ТАҚВИМИ АМИТ «ХОВАР»: имрӯз 22 июн, душанбе, 173-юмин рӯзи соли 2026 аст
22 июни соли 2025 ба муносибати ҷашни Тиргон паёми шодбошии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон пешниҳод гардид.
***
Дар ин рӯзи соли 2023 Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон ба якчанд қонунҳо, аз ҷумла «Дар бораи Палатаи ҳисоби Ҷумҳурии Тоҷикистон», «Дар бораи низоми иҷозатдиҳӣ», «Дар бораи таъмини ченаки ягона» , «Дар бораи алоқаи барқӣ» ва «Дар бораи иштироки шаҳрвандон дар таъмини тартиботи ҷамъиятӣ» имзо гузоштанд.
***
14 сол пеш, 22 июни соли 2012 дар шаҳри Рио-де-Жанейрои Бразилия дар доираи иштирок дар Конференсияи Рио+20 Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон ва Мудири кулли Ташкилоти Созмони Милали Муттаҳид оид ба маориф, илм ва фарҳанг (ЮНЕСКО) Ирина Бокова мулоқот анҷом доданд. Бо ибрози ҳавасмандии ҷониби Тоҷикистон ба тавсеаи минбаъдаи робитаҳо бо ЮНЕСКО Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон диққати ҳамсуҳбатро ба масъалаи ташкил кардани Экспедитсияи сеюми байналмилалии геофизикӣ ба кӯҳҳои Помири Тоҷикистон барои омӯзиши ҳолати кунунии пиряхҳо ва тамоюлҳои тағйирёбии таркиби онҳо ҷалб намуданд.
***
Дар ин рӯзи соли 2014 Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо нахустин сафари давлатӣ вориди шаҳри Куала-Лумпур- пойтахти Малайзия шуда, бо Подшоҳи Малайзия волоҳазрат Абдулҳалим Муаззам ва Сарвазири ин давлат Наҷиб Абдураззоқ мулоқот карданд.
***
24 сол қабл, 22 июни соли 2002 Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар бораи ҷудо намудани маблағ барои тадқиқоти археологӣ фармоиш имзо карданд.
РӮЙДОДҲО:
22 июни соли соли 2003 дар Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба ворид намудани тағйиру иловаҳо ба Конститутсия раъйпурсии умумихалқӣ гузаронида шуд.
***
22 июни соли 2011 масоили дуҷонибаи ҳамкории Тоҷикистон ва Созмони Шартномаи Атлантикаи Шимолӣ (НАТО) дар доираи Барномаи «Ҳамкорӣ ба хотири сулҳ» баррасӣ гардиданд.
***
22 июни соли 2016 дар пойтахти Узбекистон – шаҳри Тошканд вохӯрии 13-уми вазирони фарҳанги давлатҳои аъзои Созмони ҳамкории Шанхай баргузор гардид.
ИНЧУНИН ДАР ИН РӮЗ…
Соли 1889 дар Олмон аввалин маротиба дар Аврупо нафақаи пиронсолӣ ҷорӣ карда шуд.
***
Соли 2001 роҳбарияти ширкати «БМВ» тамғаи нави автомобили «БМВ Х-7»-ро муаррифӣ кард.
***
Соли 1976 Парлумони Канада ҳукми қатлро дар ин мамлакат бекор намуд.
***
Соли 1857 дар Лондон аввалин рӯзномаи мухолифин бо забони русӣ бо номи «Колокол» нашр шуд.
***
Соли 1984 киштии калонтарин дар олам- «Абдул- Азиз», ки барои шоҳи Арабистони Саудӣ сохта шуда буд, дар об ба ҳаракат даромад. Он 147 метр дарозӣ ва зиёда аз 100 миллион доллари амрикоӣ арзиш дошт.








ТАҚВИМИ АМИТ «ХОВАР»: имрӯз 21 июн, якшанбе, 172-юмин рӯзи соли 2026 аст
Тавзеҳот ба фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон






