноҳияи Исмоили Сомониро мавриди истифода қарор доданд.

***

20 июни соли 2025 Раиси Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, Раиси шаҳри Душанбе муҳтарам Рустами Эмомалӣ роҳи мошингарди кӯчаи Бухоро пайваст ба кӯчаи Ҳабибулло Назаровро мавриди истифода қарор доданд.

20 ИЮН:

 Рўзи байналмилалии паноҳандагон.

РӮЙДОДҲО:

20 июни соли 2008 дар шаҳри Душанбе  Сафорати Ҷумҳурии Корея ифтитоҳ ёфт.

***

20 июни соли 2011 дар пойтахти Тоҷикистон — шаҳри Душанбе Конференсияи вазирони маорифи кишварҳои узви Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил ба анҷом расид.

***

20 июни соли 2018 дар Душанбе Конфронси дурӯзаи байналмилалии сатҳи баланд оид ба Даҳсолаи байналмилалии амал «Об барои рушди устувор, 2018-2028» кори худро оғоз намуд.

ИНЧУНИН ДАР ИН РӮЗ…

20 июни соли 1881 дар Нижний Новгород аввалин маротиба дар таърихи Русия алоқаи телефонӣ ба роҳ монда шуд.

***

20 июни соли 1933 дар Иттиҳоди Шуравӣ Прокуратураи генералӣ таъсис дода шуд.

***

 Соли 1954 дастаи футболи Олмон дастаи Швейтсарияро бо ҳисоби  8:3 мағлуб кард, ки ин бозӣ дар Чемпионати ҷаҳон оид ба футбол ҳамчун рекорди таърихӣ ном бурда мешавад.

Июнь 20, 2026 08:00

Хабарҳои дигари ин бахш