35-СОЛАГИИ ИСТИҚЛОЛИ ДАВЛАТӢ. Қариб 3 километр роҳи деҳаи Шодмон яки шаҳри Турсунзода мумфарш карда шуд
ТУРСУНЗОДА, 12.07.2026 /АМИТ«Ховар»/. Ба ифтихори ҷашни 35-солагии Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон бо дастгирии Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Турсунзода ва саҳми сокинону соҳибкорони ватандӯст қариб 3 километр роҳи деҳаи Шодмон яки Ҷамоати деҳоти Навободи шаҳри Турсунзода, ки солҳои зиёд таъмиру асфалтпӯш нашуда буд, бо сифати баланд мумфарш карда шуд. Дар ин хусус ба хабарнигори АМИТ «Ховар» аз Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Турсунзода иттилоъ доданд.
Сокинони Ҷамоати деҳоти Навободи шаҳри Турсунзода барои дар сатҳи баланд истиқбол намудани ҷашни 35-солагии Истиқлоли давлатӣ мумфаршкунии роҳҳои дохили деҳаҳоро идома медиҳанд. То имрӯз дар ҳудуди ҷамоати деҳот 34 километр роҳҳои дохили деҳаҳо бо сифати баланд мумфарш гардидааст.
Ба истиқболи ҷашни бузурги миллӣ – 35-солагии Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар тамоми маҳалла ва деҳаҳои ҷамоатҳои шаҳраку деҳоти шаҳри Турсунзода корҳои ободонию созандагӣ ва мумфаршкунии роҳҳои дорои аҳамияти маҳаллӣ идома дорад. Сокинони шаҳри Турсунзода бо ҳисси баланди ватандӯстӣ дар ободу зебо намудани маҳалли зисташон саҳми арзанда гузошта, барои зиндагии шоистаи худу фарзандонашон шароити мусоид фароҳам меоранд.
АКС: Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Турсунзода








ИСТИҚЛОЛИ ДАВЛАТИИ ТОҶИКИСТОН-ЗАМИНАИ ҲИФЗУ ГУСТАРИШИ АРЗИШҲОИ МИЛЛӢ. Дар ҳошияи фармони Президенти Тоҷикистон «Дар бораи ҷашн гирифтани 40-солагии Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон»
Дар назди чор муассисаи таълимии шаҳри Ҳисор биноҳои иловагӣ сохта мешаванд
«БАРНОМАИ ДАВЛАТИИ РУШДИ МУАССИСАҲОИ СОҲАИ МАОРИФИ ВИЛОЯТИ ХАТЛОН». Дар доираи он бунёди 165 иншоот ба нақша гирифта шудааст
Хобгоҳи Коллеҷи омӯзгории шаҳри Ҳисор баъд аз навсозӣ ба истифода дода шуд
Дар ноҳияи Деваштич иншооти гуногуни иҷтимоӣ ба истифода дода шуданд
Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон ба таври фосилавӣ як қатор иншооти таъиноти гуногунро дар вилояти Суғд мавриди истифода қарор доданд
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон дар шаҳри Хуҷанд тарабхонаи «Форел Платинум»-ро мавриди истифода қарор доданд
Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон дар минтақаи озоди иқтисодии Суғд корхонаи нӯшокиҳои ташнагишикани ҶДММ «Райан»-ро ба истифода доданд
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон дар ноҳияи Деваштич муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии №70-ро мавриди баҳрабардорӣ қарор доданд
Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон дар ноҳияи Деваштич корхонаи коркарди меваю сабзавот ва истеҳсоли афшураи ҶДММ «Витаминҳои Тоҷикистон»-ро мавриди баҳрабардорӣ қарор доданд
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон ба таври фосилавӣ дар шаҳри Истаравшан 12 иншоотро мавриди истифода қарор доданд






