Дороиҳои «Амонатбонк» 13 миллиард сомониро ташкил дода, сармояи бонк ба 1,2 миллиард сомонӣ расидааст
ДУШАНБЕ, 18.07.2026 /АМИТ «Ховар»/. Дороиҳои «Амонатбонк» соли равон афзоиш ёфта, 13 миллиард сомониро ташкил доданд, ки нисбат ба ҳамин давраи соли 2025 36 фоиз зиёд мебошанд.
Тавре Раиси Корхонаи воҳиди давлатии «Бонки амонатгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон «Амонатбонк» Алиҷон Салимзода 17 июл дар нишасти матбуотӣ дар Душанбе ба хабарнигорон иттилоъ дод, уҳдадориҳои бонк дар ин давра 11,8 миллиард сомониро ташкил доданд, ки нисбат ба ҳамин давраи соли 2025 38 фоиз зиёд мебошанд.
Сармояи «Амонатбонк» ба 1,2 миллиард сомонӣ расид, ки нисбат ба ҳамин давраи соли 2025 16,3 фоиз зиёд мебошад. Гуфта шуд, ки фоидаи софи бонк дар ин давра ба 100 миллион сомонӣ расид, ки нисбат ба ҳамин давраи соли 2025 30 фоиз зиёд буда, нақшаи пешбинишуда барзиёд таъмин гардид.
Алиҷон Салимзода афзуд, ки дар ин давра «Амонатбонк» ба буҷети давлатӣ 68 миллион сомонӣ андоз ва дигар пардохтҳои ҳатмиро аз рӯи фаъолият ворид намуд. Ин нишондод нисбат ба ҳамин давраи соли 2025 9,4 фоиз зиёд арзёбӣ мегардад.
Марзия САИДЗОДА,
АМИТ «Ховар»
АКС: АМИТ «Ховар»








Рушди низоми миллии зондкунии фосилавии Замин дар Тоҷикистон баррасӣ гардид
Дар Тоҷикистон вазъи мелиоративии беш аз 91 ҳазор гектар замин беҳтар гардонида мешавад
БЕХАТАРИИ КӮДАКОНРО ДАР РОҲҲО ЗЕҲНИ СУНЪӢ ТАЪМИН МЕСОЗАД. Байни Тоҷикистон ва Корея санади ҳамкорӣ ба имзо расид
Роҳи мошингарди Ваҳдат – Роғун дар муҳлати якуним сол сохта, ба истифода дода мешавад
МОРАТОРИЙ БА ҲАМА НАМУДИ САНҶИШҲОИ ФАЪОЛИЯТИ СУБЪЕКТҲОИ СОҲИБКОРИИ ХУРДУ МИЁНА. Андешаҳо дар ин мавзуъ
Даромади буҷети давлатии Тоҷикистон барои соли 2027 80,1 миллиард сомонӣ пешбинӣ шудааст
ПУЛИ МИЛЛӢ –«СОМОНӢ». Банкнотаҳои он на танҳо воситаи пардохт, балки бозтоби таърих, фарҳанг, дастовардҳо ва ҳувияти миллии Тоҷикистон мебошанд
Дар Душанбе Конфронси байналмилалӣ оид ба зеҳни сунъӣ — AICONF-2026 оғоз гардид
ТАЪРИХИ ПАЙДОИШИ АСЪОРИ МИЛЛӢ. Эҳтироми пули миллӣ эҳтироми миллат аст!
ҚУРБИ АСЪОР: 1 доллари ИМА аз 9.1400 то 9.2165 сомонӣ муқаррар шудааст
Дар Остона Конфронси байналмилалии иқтисодии Фонди авруосиёии субот ва рушд баргузор гардид
Байни Тоҷикистон ва БАТР ба маблағи беш аз 62 миллион евро созишномаҳои қарзию грантӣ ба имзо расиданд






