Тоҷикистон дар панҷ моҳи соли 2026 чӣ қадар маҳсулоти кишоварзӣ ба хориҷӣ мамлакат содирот намуд?

Июнь 16, 2026 15:44

ДУШАНБЕ, 16.06.2026 /АМИТ «Ховар»/. То моҳи июни соли равон аз Ҷумҳурии Тоҷикистон ба хориҷи мамлакат 56265 тонна маҳсулоти кишоварзӣ ба маблағи 32,2 миллион доллари амрикоӣ содирот гардид. Ин нишондиҳанда нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта аз рӯи маблағ 5,6 миллион доллар афзудааст. Дар ин хусус АМИТ «Ховар» бо истинод ба Вазорати кишоварзии Ҷумҳурии Тоҷикистон хабар медиҳад.

Маҳсулоти содиротгардида сабзавот, меваи тару тоза ва хушк, полезӣ, растаниҳои равғандиҳанда ва моҳиро ташкил медиҳад. Ҳамчунин дар ин давра 3121 тонна орд ба маблағи 1,2 миллон доллар ва нахи пахта 39,6 ҳазор тонна ба маблағи 61,9 миллион доллар содирот карда шудааст.

Тибқи нишондодҳои оморӣ, ҳаҷми умумии истеҳсоли маҳсулоти кишоварзӣ дар панҷ моҳи соли 2026 ба 11,7 миллиард сомонӣ расид, ки нисбат ба соли 2025 107,5 фоиз ё 8,1 миллион сомонӣ зиёд мебошад. Истеҳсоли маҳсулоти растанипарварӣ 3,8 миллиард сомонӣ ва маҳсулоти чорвопарварӣ 7,9 миллиард сомониро ташкил медиҳад. Истеҳсоли ғалладонагиҳо 91,1 ҳазор тонна, картошка 47,7 ҳазор тонна, сабзавот 300 ҳазор тонна, пиёз 162 ҳазор тонна, зироати полезӣ 51 ҳазор тонна, меваҷот 46,5 ҳазор тонна, гӯшт 103,7 ҳазор тонна, аз он гӯшти паранда (17,9 ҳазор тонна), шир 340 ҳазор тонна, тухм 515,8 миллион дона истеҳсол карда шудааст.

Таъкид гардид, ки татбиқи босамари барномаҳои давлатӣ ва дастгирии пайвастаи Ҳукумати мамлакат, соҳаи кишоварзӣ ба заминаи боэътимоди таъмини амнияти озуқаворӣ ва омили калидии рушди сатҳу сифати зиндагии мардум табдил ёфтааст.

Тавре қаблан иттилоъ додем, соли 2025 аз Ҷумҳурии Тоҷикистон ба хориҷи мамлакат 190 ҳазору 508 тонна маҳсулоти кишоварзӣ ба маблағи 79,2 миллион доллари Иёлоти Муттаҳидаи Амрико содирот гардид. Ин нишондиҳанда нисбат ба ҳамин давраи соли 2024 аз рӯи ҳаҷм 13,5 фоиз (22 683 тонна) ва аз рӯи маблағ 39,7 фоиз (22,5 миллион доллар) афзуда, аз афзоиши сифат ва арзиши маҳсулоти кишоварзӣ шаҳодат медиҳад.

Маҳсулоти кишоварзии мамлакат ба 26 давлат содирот шуда, 89 фоизи он ба кишварҳои Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил ва 11 фоиз ба давлатҳои хориҷи дур рост меояд.

Соли 2026 тамоюли афзоиши содироти маҳсулоти аз ҷиҳати экологӣ тозаи Тоҷикистон ба таъсиси бренди миллии баландрақобат ва баромадан ба бозорҳои боэътимоди ҷаҳонӣ нигаронида шуд. Ин иқдом на танҳо боиси афзоиши арзиши иловашуда гардид, балки рушди устувори иқтисоди «сабз»-ро низ дар минтақаҳои кишоварзии ҷумҳурӣ тақвият бахшид.

АКС аз манбаъҳои боз

Июнь 16, 2026 15:44

Хабарҳои дигари ин бахш

Ҳайати Тоҷикистон дар Форуми дуюми Тян-шон оид ба ҳамкории иқтисодӣ дар Осиёи Марказӣ иштирок намуд
Дар Левакант ҷамъоварии ҳосили пахта беш аз 100 фоиз таъмин гардид
Ҷараёни иҷрои Стратегияи Ҷумҳурии Тоҷикистон дар соҳаҳои илм, технология ва инноватсия барои давраи то соли 2030 баррасӣ шуд
Сулаймон Зиёзода бо ҷамъоварии ҳосили пахта дар ноҳияи Ҷаббор Расулов шинос шуд
Вазорати нақлиёти Тоҷикистон барои навсозии роҳи «Балҷувон-Сари Хосор» бо ширкати чинӣ қарордод ба имзо расонид
Гардиши савдои хориҷии Тоҷикистон беш аз 35 фоиз афзоиш ёфтааст
Дар Душанбе ҷалби сармояи мустақими Саудӣ ба иқтисодиёти Тоҷикистон баррасӣ гардид
Дар Тоҷикистон ҳаҷми истеҳсоли маҳсулоти кишоварзӣ 8,5 фоиз афзоиш ёфтааст
Корхонаи воҳиди давлатии «Почтаи Тоҷикистон» фаъолияташро дар шакли муосир ба роҳ мондааст
Дар Тоҷикистон 1028 гармхонаи доимамалкунанда мавҷуд аст
Дар ноҳияи Ҷайҳун ҷамъоварии сабзӣ идома дорад
МАВСИМИ ХУРМО ФАРО РАСИД. Аз истеъмоли ин мева барои саломатӣ истифода бояд бурд