ТАҚВИМИ АМИТ «ХОВАР»: имрӯз 7 июн, якшанбе, 158-умин рӯзи соли 2026 аст

Июнь 7, 2026 08:00

7 июни соли 2025 суҳбати телефонии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо Сарвазири Ҷумҳурии Исломии Покистон муҳтарам Шаҳбоз Шариф доир гардид.

***

7 июни соли 2021  Сарвари давлат  муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар ноҳияи Нуробод бо лоиҳаи бунёди роҳи мошингарди Роғун— Обигарм —Нуробод шинос гардиданд. Пешвои миллат  пас аз шиносоии пурра бо ҷараёни татбиқи лоиҳа дар ҳамин ҷо бо бардоштани парда аз болои санги рамзӣ ба корҳои сохтмони роҳи мошингарди Роғун — Обигарм — Нуробод расман оғоз бахшиданд.

***

7 июни соли 2010 Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон муовини дабири кулли Созмони Милали Муттаҳид Ша Тсу Канро, ки барои иштирок дар Конфронси байналмилалии сатҳи баланд оид ба масоили об ба шаҳри Душанбе ташриф оварда буд, ба ҳузур пазируфтанд. Дар мулоқот масоили ҳамгироии Тоҷикистон бо ин созмони бонуфузи ҷаҳонӣ дар самту соҳаҳои гуногун, аз ҷумла, татбиқи ташаббусҳои глобалии ҷумҳурии мо оид ба масоили об ва Ҳадафҳои рушди ҳазорсола баррасӣ гардид.

***

7 июни соли 2012 Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон Президенти созмони «Саус-Саус Нюс» Франсис Лорензоро ба ҳузур пазируфтанд. Мавзуи асосии суҳбат бо Президенти созмони «Саус-Саус Нюс»  ҳамкорӣ дар татбиқи Ҳадафҳои рушди ҳазорсола буд.

***

Дар ин рӯзи соли 2017 Парлумони Тоҷикистон Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи танзим, анъана ва ҷашну маросимҳо дар Ҷумҳурии Тоҷикистон»-ро қабул намуд.

7 ИЮН:

Рӯзи ҷаҳонии бехатарии озуқаворӣ

***

Дар Тоҷикистон — Рӯзи кормандони соҳаи савдо, хизмати маишӣ ва хоҷагии манзилию коммуналӣ

***

Дар Туркманистон- Рӯзи кормандони саноати нассоҷӣ

***

Дар Аргентина –Рӯзи журналист

***

Дар Қирғизистон — Рӯзи кормандони молиявӣ ва иқтисодӣ.

РӮЙДОДҲО:

7 июни соли 2022 дар пойтахти Тоҷикистон-шаҳри Душанбе Конфронси дуюми байналмилалии сатҳи баланд бахшида ба Даҳсолаи байналмилалии амал «Об барои рушди устувор, солҳои 2018-2028» таҳти унвони «Пешбурди амал ва шарикӣ дар соҳаи захираҳои об дар сатҳҳои маҳаллӣ, миллӣ, минтақавӣ ва ҷаҳонӣ» оғоз гардид.

***

Дар ин рӯзи соли 2024 таҳти раёсати Сарвазири Ҷумҳурии Тоҷикистон Қоҳир Расулзода ҷаласаи Кумитаи тадорукоти Конференсияи сеюми байналмилалии сатҳи баланд оид ба татбиқи «Даҳсолаи байналмилалии амал «Об барои рушди устувор, солҳои 2018-2028»  баргузор гардид.

***

 7 июни соли 2017 дар ноҳияи  Мурғоби Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон Фестивали байналмилалии «Ҷоми латофат-2017» баргузор гардид, ки дар он 18 гурӯҳ аз мамлакатҳои Осиёи Марказӣ иштирок намуданд.

***

7 июни соли 1692 дар пойтахи Ямайка- Порт-Роял заминҷунбӣ ва вулқон  ба амал омад, ки дар натиҷа зиёда аз 3 ҳазор нафар ба ҳалокат расиданд.

***

Дар ин рӯзи соли 1775 Колонияи Муттаҳида ба Иёлоти Муттаҳида тағйири ном кард.

***

7 июни соли 1903 дар Берлин олими франсуз Кюри оид ба кашфи як унсури нави кимиёвӣ-полония хабар дода буд.

***

 7 июни соли 1924 ҳавопаймои Фаронса аввалин маротиба дар ҷаҳон интиқоли аспҳоро анҷом дод.

***

Соли 1919 дар Ню-Йорк аввалин маротиба барои гирифтани ҳуҷҷати ронандагӣ санҷиши хаттӣ гузаронида шуд.

***

Соли 1965 ширкати SONY аввалин видеомагнитофони хонагиро пешниҳод кард, ки он 20 кг вазн ва 1000 доллари америкоӣ нарх дошт.

Июнь 7, 2026 08:00

Хабарҳои дигари ин бахш