ТАЪТИЛИ БОФАРОҒАТ. Имсол 1000 нафар кӯдаку наврас ба истироҳатгоҳи беруназшаҳрии «Зимчуруд» ҷалб мегарданд
ДУШАНБЕ, 14.06.2026 /АМИТ «Ховар»/. Истироҳатгоҳи беруназшаҳрии «Зимчуруд» воқеъ дар ноҳияи Варзоб ба фаъолият оғоз намуд. Дар басти якуми он 250 нафар кӯдакону наврасони ноҳияи Шоҳмансур ба истироҳат ва солимгардонӣ фаро гирифта мешаванд. Дар ин хусус ба АМИТ «Ховар» аз шуъбаи маорифи ноҳияи Шоҳмансур хабар доданд.
Ба иттилои манбаъ, дар истироҳатгоҳи беруназшаҳрии «Зимчуруд» дар мавсими имсола барои фарогирии 1000 нафар кӯдаку наврас шароит муҳайё гардидааст. Дар басти якуми истироҳатгоҳ дар баробари хонандагони муассисаҳои таълимии ноҳияи Шоҳмансур, инчунин қариб 40 нафар тарбиятгирандаи мактаб-интернатҳои ҳудуди шаҳри Душанбе низ ба истироҳату солимгардонӣ фаро гирифта шудаанд.
Ба истироҳатгоҳ, пеш аз ҳама кӯдакони ятиму бепарастор, кӯдакони аз оилаҳои эҳтиёҷманд, инчунин хонандагони фаъол, ғолибони олимпиадаҳо, озмунҳо ва мусобиқаҳои гуногуни ҷумҳуриявию шаҳрӣ аз муассисаҳои таълимии ҳудуди ноҳияи Шоҳмансур сафарбар карда мешаванд. Синну соли кӯдакони фарогирифташуда аз 7 то 14 сола муайян шудааст.
Дар асоси қарори дахлдори Раиси шаҳри Душанбе, дар истироҳатгоҳи «Зимчуруд» барои кӯдакон тамоми шароити зарурӣ, аз ҷумла барномаҳои фарҳангӣ, варзишӣ, маърифатӣ ва тарбиявӣ муҳайё гардида, онҳо метавонанд дар муҳити солим ва бехатар истироҳат намуда, вақти худро самаранок сипарӣ намоянд.
Тавре дар суҳбат бо хабарнигори АМИТ «Ховар» сардори шуъбаи маорифи ноҳия Асомиддин Бобозода иброз дошт, истироҳати кӯдакону наврасон дар ҳар як баст 10 рӯзи ройгонро ташкил медиҳад. Мақсад аз он ҷалби кӯдакону наврасон ба сайёҳиву солимгардонӣ ва тарбияи ватандӯстиву завқи зебоипарастӣ мебошад.
Ҳамсуҳбати мо иброз дошт, ки «давоми соли хониш кӯдакону наврасон бесаброна таътили тобистонаро мунтазир мешаванд ва ҳар падару модар пешакӣ бояд босамар ва шавқовар гузаронидани ин давраро барои фарзандон тарҳрезӣ намояд. Онҳо нагузоранд, ки хонандагон вақти худро давоми се моҳ дар пеши телевизор ва ё бо телефонҳои мобилӣ гузаронанд. Дар ин син бачаҳо бояд истироҳати муфид намоянд».
«Дар давраи таътил кӯдаку наврасон бояд реҷаи муайян ва барномарезишуда дошта бошанд, зеро онҳо тамоми сол ба реҷаи қатъии рӯз одат кардаанд. Агар кӯдак давоми таътил вақти холиро барномарезӣ накунад, аз моҳи сентябр дубора ба мактаб одат карданаш душвор мешавад. Ҳамчунин бачаҳо як муддат аз волидайн бояд дур бошанд, то мустақил буданро омӯзанд»,-афзуд ҳамсуҳбати мо.
Фароҳам овардани шароити мусоид барои истироҳат, солимгардонӣ ва рушди ҳамаҷонибаи кӯдакону наврасон яке аз самтҳои муҳими сиёсати иҷтимоии давлат ва Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ба ҳисоб меравад.
Зарангези ЛАТИФ,
АМИТ «Ховар»
АКС: шуъбаи маорифи ноҳияи Шоҳмансур








ОГОҲӢ. То 13 ноябр дар Тоҷикистон ҳавои номусоид пешгӯӣ мешавад
Татбиқи лоиҳаи «Барқарорсозии зерсистемаи системаи ВМК-и канали Қумсангир» ба 95 фоиз расид
ЗИМИСТОНГУЗАРОНӢ. Дар Сангвор ситоди ноҳиявӣ оид ба омодагии пурра ба фаслҳои тирамоҳу зимистон таъсис ёфтааст
Дар Москва конгресси 5-уми миллӣ дар соҳаи тиб доир гардид
Дар Ҳисор бахшида ба 32-солагии қабули Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон конференсия доир шуд
Оид ба Конститутсия ва ҷойгоҳи он дар танзими муносибатҳои идоракунии давлатӣ ҳамоиши ҷумҳуриявӣ доир шуд
«КОНСТИТУТСИЯ-КАФИЛИ АДОЛАТИ СУДӢ». Дар Суди Олии иқтисодии Тоҷикистон ҳамоиш доир гардид
Муассисаи «Шабакаи гармидиҳии шаҳри Душанбе»: «Муштариён метавонанд барои ҳалли мушкилот ба рақами кӯтоҳи 14-44 занг зананд»
Доир ба саҳми академик Муҳаммадҷони Шакурӣ дар рушди илму адаб конференсияи илмӣ баргузор шуд
«КОНСТИТУТСИЯ–ПОЙДОРИИ ДАВЛАТИ ҲУҚУҚБУНЁД». Таҳти чунин унвон конференсияи ҷумҳуриявӣ доир гардид
Роҳҳои баланд бардоштани ҳосилнокии зироатро дар шаҳри Кӯлоб баррасӣ намуданд
Дар мавзуи «Конститутсия ва таъмини ҳуқуқ ба озодии эътиқод» конференсияи ҷумҳуриявӣ доир шуд






