ТАҚВИМИ АМИТ «ХОВАР»: имрӯз 23 июн, сешанбе, 174-умин рӯзи соли 2026 аст

Июнь 23, 2026 08:00

23 июни соли 2025 Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон Мушовири Девони Амири Давлати Қатар Холид ибни Муҳаммад Ал-Аттияро ба ҳузур пазируфтанд. Дар мулоқот масоили вобаста ба густариши робитаҳои ду давлат баррасӣ шуд.

***

Дар ин рӯзи соли 2021 Сарвари давлат  муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо Президенти Узбекистон Шавкат Мирзиёев суҳбати телефонӣ доир намуданд.

***

16 сол пеш, 23 июни соли 2010  Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон барои иштирок дар тантанаҳои идона бахшида Рӯзи Ваҳдати миллӣ ва шиносоии наздик бо вазъи зиндагии мардум ба Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон сафар карданд.

***

23 июни соли 2013 Амири Давлати Кувайт шайх Сабоҳ Алаҳмад Алҷобир Ассабоҳ Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмонро бо олитарин мукофоти давлатии худ- ордени «Муборак Алкабир» сарфароз намуд. Инчунин аз ҷониби Сарвари давлати Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон шайх Сабоҳ Алаҳмад Алҷобир Ассабоҳ бо ордени «Исмоили Сомонӣ дараҷаи I» сарфароз гардонида шуд.

***

Дар ин рӯзи соли 2014 дар Қасри Подшоҳи Малайзия дар мулоқоти Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва Подшоҳи ин давлат волоҳазрат Абдулҳалим Муаззам ҷанбаҳои гуногуни муносибатҳои Тоҷикистону Малайзия баррасӣ карда шуданд.

23 ИЮН:

Рӯзи байналмилалии олимпӣ.

***

Рӯзи хизматчиёни давлатии Созмони Милали Муттаҳид.

РӮЙДОДҲО:

23 июни соли 2004 Парлумони Тоҷикистон ба Кодекси андози Ҷумҳурии Тоҷикистон тағйирот ворид намуд, ки тибқи он воситаҳои ахбори оммаи чопӣ   барои нашр ва паҳн намудани ахбор  аз  андоз аз арзиши иловашуда озод карда шуданд.

***

23 июни соли 2014 дар Малайзия Ёддошти тафоҳум байни Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҳукумати Малайзия оид ба машваратҳои дуҷониба ба имзо расид.

***

23 июни соли 2014 дар шаҳри Хуҷанди вилояти Суғд вохӯрии шашуми коршиносони Хадамоти сарҳадбонии мақомоти салоҳиятдори кашварҳои аъзои Созмони ҳамкории Шанхай баргузор гардида буд.

ИНЧУНИН ДАР ИН РӮЗ…

Соли 1860 Хадамоти махфии Амрико таъсис дода шудааст. Дар оғози фаъолият хадамот танҳо оид ба мубориза бар зидди долларҳои қалбакӣ фаъолият мекардааст.

***

Соли 1897 бар асари оташфишонии дарозтарин вулқони Майон дар Филиппин зиёда аз 400 нафар ба ҳалокат расиданд.

***

Соли 1902 Австро-Венгрия, Олмон ва Италия барои 12 сол Иттифоқи сегона барқарор карданд.

***

Соли 1985 бар асари таркиши бомба дар дохили ҳавопаймои «Боинг-747»-и ширкати «Эр-Индия» зиёда аз 329 нафар ба ҳалокат расиданд. «Боинг-747» дар уқёнуси Атлантик дар наздикии Ирландия суқут кард.

***

 Соли 1976 дар Торонто (Канада) аз ҳама манораи баландтарини ҷаҳон бо дарозии 550 метр кушода шуд.

***

Соли 1998 аввалин маротиба дар ҷаҳон аз як кас ба каси дигар гузаронидани ҳуҷайраҳои мағзи сари инсон ба қайд гирифта шудааст.

Июнь 23, 2026 08:00

Хабарҳои дигари ин бахш