Дар нимсолаи якуми соли 2026 беш аз 40 баҳси шаҳрвандон бо ширкатҳои сохтмонӣ бо роҳи созиш ҳал гардид
ДУШАНБЕ, 22.07.2026 /АМИТ «Ховар»/. Дар шашмоҳаи якуми соли 2026 дар судҳои Тоҷикистон 72 парванда оид ба даъвои шаҳрвандон нисбат ба ширкатҳои сохтмонӣ доир ба ҷудо намудани саҳм дар сохтмон ва иҷрои уҳдадориҳои шартномавӣ баррасӣ гардид. Аз ин шумора 41 парванда бо роҳи созиши тарафҳо ҳал карда шуд. Дар ин хусус Раиси Суди Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон Рустам Мирзозода 21 июл зимни нишасти матбуотӣ ба хабарнигорон иттилоъ дод.
Рустам Мирзозода гуфт, ки дар давраи ҳисоботӣ инчунин дар истеҳсолоти судҳои шаҳру ноҳияҳои ҷумҳурӣ 145 парванда бо даъвои ширкатҳои сохтмонӣ нисбат ба шаҳрвандон оид ба кӯчонидан аз манзилҳои истиқоматӣ баррасӣ гардид. Аз шумораи умумии ин парвандаҳо 53 парванда бо қонеъ гардидани талаботи даъвогарон анҷом ёфта, 3 парванда бинобар беасос будани талаботи пешниҳодшуда рад гардид ва 83 парванда дар истеҳсолоти суд қатъ карда шудт.
«Яке аз самтҳои муҳими фаъолияти судҳо дар баррасии парвандаҳо фароҳам овардани замина барои ҳалли баҳсҳо бо роҳи мусолиҳа мебошад. Бо ҳамин мақсад ҳангоми омода намудани парванда ба муҳокимаи судӣ судяҳо ба талаботи қонунгузорӣ такя намуда, ба тарафҳо ҳуқуқу уҳдадориҳои онҳоро шарҳ медиҳанд ва имконияти бо роҳи созиш ҳал намудани баҳсро мефаҳмонанд»,–афзуд раиси Суди Олӣ.
Таъкид гардид, ки тибқи талаботи моддаҳои 176 ва 177 Кодекси мадании Ҷумҳурии Тоҷикистон, дар марҳилаи омода намудани парванда ба муҳокима яке аз вазифаҳои муҳими судя фаҳмонидани ҳуқуқу уҳдадориҳои иштирокчиёни мурофиа ва андешидани тадбирҳо барои мусоидат ба оштии тарафҳо мебошад.
Тавре Рустам Мирзозода шарҳ дод, қисми зиёди парвандаҳои қатъшуда натиҷаи ба созиш расидани тарафҳо, аз даъво даст кашидани даъвогарон ё дигар асосҳои пешбининамудаи қонунгузории мурофиавӣ мебошад. Ин ҳолатҳо асосан дар ҷараёни муҳокимаи судӣ ба вуқуъ пайваста, баъди ба мувофиқа расидани тарафҳо истеҳсолоти судӣ қатъ карда мешавад.
Бояд гуфт, ки масъалаи баҳсҳои марбут ба сохтмони манзил солҳои охир дар Тоҷикистон ба яке аз мавзуъҳои муҳими иҷтимоӣ табдил ёфтааст. Бо рушди босуръати шаҳрсозӣ, бунёди биноҳои бисёрошёна ва татбиқи лоиҳаҳои нави сохтмонӣ шумораи муносибатҳои ҳуқуқӣ байни ширкатҳои сохтмонӣ, сармоягузорон ва сокинон низ афзоиш ёфтааст. Дар баробари ин масъалаҳои вобаста ба иҷрои саривақтии уҳдадориҳои шартномавӣ, супоридани манзилҳо, ҷудо намудани саҳм, ҷуброни ҳуқуқи соҳибмулкон ва кӯчонидани шаҳрвандон аз маҳаллаҳои зери навсозӣ қарордошта аз ҷумлаи масъалаҳои бештар баррасишаванда дар мақомоти судӣ мебошанд.
Коршиносони соҳаи ҳуқуқ бар ин назаранд, ки пешгирии чунин баҳсҳо, пеш аз ҳама, аз сатҳи риояи қонунгузорӣ аз ҷониби ширкатҳои сохтмонӣ, шаффофияти муносибатҳои шартномавӣ ва баланд гардидани маърифати ҳуқуқии шаҳрвандон вобастагӣ дорад. Ҳангоми бастани шартномаҳо шаҳрвандон бояд ба муҳтавои ҳуҷҷатҳо, муҳлати иҷрои уҳдадориҳо, тартиби пардохт, кафолатҳои ҳуқуқӣ ва ҷавобгарии тарафҳо диққати махсус диҳанд.
Ёдовар мешавем, ки бо мақсади таъмини шаффофият, ҳифзи ҳуқуқи шаҳрвандон ва пешгирии ҳолатҳои фиребгарӣ дар майдонҳои сохтмонӣ ва шуъбаҳои фурӯши манзилҳои истиқоматии шаҳри Душанбе QR-кодҳои махсус ба роҳ монда шудаанд.
Шаҳрвандон пеш аз хариди манзил метавонанд тавассути ворид шудан ба QR-код бо фаъолияти ширкатҳои биносоз шинос шаванд. Дар низоми электронӣ тамоми маълумот дар бораи пудратчиён ва ширкатҳои сохтмонӣ ҷой дода шудааст. Ин ба шаҳрвандон имкон медиҳад, ки фаъолияти онҳоро муқоиса намуда, баъдан хона харанд.
Масъулин иброз медоранд, ки шартномаҳои хариди манзил ҳатман бояд ба таври расмӣ дар дафтари асноди расмӣ (нотариус) ба қайд гирифта шаванд, зеро танҳо дар ин ҳолат онҳо қувваи ҳуқуқӣ мегиранд ва баҳсҳо метавонанд тавассути суд ҳал карда шаванд.
Моҳинави НАВРӮЗ,
АМИТ «Ховар»
АКС: АМИТ «Ховар»








Татбиқи лоиҳаи «Барқарорсозии зерсистемаи системаи ВМК-и канали Қумсангир» ба 95 фоиз расид
ЗИМИСТОНГУЗАРОНӢ. Дар Сангвор ситоди ноҳиявӣ оид ба омодагии пурра ба фаслҳои тирамоҳу зимистон таъсис ёфтааст
Дар Москва конгресси 5-уми миллӣ дар соҳаи тиб доир гардид
Дар Ҳисор бахшида ба 32-солагии қабули Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон конференсия доир шуд
Оид ба Конститутсия ва ҷойгоҳи он дар танзими муносибатҳои идоракунии давлатӣ ҳамоиши ҷумҳуриявӣ доир шуд
«КОНСТИТУТСИЯ-КАФИЛИ АДОЛАТИ СУДӢ». Дар Суди Олии иқтисодии Тоҷикистон ҳамоиш доир гардид
Муассисаи «Шабакаи гармидиҳии шаҳри Душанбе»: «Муштариён метавонанд барои ҳалли мушкилот ба рақами кӯтоҳи 14-44 занг зананд»
Доир ба саҳми академик Муҳаммадҷони Шакурӣ дар рушди илму адаб конференсияи илмӣ баргузор шуд
«КОНСТИТУТСИЯ–ПОЙДОРИИ ДАВЛАТИ ҲУҚУҚБУНЁД». Таҳти чунин унвон конференсияи ҷумҳуриявӣ доир гардид
Роҳҳои баланд бардоштани ҳосилнокии зироатро дар шаҳри Кӯлоб баррасӣ намуданд
Дар мавзуи «Конститутсия ва таъмини ҳуқуқ ба озодии эътиқод» конференсияи ҷумҳуриявӣ доир шуд
Дар ҷаласаи Шурои ҷамъиятии Ҷумҳурии Тоҷикистон механизмҳои нави ҳимояи ҳуқуқи муҳоҷирони меҳнатӣ баррасӣ гардид






