«ВАҲДАТИ МИЛЛӢ — АСОСИ ШУКУФОИИ ВАТАН». Таҳти ин унвон конференсияи ҷумҳуриявӣ баргузор шуд

Июнь 23, 2026 14:30

ДУШАНБЕ, 23.06.2026 /АМИТ «Ховар»/. Имрӯз дар шаҳри Душанбе бо ташаббуси Кумитаи  кор бо занон ва оилаи назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон таҳти унвони «Ваҳдати миллӣ — асоси шукуфоии Ватан» конференсияи ҷумҳуриявӣ баргузор гардид.

Тавре мухбири АМИТ «Ховар» хабар медиҳад, дар кори конференсия мушовири бахши Ёрдамчии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба масъалаҳои рушди иҷтимоӣ ва робита бо ҷомеа Шуҳрат Азиззода,  ходимони давлатӣ, намояндагони вазорату идораҳо, ташкилоту муассисаҳои олии мамлакат ва иштирокчиёни корвони таблиғотию ташвиқотии «Навои модарони ваҳдатсаро» иштирок намуданд.

Мушовири бахши Ёрдамчии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба масъалаҳои рушди иҷтимоӣ ва робита бо ҷомеа Шуҳрат Азиззода баён намуд, ки маҳз бо шарофати сиёсати хирадмандонаи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва неруи тавонои миллати тоҷик дар  ҷумҳурӣ  сулҳу оромӣ, ҳамдигарфаҳмӣ ва ягонагии миллӣ устувор гардида, мардуми шарафманди Тоҷикистон дар фазои сулҳу суботи ҳамешагӣ умр ба сар бурда истодаанд. Маҳз Ваҳдати миллӣ ҳамчун омили асосии пешрафти давлат барои амалишавии ҳадафҳои стратегии давлат ва беҳтар гардидани сатҳи зиндагии мардум мусоидат намуд.

Раиси Кумитаи кор бо занон ва оилаи назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Бунафша Файзиддинзода иброз дошт, ки таърихи ҳар қавму миллат бо гузашти солҳо рӯйдодҳои муҳиму тақдирсозеро сабт менамояд, ки метавонанд барои халқу миллат фоҷиабор ва ё бахшандаи саодату иқбол бошанд. Натиҷаи оғозу анҷоми чунин рӯйдодҳою пайомадҳо муайянкунандаи сарнавишту тақдири минбаъдаи халқу миллатанд. Чунин саҳифаи заррин барои миллати тоҷик рӯзи ба имзо расидани Созишномаи умумии истиқрори сулҳ ва ризоияти миллӣ дар Тоҷикистон  мебошад, ки имрӯз мардуми тоҷик 29-умин солгард ин ҷашни миллиро таҷлил намуда истодаанд.

Таъкид шуд, ки дар он солҳои пурошӯби ҷанги шаҳрвандӣ барои аз вартаи нестию парокандагӣ эмин нигоҳ доштани давлату миллат, барқарор кардани оромию субот занону модарони дилогоҳу равшанзамири тоҷик корвони сулҳро таъсис доданд. Онҳо ҷон ба каф баробари мардон ба мавзеъҳои ҷангзадаю харобгардида сафар намуда, сиёсати сулҳҷӯёнаи Ҳукумати мамлакат ва Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмонро тарғибу ҷонибдорӣ намуданд.

Дар ин масир Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон зимни суханронӣ дар Анҷумани сеюми иттиҳодияҳои занон ва созмонҳои ғайриҳукуматии занони ҷумҳурӣ 26 апрели соли 1997 ба нақш ва мавқеи басо муҳими занон дар ба даст овардани сулҳу оромии ҷомеа баҳои баланд дода, иброз доштанд, ки «дар лаҳзаҳои сӯзони муқовимат занони тоҷик бе тарсу ҳарос байни тарафҳои даргир даромада, бо панду насиҳат ва суханони пурмеҳру самимӣ оташи ҷаҳлу ғазабро хомӯш мекарданд».

Гуфта шуд, ки дар ин замина тайи чанд сол мешавад, ки  бо ибтикори Кумитаи кор бо занон ва оилаи назди Ҳукумати Ҷумиҳурии Тоҷикистон бо иштироки занони собиқадору шинохтаи ҷумҳурӣ ва коргарзанони фаъоли вазорату идораҳои мамлакат дар байни аҳолӣ, хусусан занону духтарон ва ҷавонон оид ба саҳм гузоштан дар рушди Ватан корҳои тарғиботию ташвиқотӣ гузаронида мешаванд.

Имсол низ корвони «Навои модарони ваҳдатсаро» аз 15 то 19 июн дар шаҳру ноҳияҳои Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон, вилоятҳои Суғду Хатлон бо мақсади ба ҳар як хонадон расонидани нидои ваҳдат, пиёда намудани сиёсати сулҳхоҳонаи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон бо сокинон ва сарбозони қисмҳои ҳарбӣ вохӯриҳо гузарониданд.

Корвони «Навои модарони ваҳдатсаро», ки дар шакли як ҳаракати ҷамъиятӣ–сиёсӣ ва фарҳангӣ фаъолият мекунад, бо мақсади ба ҳар як хонадон расонидани нидои ваҳдат, эҳтироми арзишҳои миллӣ, муқовимат ба ҳар гуна таҳдидҳои фарҳангию иҷтимоӣ ба руҳияи фарзандон таъсис ёфтааст. Он на танҳо як чорабинии расмӣ, балки ҳаракати иҷтимоӣ ва маънавии занону модаронест, ки ба ояндаи насли наврас бо диди гарм ва нияти нек менигарад.

«Мақсад аз ташкили корвони «Навои модарони ваҳдатсаро» дар он аст, ки мо занону модарон занҷираи иттиҳоду иттифоқи мардуми баору номуси Тоҷикистонро боз ҳам қавӣ намуда, сиёсати сулҳпарваронаи нобиғаи нотакрори миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмонро дар байни аҳолии минтақаҳои Тоҷикистон бо латофату назокат ва муҳаббату насиҳатҳои модаронаи худ танинандоз намоем»,–афзуд Бунафша Файзиддинзода.

Ҳамчунин зимни конфронс гуфта шуд, ки бо дарки муҳимият дастгирии қувваи бузурги ин қишри ҷомеа ҳамчун қувваи асосӣ, барои амалӣ намудани сиёсати иҷтимоӣ таввасути истифодаи неруи занон дар ташаккул пешрафти давлат, ҳифзи арзишҳои миллӣ яке аз самтҳои афзалиятноки давлату ҳукумати маҳсуб меёбад.

Дар охири конференсия ба аъзоёни корвони «Навои модарони ваҳдатсаро» Сипоснома ва туҳфаҳои хотиравӣ тақдим карда шуд.

Моҳинави НАВРӮЗ,
АМИТ «Ховар»

АКС: АМИТ «Ховар»

Июнь 23, 2026 14:30

Хабарҳои дигари ин бахш

ПУРСИДЕД, ҶАВОБ МЕДИҲЕМ. Дар кадом ҳолатҳо муҳоҷирон ба рӯйхати шахсони назоратшаванда ворид мешаванд?
Ҳамкории Маркази тадқиқоти стратегии Тоҷикистон бо Раёсати нашр ва паҳнкунии адабиёт бо забонҳои хориҷии Чин густариш меёбад
Таъсиси маркази касбомӯзӣ ва омӯзиши забонҳои арабӣ ва англисӣ барои муҳоҷирони меҳнатӣ баррасӣ шуд
Истифодаи барномаи «Амина» барои шаҳрвандони хориҷие, ки ба Русия бе раводид ворид мешаванд, ҳатмӣ мегардад
ТАВСИЯҲОИ МУФИД. Доир ба тарзи нави захира кардани меваҷоту сабзавот барои фасли зимистон
«ЭЪЛОМИЯИ ҲУҚУҚИ БАШАР». Таҳти чунин унвон ҳамоиши ҷумҳуриявӣ доир гардид
Китоби Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон таҳти унвони «Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон ва марҳилаҳои рушди Тоҷикистони соҳибистиқлол» рӯнамоӣ гардид
Дар Хадамоти иҷро оид ба татбиқи хизматрасониҳои электронӣ машварати омӯзишӣ доир гардид
Тақвияти ҳамкории Тоҷикистон ва Британияи Кабир дар соҳаи муҳоҷирати меҳнатии бехатар баррасӣ шуд
Дар фурудгоҳҳои байналмилалии Тоҷикистон оид ба муҳоҷирати меҳнатии қонунӣ ва бехатар корҳои фаҳмондадиҳӣ гузаронида шуданд
Дар Тоҷикистон Даҳаи дастгирии шири модар оғоз гардидааст
«ҲУҚУҚ БА САЛОМАТӢ». Таҳти чунин унвон озмуни байналмилалӣ доир мегардад