МАРҲАЛАИ НАВИ ТАҲКИМИ СУЛҲИ ҶАҲОНӢ. Андешаҳо дар ҳошияи қабул гардидани ташаббуси навбатии байналмилалии Тоҷикистон
ДУШАНБЕ, 08.07.2026 /АМИТ «Ховар»/. Дар шароити муосири ҷаҳонӣ, ки бо мураккабии равандҳои геополитикӣ, афзоиши низоъҳои минтақавӣ, таҳдидҳои терроризм, экстремизм, тағйирёбии иқлим ва рақобатҳои глобалӣ тавсиф мешавад, таҳкими сулҳ ба яке аз самтҳои асосии сиёсати байналмилалӣ табдил ёфтааст. Дар ин замина, қабули қатъномаи Маҷмаи Умумии Созмони Милали Муттаҳид оид ба эълони «Даҳсолаи байналмилалӣ оид ба таҳкими сулҳ ба хотири наслҳои оянда (2027–2036)» ҳамчун рӯйдоди муҳими таърихию сиёсӣ арзёбӣ гардида, оғози марҳалаи нави муносибатҳои байналмилалиро ифода мекунад.
— Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ду даҳсолаи охир тавассути пешбурди сиёсати хориҷии сулҳпарварона ва пешниҳоди ташаббусҳои сатҳи ҷаҳонӣ мавқеи устувори худро дар арсаи байналмилалӣ таҳким бахшидааст.
Тоҷикистон, ки таҷрибаи нодири барқарорсозии сулҳи дохилиро тавассути музокироти сиёсӣ ва ҳамдигарфаҳмӣ дар солҳои душвори ҷанги шаҳрвандӣ соҳиб гардидааст, имрӯз ҳамчун намунаи муваффақи ҳалли низоъҳо дар сатҳи байналмилалӣ эътироф мешавад.
Таҷрибаи сулҳи тоҷикон собит месозад, ки иродаи сиёсӣ, таҳаммулпазирӣ ва муколама метавонанд ҷомеаро аз вазъи низоӣ ба суботи устувор ва ваҳдати миллӣ раҳнамун созанд. Дар чунин шароит нақши Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ҳамчун меъмори сиёсати хориҷии давлат ва ташаббускори иқдомҳои байналмилалӣ аҳамияти хосса касб мекунад.
Сиёсати хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон бар пояи принсипҳои сулҳҷӯёна, эҳтироми истиқлолияти давлатҳо, баробарии тарафҳо ва дастгирии ҳалли осоиштаи баҳсҳо ташаккул ёфтааст. Маҳз чунин сиёсати созанда имкон фароҳам овард, ки Тоҷикистон ҳамчун давлати ташаббускор дар Созмони Милали Муттаҳид шинохта шуда, пешниҳодҳои муҳими глобалиро ба миён гузорад. Яке аз муҳимтарин иқдомҳои байналмилалии Ҷумҳурии Тоҷикистон пешниҳоди эълони «Даҳсолаи байналмилалӣ оид ба таҳкими сулҳ ба хотири наслҳои оянда, солҳои 2027–2036» мебошад. Он аз ҷониби ҷомеаи ҷаҳонӣ ҳамаҷониба дастгирӣ ёфта, ба санади муҳими сиёсӣ табдил гардид.
Қатънома дидгоҳи стратегӣ ва дарозмуддатро таҷассум мекунад. Ҳадафи асосии он танҳо ҳалли масъалаҳои кунунии низоъҳо набуда, балки ташаккули фарҳанги сулҳ барои наслҳои оянда мебошад. Чунин ҳадаф аз ҷомеаи ҷаҳонӣ тақозо мекунад, ки дар баробари рафъи буҳронҳои имрӯза барои пешгирии низоъҳои оянда низ механизмҳои муассирро таҳия ва татбиқ намояд. Дар ин раванд дипломатияи пешгирикунанда, муколамаи байнидавлатӣ, рушди ҳамкории байналмилалӣ ва таҳкими ниҳодҳои сулҳ нақши калидӣ мебозанд.
Нақши Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар пешбурди чунин ташаббусҳо аз он ҷиҳат муҳим арзёбӣ мешавад, ки Тоҷикистон тавонист таҷрибаи сулҳи худро аз сатҳи миллӣ ба сатҳи ҷаҳонӣ муаррифӣ намояд. Ин ҷаҷриба нишон медиҳад, ки сулҳ танҳо натиҷаи гуфтушунид нест, балки маҳсули иродаи устувори сиёсӣ, таҳаммулпазирӣ ва эҳтиром ба арзишҳои умумиинсонӣ мебошад.
Қатъномаи марбут ба «Даҳсолаи байналмилалӣ оид ба таҳкими сулҳ ба хотири наслҳои оянда» метавонад ба рушди принсипҳои нав, аз ҷумла ҳуқуқ ба сулҳ ҳамчун арзиши бунёдии инсоният, масъулияти муштараки давлатҳо дар пешгирии низоъҳо ва таҳкими механизмҳои бисёрҷонибаи ҳамкорӣ мусоидат намояд.
Яке аз самтҳои муҳими ин ташаббус ҷалби ҷавонон ба равандҳои сулҳсозӣ мебошад. Ҷавонон ҳамчун неруи пешбарандаи ҷомеа метавонанд дар ташаккули фарҳанги сулҳ саҳми арзишманд гузоранд. Тавассути таҳсилот, мубодилаи байналмилалӣ, истифодаи технологияҳои рақамӣ ва иштироки фаъол дар ҷомеаи шаҳрвандӣ онҳо қодиранд ба рушди устувори ҷомеа мусоидат намоянд. Дар ҳамин замина таҷрибаи сулҳи тоҷикон аҳамияти махсус касб мекунад.
Таҷрибаи бадастомада нишон дод, ки ҳатто дар шароити низоъҳои шадид низ бо такя ба муколама ва гуфтушунид метавон ба сулҳи пойдор ноил гардид. Имрӯз ҳамин таҷриба намунаи омӯзишӣ дар сатҳи байналмилалӣ мавриди таваҷҷуҳ қарор гирифта, барои дигар давлатҳо низ метавонад судманд бошад.
Эълони «Даҳсолаи байналмилалӣ оид ба таҳкими сулҳ ба хотири наслҳои оянда» бо ҳадафҳои рушди устувори Созмони Милали Муттаҳид, бахусус ҳадафи 16, ки ба сулҳ, адолат ва ташаккули ниҳодҳои қавӣ равона шудааст, робитаи мустақим дорад. Амалӣ гардидани ин ташаббус ба коҳиши низоъҳо, таҳкими эътимоди байни давлатҳо, густариши ҳамкории бисёрҷониба ва тақвияти нақши Созмони Милали Муттаҳид дар ҳалли масъалаҳои глобалӣ мусоидат хоҳад намуд.
Дар маҷмуъ, ташаббуси Ҷумҳурии Тоҷикистон марҳалаи нави рушди муносибатҳои байналмилалиро таҷассум мекунад, ки дар меҳвари он сулҳ ҳамчун арзиши бунёдӣ қарор дорад. Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо пешбурди сиёсати сулҳпарварона ва пешниҳоди иқдомҳои ҷаҳонӣ Тоҷикистонро давлати саҳмгузор дар таҳкими сулҳу суботи байналмилалӣ муаррифӣ намудаанд. Ин арзиш сиёсати созанда танҳо бо аҳамияти сиёсии он маҳдуд намешавад, балки дорои аҳамияти таърихӣ низ мебошад, зеро барои ташаккули низоми нави муносибатҳои байналмилалӣ, ки бар пояи ҳамкорӣ, эътимод ва эҳтироми мутақобила бунёд меёбад, заминаи мусоид фароҳам месозад.
Дар асри XXI идомаи таҳкими сулҳи ҷаҳонӣ ташаккули механизмҳои нави ҳамкории байналмилалиро тақозо мекунад. Дар ҷаҳони муосир, ки вобастагии мутақобилаи давлатҳо рӯз аз рӯз бештар мегардад, масъалаи амният дигар танҳо дар доираи як давлат ҳалшаванда нест, балки хусусияти глобалӣ касб кардааст.
Тоҷикистон бо такя ба таҷрибаи нодири сулҳи худ тавонист мавқеи худро ҳамчун давлати ҷонибдори муколамаи созанда ва ҳалли осоиштаи баҳсҳо дар арсаи байналмилалӣ устувор намояд. Ин мавқеъ дар доираи Созмони Милали Муттаҳид низ эътироф гардида, боиси дастгирии як қатор ташаббусҳои муҳими ҷаҳонии Тоҷикистон шудааст. Он барномаи дарозмуддати сиёсӣ ва стратегиро таҷассум мекунад. Мазмуни он ба таҳкими ҳамкории давлатҳо дар самти пешгирии низоъҳо, рушди дипломатияи бисёрҷониба ва тақвияти нақши Созмони Милали Муттаҳид дар танзими муносибатҳои байналмилалӣ равона гардидааст. Ин санад ба ташаккул ва густариши фарҳанги сулҳ таваҷҷуҳи махсус зоҳир намуда, зарурати оғоз гардидани чунин фарҳангро аз сатҳи ҷомеаҳои миллӣ ва густариши он то арсаи байналмилалӣ таъкид мекунад.
Яке аз ҷанбаҳои муҳими ин ташаббус таҳкими фаъолияти ниҳодҳои байналмилалӣ ва баланд бардоштани самаранокии онҳо мебошад. Дар шароити муосир бисёре аз низоъҳо натиҷаи нокифоя будани механизмҳои байналмилалии пешгирӣ ва танзими баҳсҳо ба шумор мераванд. Аз ҳамин лиҳоз, татбиқи даҳсолаи байналмилалии сулҳ метавонад ба таҳкими нақши Созмони Милали Муттаҳид ҳамчун маркази асосии ҳамоҳангсозии сиёсати ҷаҳонӣ мусоидат намояд.
Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон тавассути суханрониҳо ва пешниҳодҳояшон дар минбарҳои бонуфузи байналмилалӣ пайваста ба зарурати таҳкими сулҳ, густариши ҳамкорӣ ва пешгирии низоъҳо таваҷҷуҳи ҷомеаи ҷаҳониро ҷалб менамоянд. Мавқеи созанда на танҳо самтҳои асосии сиёсати хориҷии Тоҷикистонро инъикос мекунад, балки дидгоҳи фарогири ҷаҳониеро пешниҳод менамояд, ки дар меҳвари он манфиатҳои умумии инсоният қарор доранд.
Аз нигоҳи иҷтимоӣ ва фарҳангӣ низ сулҳ асоси рушди устувори ҷомеа маҳсуб меёбад. Ҷомеаҳое, ки дар онҳо субот, ҳамдигарфаҳмӣ ва эътимоди мутақобила ҳукмфармо аст, барои рушди иқтисодӣ, илмӣ ва фарҳангӣ имкониятҳои бештар доранд.
Ҳамин тавр, ташаббуси Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба пешбарии қатъномаи Маҷмаи Умумии Созмони Милали Муттаҳид дар бораи эълони солҳои 2027–2036 ҳамчун «Даҳсолаи байналмилалӣ оид ба таҳкими сулҳ ба хотири наслҳои оянда» аз ҷумлаи муҳимтарин рӯйдодҳои сиёсӣ ва ҳуқуқии сатҳи байналмилалӣ ба ҳисоб меравад. Ин ташаббус бори дигар собит месозад, ки сулҳ танҳо набудани ҷанг нест, балки раванди пайвастаи ҳамкорӣ, ҳамдигарфаҳмӣ, эътимод ва рушди муштараки давлатҳо мебошад, ки таҳкими он масъулияти умумии ҷомеаи ҷаҳонӣ ба шумор меравад. Амалӣ гардидани ҳадафҳои даҳсолаи байналмилалии сулҳ метавонад ба коҳиши низоъҳои мусаллаҳона, рушди дипломатияи бисёрҷониба, таҳкими фаъолияти ниҳодҳои байналмилалӣ ва такмили меъёрҳои ҳуқуқи байналмилалӣ мусоидат намояд.
Дар солҳои соҳибистиқлолӣ давлати мо бо роҳбарии Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон аз давлати истиқболкунандаи кумакҳои байналмилалӣ ба мамлакати ташаббускор ва пешниҳодкунандаи иқдомҳои сатҳи ҷаҳонӣ табдил ёфт. Маҳз ҳамин сиёсати дурбинона боис гардид, ки ҷомеаи ҷаҳонӣ Тоҷикистонро ҳамчун шарики боэътимод, ҷонибдори сулҳу субот ва ташаббускори ҳалли масъалаҳои муҳимми глобалӣ эътироф намояд.
Дар маҷмуъ, метавон хулоса намуд, ки ташаббуси навбатии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Созмони Милали Муттаҳид қадами муҳим дар роҳи ташаккули низоми нави муносибатҳои байналмилалӣ ба ҳисоб меравад. Низоме, ки бар пояи сулҳ, ҳамкорӣ, эътимоди мутақобила ва рушди устувор бунёд ёфта, метавонад ба таъмини амнияти ҷаҳонӣ ва пешрафти ҷомеаи башарӣ мусоидат намояд.
«Даҳсолаи байналмилалӣ оид ба таҳкими сулҳ ба хотири наслҳои оянда, солҳои 2027–2036» танҳо як барномаи сиёсӣ нест, балки дидгоҳи фарогири инсондӯстонаест, ки ба таҳкими сулҳ, рушди устувор ва ҳамзистии осоиштаи давлатҳо ва миллатҳо нигаронида шудааст. Татбиқи муваффақонаи он метавонад саҳифаи наверо дар таърихи муносибатҳои байналмилалӣ боз намояд. Дар он ҳамкорӣ, эътимод, ҳамдигарфаҳмӣ ва масъулияти муштарак ҷойгузини низоъ, рақобати носолим ва мухолифатҳо хоҳанд шуд. Бешубҳа чунин иқдоми таърихӣ саҳми Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмонро дар таҳкими сулҳу суботи ҷаҳонӣ боз ҳам равшантар ва муассиртар дар хотираи ҷомеаи байналмилалӣ сабт хоҳад кард.
Алишер РАҲИМЗОДА,
директори Институти математикаи ба номи А.Ҷураеви
Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон
АКС: АМИТ «Ховар»








Дар Ваколатдор оид ба ҳуқуқи инсон бахшида ба ташаббуси навбатии ҷаҳонии Тоҷикистон ҳамоиш баргузор гардид
Расонидани ёрии аввалин ба бемор метавонад ҷони ӯро аз марг наҷот диҳад
Бо риояи қоидаҳои одӣ худро аз таъсири гармӣ муҳофизат намоед
БАРНОМАИ РУШДИ КИТОБХОНАҲОИ ДЕҲОТ. Он барои такмили фаъолияти китобхонаҳо ва беҳтар шудани хизматрасонии китобдорӣ замина фароҳам меорад
Дар Тоҷикистон «Барномаи давлатии рушди инноватсионии соҳаи пахтакорӣ барои солҳои 2026–2030» қабул гардид
Тоҷикистон ва Қатар бахшида ба Соли байналмилалии маърифати ҳуқуқӣ дар Женева чорабинӣ баргузор намуданд
ИМРӮЗ–РӮЗИ ТАЪСИСИ БОЗРАСИИ ДАВЛАТИИ АВТОМОБИЛӢ. Амнияти ҳаракат дар роҳ самти асосии фаъолияти ин мақомот мебошад
Дар Сангвор бахшида ба қабули Даҳсолаи байналмилалӣ оид ба таҳкими сулҳ барои наслҳои оянда ҳамоиш баргузор гардид
МАСЛИҲАТИ МУТАХАССИС. Барги гелос барои бемориҳои сулфа, диққи нафас ва ҷароҳати гӯш фоидаовар аст
Ташаббусҳои ҷаҳонии Тоҷикистон дар соҳаи об ва иқлим дар Бангкок муаррифӣ шуданд
СУЛҲ НЕЪМАТЕСТ, КИ ТАМОМИ МИЛЛАТҲОВУ ДАВЛАТҲО БА ОН НИЁЗ ДОРАНД. Мулоҳизаҳои академик Қобилҷон Хушвахтзода дар ин мавзуъ
ТАЪТИЛИ ТОБИСТОНА. Китобхонаҳо ва марказҳои омӯзишӣ барои рушди зеҳнии хонандагон чӣ имконият фароҳам меоранд?






