Табибони тоҷик дар Туркия малакаи касбиии худро такмил медиҳанд

Июнь 10, 2026 18:40

ДУШАНБЕ, 10.06.2026 /АМИТ «Ховар»/. 8 июн табибони тоҷик дар Ҷумҳурии Туркия ба такмили ихтисос оғоз намуданд, ки он то 12 июн идома меёбад. Зимни машғулиятҳои омӯзишӣ онҳо арзёбии саривақтии вазъи эпидемиологӣ ва дигар масъалаҳои соҳаи тандурустиро мавриди баррасӣ қарор медиҳанд.

Тавре аз Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон ба АМИТ «Ховар» хабар доданд, табибони ду давлат доир ба аҳамияти таҳкими омодагӣ ва ҳамоҳангсозии сохторҳои дахлдор дар ҳолатҳои хуруҷи бемориҳои сироятӣ мубодилаи афкор намуданд.

Инчунин дар вохӯрии табибон ба масъалаҳои ҳамоҳангсозии фаъолияти хадамоти назоратӣ, лабораторӣ ва клиникӣ, мубодилаи иттилоот ва муайян намудани мушкилоту монеаҳои мавҷуда диққати махсус зоҳир намуданд. Дар натиҷаи муҳокимаҳо пешниҳодҳо ва тавсияҳои амалӣ барои такмили низоми миллии омодагӣ ва вокуниш ба бемориҳои сироятӣ таҳия карда шуданд.

Мавриди тазаккур аст, ки дар доираи ҳамкории​ мутақобилан судманди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон бо давлатҳои ҷаҳон табибони тоҷик донишу малакаи касбии худро дар хориҷа такмил медиҳанд. Он баро рушди иқтидори мутахассисон ва таҳкими низоми амнияти тандурустии ҷамъиятӣ мусоидат хоҳад намуд.

АКС: Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон

Июнь 10, 2026 18:40

Хабарҳои дигари ин бахш

Дар ҷаласаи Шурои ҷамъиятии Ҷумҳурии Тоҷикистон механизмҳои нави ҳимояи ҳуқуқи муҳоҷирони меҳнатӣ баррасӣ гардид
Бахшида ба Рӯзи Конститутсия дар Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Суғд ҳамоиш доир шуд
Дар ноҳияи Данғара нақшаи ҷамъоварии пахта 100 фоиз иҷро гардид
Дар ноҳияи Деваштич иншооти гуногуни иҷтимоӣ ба истифода дода шуданд
Дар Академияи идоракунии давлатӣ оид ба нақши Конститутсия дар таъмини баробарии гендерӣ ҳамоиш доир шуд
Дар роҳи Душанбе–Чаноқ хатҳои уфуқӣ аз нав кашида мешаванд
Дар ноҳияи Шоҳмансури шаҳри Душанбе кӯдакистони «Парасту» ифтитоҳ гардид
Дар Донишгоҳи давлатии тиббии Тоҷикистон доир ба зеҳни сунъӣ ва тандурустии рақамӣ конференсия доир гардид
Дар Донишгоҳи давлатии Бохтар оид ба истифодаи усулҳои гармофизикӣ конференсияи байналмилалӣ баргузор гардид
САЛОМАТИИ ҶОМЕА — САРВАТИ МИЛЛАТ. Истифодаи никотин ба рушди майна ва қобилияти омӯзиш таъсири манфӣ расонад
Ҳайати Тоҷикистон дар ҷаласаи 76-уми Кумитаи минтақавии аврупоии Созмони ҷаҳонии тандурустӣ иштирок намуд
Форуми дувоздаҳуми миллӣ оид ба волоияти қонун дар Ҷумҳурии Тоҷикистон баргузор гардид