35-СОЛАГИИ ИСТИҚЛОЛИ ДАВЛАТӢ. Дар Конибодом иншооти соҳаи маорифу корхонаҳои истеҳсолӣ бунёд карда мешавад
ДУШАНБЕ, 01.08.2026 /АМИТ «Ховар»/. Дар доираи корҳои ободониву созандагӣ бахшида ба ҷашни 35-солагии Истиқлоли давлатӣ дар шаҳри Конибодом сохтмони якчанд корхонаи нави истеҳсолӣ, 9 муассисаи таълимӣ ва мумфаршкунии роҳҳои маҳаллӣ идома дошта, нахустин маротиба корхонаи истеҳсоли қанд таъсис дода мешавад. Дар ин хусус АМИТ «Ховар» бо истинод ба хадамоти матбуоти Раиси вилояти Суғд хабар медиҳад.
Ҳоло дар Муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии №18-и деҳаи Ниёзбеки деҳоти Куҳандиёр корҳои сохтмонӣ идома доранд. Муассиса бо маблағгузории Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилояти Суғд бунёд гардида, барои 640 хонанда дар ду баст пешбинӣ шудааст. Бино мутобиқ ба талаботи муосир сохта шуда, дорои синфхонаҳои барҳаво, кабинетҳои фаннӣ, утоқҳои кории омӯзгорон ва дигар иншооти ёрирасон мебошад.
Инчунин дар ин деҳа бо ташаббуси соҳибкори маҳаллӣ Нисо Зокирова кӯдакистони замонавӣ бунёд мешавад. Муассиса аз таҳхона ва ду ошёна иборат буда, имкони фарогирии 240 кӯдакро дорад. Бунёди чунин муассиса ба баланд бардоштани фарогирии кӯдакон ба таҳсилоти томактабӣ ва тарбияи насли босаводу донишманд мусоидат хоҳад кард.
Дар шаҳри Конибодом Муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии №12 таъмир мегардад. Соҳибкори маҳаллӣ Кимё Азизова тасмим гирифтааст, ки муассисаро аз ҳисоби маблағҳои шахсӣ пурра таъмир намуда, 7 синфхонаи иловагӣ ва майдончаи варзишӣ бунёд созад. Инчунин муассиса бо мизу курсӣ ва аёнияти таълимӣ пурра таъмин хоҳад шуд.
Дар деҳаи Ғалчамулло соҳибкор Самӣ Сулаймонов барои 240 нафар кӯдакистони замонавӣ бунёд мекунад. Иншоот аз таҳхона ва ду ошёна иборат буда, бо тамоми шароити зарурӣ муҷаҳҳаз мегардад.
Иттилоъ дода шуд, ки дар шаҳри Конибодом аз ҷониби Ҷамъияти дорои масъулияти маҳдуди «Самиев-5» ва бо ташаббуси соҳибкорони маҳаллӣ корхонаи истеҳсоли асфалт сохта шудааст, ки бо таҷҳизоти муосири истеҳсоли Ҷумҳурии Мардумии Чин муҷаҳҳаз мебошад. Иқтидори истеҳсолии он дар як соат то 60 тоннаро ташкил дода, сифати маҳсулот ба талаботи стандартӣ ҷавобгӯ мебошад.
Дар тавозуни Ҷамъияти дорои масъулияти маҳдуди «Самиев-5» чор техникаи мумфаршкунӣ мавҷуд буда, бо истифода аз онҳо таъмиру асфалтпӯшкунии роҳҳо дар сатҳи баланд анҷом дода мешавад.
Тибқи нақша, дар кӯчаи Бибихон Азизова беш аз 2 километр роҳ пурра мумфарш карда мешавад.
Инчунин сохтмони корхонаи истеҳсоли қисмҳои эҳтиётӣ барои корхонаҳои металлургӣ, аз ҷумла ҷузъҳои оҳанӣ ва агрегатҳои обкашӣ аз ҷониби Ҷамъияти дорои масъулияти маҳдуди «Бодом» идома дорад. Ин корхонаи саноатӣ тибқи дастуру супоришҳои Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бунёд мешавад.
Корхона бо технологияи муосир муҷаҳҳаз гардида, фаъолияти он дар се марҳила амалӣ мегардад. Ҳоло марҳилаи аввал оғоз гардида, истеҳсоли 30 номгӯй маҳсулот амалӣ шудааст. Бо пурра ба фаъолият оғоз намудани корхона 100 сокини маҳаллӣ бо ҷойи кори доимӣ ва маоши муносиб таъмин хоҳанд шуд.
Роҳбарияти Ҷамъияти дорои масъулияти маҳдуди «Бодом» нақша доранд, ки дар шаҳри Конибодом дар оянда корхонаи истеҳсоли қандро таъсис диҳанд. Чунин иқдом бори нахуст дар шаҳри Конибодом амалӣ мегардад.
Дар доираи омодагӣ ба ҷашни 35-солагии Истиқлоли давлатӣ дар тамоми шаҳру ноҳияҳои вилояти Суғд корҳои созандагию ободонӣ вусъат ёфта, бо дастгирии мақомоти давлатӣ ва саҳми сокинони ватандӯст даҳҳо иншооти иҷтимоӣ ва роҳҳо бунёду навсозӣ карда мешаванд.
АКС: Хадамоти матбуоти Раиси вилояти Суғд








Даври ниҳоии Озмуни ҷумҳуриявии «Донандаи беҳтарини асарҳои Пешвои миллат» оғоз гардид
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон дар шаҳри Кӯлоб корхонаи истеҳсоли нӯшокиҳои ташнагишикани ҶДММ «Мабно»-ро ба истифода доданд
Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон қисми минтақавии Раёсати Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар вилояти Хатлон оид ба гурӯҳи ноҳияҳои Кӯлобро ифтитоҳ намуданд
Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон бинои Раёсати ҳифзи муҳити зист дар минтақаи Кӯлобро мавриди истифода қарор доданд
Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон бо сафари корӣ ба шаҳри Кӯлоб ташриф оварданд
Дар Ҷамоати деҳоти Роҳатии ноҳияи Рӯдакӣ иншооти нави таълимию варзишӣ ба истифода дода шуданд
Дар шаҳри Панҷакент сохтмони иншооти иҷтимоӣ вусъат меёбад
Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон дар ноҳияи Восеъ ба фаъолияти Маркази таълимӣ ва забономӯзии «Ориё» расман оғоз бахшиданд
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон дар ноҳияи Восеъ боғчаи бачагонаи «Маҳдия»-ро ба истифода супориданд






