Вилояти Хатлон дар шаҳри Алмаатои Қазоқистон намоиш-фурӯши маҳсулоти кишоварзӣ ва ҳунарҳои мардумӣ баргузор менамояд
ДУШАНБЕ, 27.06.2026 /АМИТ «Ховар»/. 27-28 июни соли равон дар шаҳри Алмаатои Ҷумҳурии Қазоқистон Намоиш-фурӯши маҳсулоти кишоварзӣ ва ҳунарҳои мардумии вилояти Хатлон баргузор мешавад. Дар ин хусус АМИТ «Ховар» бо истинод ба Хадамоти матбуоти Раиси вилояти Хатлон хабар медиҳад.
Дар намоиш-фурӯш маҳсулоти гуногуни кишоварзии шаҳру ноҳияҳои вилоят, аз ҷумла пиёз, картошка, лаблабуи сурх, карам, шалғам, помидор, бодиринг, қаламфури булғорӣ, олу, гелос, шафтолу, себ, тарбуз, харбуза ва дигар навъҳои меваю сабзавот, инчунин меваҳои хушк ба намоиш ва фурӯш гузошта мешаванд.
Дар баробари ин, маҳсулоти саноатии корхонаҳои вилоят, ҳунарҳои мардумӣ ва маҳсулоти нонӣ пешниҳод мегардад. Ҳамзамон дар доираи намоиш-фурӯш баргузории чорабиниҳои фарҳангӣ бо иштироки ҳунармандони вилоят дар назар дошта шудааст.
Ёдовар мешавем, ки аз 26 то 28 августи соли 2023 Намоишгоҳ-ярмаркаи молу маҳсулоти саноатӣ, кишоварзӣ, ҳунарҳои мардумӣ ва таомҳои миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Ҷумҳурии Қазоқистон дар шаҳрҳои калони ин кишвар — Остона, Алмаато ва Шимкент баргузор гардиданд. Барои доир намудани намоишгоҳ наздики 3 ҳазор тонна молу маҳсулот аз Тоҷикистон тавассути зиёда аз 60 мошини боркаш ба шаҳрҳои Остона, Алмаато ва Чимкенти Қазоқистон интиқол дода шуданд.
Дар намоишгоҳ-ярмаркаи Тоҷикистон дар шаҳрҳои Остона, Алмаато ва Шимкенти Қазоқистон маҳсулоти кишоварзӣ, аз қабили полезиҳо, меваҷот, сабзавоти тару тоза, молҳои саноати хурокворӣ ба монандӣ нушокиҳои ташнашикан, машрубот, консерваҳо, маҳсулоти қаннодӣ, нассоҷӣ, қолинбофӣ ва ғайра пешниҳоди шаҳрвандони Қазоқистон гардиданд.
Баргузории намоиш-фурӯши маҳсулоти кишоварзӣ ва ҳунарҳои мардумии вилояти Хатлон дар шаҳри Алмаато ба густариши бозори содиротӣ, афзоиши ҳаҷми содироти маҳсулоти ватанӣ, ҷалби сармоя ва таҳкими муносибатҳои иқтисодию фарҳангии Тоҷикистону Қазоқистон мусоидат намуда, имкониятҳои фаровони вилоят дар арсаи байналмилалӣ муаррифӣ мегарданд.
АКС: АМИТ «Ховар»








Имконоти истеҳсолии корхонаи «Ҷавонӣ»-и вилояти Суғд васеъ карда мешавад
Намояндагони Вазорати нақлиёти Тоҷикистон бо таҷрибаи Корея дар самти роҳсозӣ шинос мегарданд
Дар Душанбе Форуми дуюми зиддикоррупсионӣ оғоз гардид
Масъалаҳои рушди ҳамкории Тоҷикистон ва Русия дар соҳаи энергетика баррасӣ гардиданд
Намояндаи Тоҷикистон дар Конфронси 30-юми ҷаҳонии сармоягузорӣ дар Женева иштирок кард
Тоҷикистон ва Қазоқистон дар соҳаи рушди низоми тиҷорати электронӣ ҳамкориро тақвият медиҳанд
Байни Тоҷикистон ва Арабистони Саудӣ дар самти муқовимат ба коррупсия Ёддошти тафоҳум оид ба ҳамкорӣ ба имзо расид
САРФАИ НЕРУИ БАРҚ МАСЪУЛИЯТИ АХЛОҚИИ ҲАР ЯК ШАҲРВАНД АСТ! Чанд тавсия дар Рӯзи байналмилалии сарфаи энергия
Дар Конфронси байналмилалии телекоммуникатсия се самти афзалиятноки рушди соҳаи алоқаи Тоҷикистон муаррифӣ гардид
РӮЗИ БАЙНАЛМИЛАЛИИ САРФАИ ЭНЕРГИЯ. Истифодаи самараноки неруи барқ яке аз ҳадафҳои муҳими Стратегияи миллии рушди Тоҷикистон аст
Тоҷикистон ва Қазоқистон ҳамкориро дар соҳаи зеҳни сунъӣ густариш медиҳанд
Идоракунии устувори захираҳои обҳои зеризаминӣ дар Тоҷикистон баррасӣ гардид






