ТАҚВИМИ АМИТ «ХОВАР»: имрӯз 9 июн, сешанбе, 160-умин рӯзи соли 2026 аст
9 июни соли 2025 Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар шаҳри Нитсаи Фаронса дар Конфронси Созмони Милали Муттаҳид оид ба уқёнус иштирок ва суханронӣ намуданд.
***
9 июни соли 2025 Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар шаҳри Нитса дар ҳошияи Конфронси сеюми Созмони Милали Муттаҳид оид ба уқёнус бо Президенти Ҷумҳурии Фаронса Эммануэл Макрон мулоқот намуданд.
***
9 июни соли 2025 Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар шаҳри Нитсаи Фаронса дар ҳошияи Конфронси Созмони Милали Муттаҳид оид ба уқёнус бо Сарвазири Шоҳигарии Камбоҷа муҳтарам Ҳун Манет мулоқот намуданд.
***
9 июни соли 2011 Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон аз натиҷаҳои музокироти расмии ҳайати Тоҷикистон ва Австрия ба намояндагони воситаҳои ахбори омма изҳороти матбуотӣ доданд.
***
Дар ин рӯзи соли 2015 Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар ҳошияи Конфронси байналмилалии сатҳи баланд доир ба раванди татбиқи амалии Даҳсолаи байналмилалии амалиёти «Об барои ҳаёт» дар солҳои 2005-2015 бо Дабири кулли Созмони Милали Муттаҳид Пан Ги Мун мулоқот намуданд. Дар вохӯрӣ масоили вобаста ба ҳамкории бисёрпаҳлуи Тоҷикистону Созмони Милали Муттаҳид баррасӣ шуданд.
9 ИЮН:
Рӯзи байналмилалии аккредитатсия.
***
Рӯзи байналмилалии дӯстон.
***
Рӯзи байналмилалии бойгонӣ.
РӮЙДОДҲО:
9 июни соли 2015 дар «Кохи Сомон»-и Бӯстонсарои шаҳрии Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Конфронси байналмилалии сатҳи баланд оид ба раванди татбиқи амалии Даҳсолаи байналмилалии амалиёти «Об барои ҳаёт» дар солҳои 2005-2015 баргузор гардид. Хотиррасон бояд намуд, ки барои иштирок дар ин конфронс беш аз 1500 нафар аз зиёда аз 100 давлати ҷаҳон ва даҳҳо созмонҳои байналмилалию минтақавӣ ба Тоҷикистон ташриф оварда буданд.
***
9 июни соли 2012 мусобиқаи футбол байни дастаҳои «Хайр» (Ваҳдат) ва «Вахш» (Бохтар) дар дақиқаи 55-ум бо сабаби боридани борони пуршиддат ва жола боздошта шуд. Аз сабаби он, ки дар он вақт майдонро жола пӯшонида буд, довари майдон Диловаршоҳ Орзуев бозиро боздошт. Ҳисоби бозӣ то он вақт кушода нашуда буд.
***
9 июни соли 2013 Федератсияи футболи Тоҷикистон (ФФТ) дар шахси президенти он Рустами Эмомалӣ ва Ассотсиатсияи футболи Ҷопон (АФЯ) дар шахси муовини президенти он Козо Ташимӣ Ёддошти тафоҳум имзо намуданд.
***
Дар ин рӯзи соли 1956 дар заминҷунбие, ки дар Афғонистон ба вуқӯъ омад, зиёда аз 400 нафар ба ҳалокат расиданд.
***
9 июни соли 1978 китоби Библияи Гутенбег дар музояда ба маблағи 2,4 миллион доллар фурӯхта шуд.
***
9 июни соли 1994 Президенти Қазоқистон Нурсултон Назарбоев эълон кард, ки пойтахти ин кишвар аз Алма-Ато ба Акмолу (Селиноград) кӯчонида шавад.
***
Соли 1994 Шурои амнияти Созмони Милали Муттаҳид қувваҳои сулҳҷӯёнаи худро ба Ҷумҳурии Раунда равон кард.








ТАҚВИМИ АМИТ «ХОВАР»: имрӯз 13 июн, шанбе, 164-умин рӯзи соли 2026 аст






