АЗ ИСТИҚЛОЛ ТО ИСТИҚЛОЛОФАРӢ. Андешаҳои коршиноси масоили сиёсӣ дар ин маврид
ДУШАНБЕ, 21.08.2026 /АМИТ «Ховар»/. Сию панҷ сол дар таърихи давлатдорӣ аз нигоҳи хронологӣ фосилаи тӯлонӣ нест, аммо барои арзёбии самти рушди як давлат давраи кофӣ ба шумор меравад. Дар таҷрибаи сиёсӣ ва иҷтимоии ҷаҳон миллатҳое, ки тавонистанд дар чунин муддат низоми давлатдории худро устувор созанд, пояҳои иқтисоди миллӣ, ҳувияти фарҳангӣ ва ҷойгоҳи байналмилалиашонро таҳким бахшанд, дар асл марҳилаи ибтидоии таърихи истиқлолро муваффақона сипарӣ намудаанд. Ҷумҳурии Тоҷикистон низ дар остонаи таҷлили сиюпанҷсолагии Истиқлолияти давлатӣ дар чунин марҳилаи таърихӣ қарор дорад. Аз ин рӯ, истиқлолро на танҳо ҳамчун воқеаи сиёсӣ, балки ҳамчун раванди муттасили ташаккули давлат, ҷомеа ва тафаккури миллӣ бояд мавриди омӯзиши илмӣ қарор дод.
–Дар илми сиёсатшиносӣ истиқлолият бештар ҳамчун соҳибихтиёрии давлат маънидод мешавад, вале воқеияти иҷтимоӣ нишон медиҳад, ки ин мафҳум фаротар аз ҳудуди ҳуқуқӣ ва сиёсӣ қарор дорад. Давлати мустақил танҳо дар мавриде маънои воқеии истиқлолро соҳиб мешавад, ки шаҳрвандони он худро соҳиби сарнавишти кишвар донанд, арзишҳои миллӣ бо талаботи ҷаҳони муосир ҳамоҳанг гарданд ва тамоми ниҳодҳои давлатӣ дар асоси қонун, масъулият ва манфиати миллӣ фаъолият намоянд. Ба ҳамин хотир, истиқлолият, пеш аз ҳама, фарҳанги идоракунӣ, сатҳи худшиносии ҷомеа ва қобилияти миллат барои интихоби роҳи рушди худро таҷассум мекунад.
Тоҷикистон истиқлолияти худро дар яке аз ҳассостарин давраҳои таърихи муосир ба даст овард. Давраи гузариш аз низоми пешин ба сохтори нави сиёсиву иқтисодӣ бо мушкилоти ҷиддӣ ҳамроҳ гардид. Ин вазъият нишон дод, ки соҳиб шудан ба истиқлол нисбат ба ҳифз ва таҳкими он осонтар аст. Таҷрибаи солҳои аввали истиқлол собит намуд, ки давлатдорӣ танҳо бо қабули санадҳои ҳуқуқӣ устувор намегардад; барои пойдории он ҳамдигарфаҳмии миллӣ, суботи сиёсӣ, рушди иқтисодӣ ва масъулияти шаҳрвандӣ зарур мебошанд. Аз ҳамин нуқтаи назар, таърихи истиқлолияти Тоҷикистон барои ҷомеашиносон ва сиёсатшиносон намунаи омӯзиши робитаи байни давлатсозӣ ва ваҳдати миллӣ мебошад.
Яке аз муҳимтарин дастовардҳои даврони истиқлол ташаккули тадриҷии ҳувияти нави шаҳрвандӣ мебошад. Агар дар оғози солҳои навадум масъалаи асосӣ бақои давлат буд, имрӯз масъалаи калидӣ рақобатпазирии он дар фазои ҷаҳонӣ мебошад. Ин тағйирот нишон медиҳад, ки вазифаҳои истиқлол бо гузашти замон дигар мешаванд. Давлате, ки дирӯз барои нигоҳ доштани амният мубориза мебурд, имрӯз бояд барои рушди илм, технология, иқтисоди рақамӣ, амнияти иттилоотӣ ва сармояи инсонӣ рақобат кунад. Аз ин рӯ, истиқлолро метавон ҳамчун низоми доимии масъулият арзёбӣ намуд, на ҳамчун воқеаи якмаротиба баамаломада.
Дар таҳлили илмии рушди Тоҷикистон мафҳуми «сармояи миллӣ» аҳамияти махсус дорад. Одатан сарватҳои табиӣ, роҳҳо, неругоҳҳо ва инфрасохтор нишондиҳандаи пешрафт дониста мешаванд, вале таҳқиқоти муосири иқтисодӣ нишон медиҳад, ки сармояи воқеии ҳар давлат инсон мебошад. Агар шаҳрванд соҳибмаърифат, соҳибкасб, ватандӯст ва навовар бошад, давлат имкони рушди устувор пайдо мекунад. Бинобар ин, сармоягузорӣ ба маориф, илм ва тарбияи насли ҷавон на танҳо сиёсати иҷтимоӣ, балки стратегияи ҳифзи истиқлол мебошад. Давлатҳое, ки ба дониш сармоягузорӣ мекунанд, дар асл амнияти ояндаи худро таъмин месозанд.
Ҷаҳони муосир истиқлолро бо меъёрҳои нав месанҷад. Агар дар асри гузашта қудрати ҳарбӣ ва захираҳои табиӣ нишондиҳандаи асосии тавоноии давлатҳо буданд, имрӯз сатҳи инноватсия, рақамикунонӣ, рушди илм, сифати идоракунӣ ва иқтидори зеҳнии миллат аҳамияти бештар пайдо кардааст. Тоҷикистон низ дар ин раванд бояд истиқлолро ҳамчун имконияти офаридани иқтисоди донишбунёд арзёбӣ намояд. Миллате, ки танҳо истеъмолкунандаи дастовардҳои дигарон аст, дер ё зуд ба вобастагии нав рӯ ба рӯ мешавад; аммо миллате, ки худ дониш, технология ва арзиши нав меофарад, истиқлолияташро дар сатҳи баландтар ҳифз мекунад.
Аз дидгоҳи фалсафаи таърих, истиқлол озмоиши ахлоқии миллат низ мебошад. Ҳар насл аз худ бояд бипурсад: мо аз истиқлол чӣ гирифтем ва барои он чӣ гузоштем? Агар ҷавоб танҳо дар истеъмоли имконият бошад, ҷомеа тадриҷан неруи созандаашро аз даст медиҳад. Аммо агар ҳар шаҳрванд худро дар назди давлат, ҷомеа ва наслҳои оянда масъул эҳсос намояд, истиқлол ба сарчашмаи рушди доимӣ табдил меёбад. Дар ин маврид ватандӯстӣ танҳо эҳсос нест; он фаъолияти илмӣ, меҳнати ҳалол, риояи қонун, ҳифзи муҳити зист, эҳтироми арзишҳои миллӣ ва саҳмгузорӣ дар пешрафти ҷомеа мебошад.
Таҷлили сиюпанҷсолагии Истиқлолияти давлатии Тоҷикистон набояд танҳо ёдоварии дастовардҳои гузашта бошад. Ин сана бояд ба ҷомеа имконият диҳад, ки ба оянда аз нигоҳи илмӣ ва стратегӣ назар андозад. Миллатҳое, ки танҳо бо гузашта ифтихор мекунанд, тадриҷан аз рақобати таърихӣ ақиб мемонанд, вале миллатҳое, ки аз таҷрибаи гузашта барои сохтани фардо истифода мебаранд, соҳиби ояндаи устувор мешаванд. Аз ин рӯ, арзиши воқеии истиқлол дар он нест, ки он чанд сол пеш ба даст омадааст; арзиши он дар он аст, ки ҳар рӯз бо дониш, меҳнат, масъулият ва худшиносии миллӣ дубора ҳифз ва тақвият меёбад.
Шояд бузургтарин дастоварди истиқлол на биноҳои баланд, на роҳҳои тӯлонӣ ва на нишондиҳандаҳои оморӣ бошанд. Бузургтарин дастоварди истиқлол он аст, ки имрӯз миллат метавонад тақдирашро бо иродаи худ муайян намояд, хатоҳои худро ислоҳ кунад, ормонҳои худро ба барномаҳои давлатӣ табдил диҳад ва ояндаи худро бо неруи фарзандонаш бунёд созад. Ҳамин ҳаққи интихоб, ҳаққи эҷод ва ҳаққи масъулият аст, ки истиқлолро ба арзиши ҷовидонаи таърихи миллат табдил медиҳад.
Дар таҳқиқоти марбут ба Истиқлолияти давлатии Тоҷикистон аксаран масъалаҳои ҳуқуқӣ, сиёсӣ ва иқтисодӣ дар меҳвари таҳлил қарор мегиранд, аммо якчанд паҳлуҳои амиқи ин раванд то ҳол ба таври кофӣ мавриди омӯзиш қарор нагирифтаанд. Яке аз онҳо масъалаи «истиқлолофарӣ» ҳамчун раванди иҷтимоӣ ва маънавӣ мебошад. Агар истиқлолро танҳо ҳамчун санаи таърихӣ арзёбӣ намоем, мо танҳо оғози воқеаро мебинем; аммо агар онро ҳамчун падидаи тамаддунсоз таҳлил кунем, маълум мегардад, ки истиқлол ҳар рӯз аз нав офарида мешавад.
Дар ин замина метавон назарияи «истиқлолофарии пайваста»-ро пешниҳод намуд. Тибқи ин дидгоҳ, истиқлол воқеаи анҷомёфта нест, балки низоми доимии офариниши арзишҳои сиёсӣ, иқтисодӣ, илмӣ ва фарҳангӣ мебошад. Давлат метавонад аз ҷиҳати ҳуқуқи байналмилалӣ мустақил бошад, вале агар дар истеҳсоли дониш, технология, фарҳанги сиёсӣ ва тафаккури стратегӣ ба дигарон вобаста монад, раванди истиқлолофарӣ ҳанӯз ба анҷом нарасидааст. Аз ин рӯ, меъёри воқеии истиқлол на танҳо ҳифзи марзҳо, балки қобилияти давлат барои офаридани имконияти нав мебошад.
Паҳлуи дигаре, ки камтар мавриди таваҷҷуҳи муҳаққиқон қарор гирифтааст, «истиқлоли маърифатӣ» мебошад. Дар асри XXI вобастагӣ танҳо иқтисодӣ ё сиёсӣ нест; вобастагӣ метавонад зеҳнӣ ҳам бошад. Ҷомеае, ки танҳо истеъмолкунандаи дониш, технология ва идеяҳои дигарон аст, ҳатто дар шароити соҳибихтиёрии сиёсӣ низ аз як навъ вобастагии маърифатӣ раҳо нашудааст. Аз ин рӯ, рушди илм, мактабҳои миллӣ, забони илмӣ ва истеҳсоли дониш бояд ҳамчун ҷузъи стратегии истиқлолияти давлатӣ арзёбӣ гардад.
Ҳамчунин то имрӯз масъалаи «психологияи истиқлол» ба таври кофӣ таҳлил нашудааст. Истиқлол танҳо сохтори давлатро тағйир намедиҳад; он тарзи тафаккури инсонро низ дигар мекунад. Гузариш аз шуури вобастагӣ ба шуури масъулият яке аз мушкилтарин марҳилаҳои давлатсозӣ мебошад. Миллат танҳо вақте ба истиқлоли воқеӣ мерасад, ки шаҳрванд масъулияти шахсии худро барои сарнавишти давлат эҳсос кунад. Аз ин рӯ, фарҳанги масъулиятро метавон нишондиҳандаи муҳими камолоти истиқлол арзёбӣ намуд.
Бо ҳамин асос метавон хулоса кард, ки марҳилаи нави рушди Тоҷикистонро дигар на танҳо бо нишондиҳандаҳои иқтисодӣ, балки бо дараҷаи истиқлоли маърифатӣ, фарҳангӣ, илмӣ ва зеҳнӣ низ бояд арзёбӣ кард. Агар сиюпанҷ соли нахустин бештар давраи таҳкими пояҳои давлатдорӣ бошад, пас даҳсолаҳои минбаъда бояд давраи таҳкими соҳибихтиёрии зеҳнӣ ва рақобатпазирии миллӣ гарданд. Маҳз дар ҳамин самт мафҳуми «истиқлолофарӣ» мазмуни воқеии худро пайдо мекунад ва аз воқеаи таърихӣ ба стратегияи доимии рушди миллӣ табдил меёбад.
Яке аз масъалаҳои муҳиме, ки дар таҳқиқоти истиқлолияти давлатӣ ҳанӯз ба таври кофӣ баррасӣ нашудааст, фарқгузорӣ байни мафҳумҳои «ба даст овардани истиқлол» ва «истиқлолофарӣ» мебошад. Дар аксари осори илмӣ истиқлол ҳамчун натиҷаи як воқеаи таърихӣ арзёбӣ мегардад, дар ҳоле ки чунин муносибат танҳо лаҳзаи таваллуди истиқлолро тавсиф мекунад, на ҳаёти минбаъдаи онро.
Истиқлол ду марҳилаи аз ҳам фарқкунанда дорад. Марҳилаи аввал соҳиб шудан ба истиқлол аст, ки дар Тоҷикистон бо эълони Истиқлолияти давлатӣ оғоз гардид. Марҳилаи дуюм истиқлолофарӣ мебошад, ки поёни муайян надорад. Агар соҳиб шудан ба истиқлол як ҳодисаи таърихӣ бошад, истиқлолофарӣ раванди тамаддунсоз аст.
Аз ин дидгоҳ, истиқлолофарӣ маънои офаридани он арзишҳоеро дорад, ки истиқлолро ҳамарӯза аз нав эҳё ва мустаҳкам месозанд. Ҳар қонуни одилона, ҳар кашфиёти илмӣ, ҳар навоварии технологӣ, ҳар асари арзишманди фарҳангӣ, ҳар корхонаи истеҳсолӣ, ҳар мактаби босифат ва ҳатто ҳар шаҳрванде, ки бо масъулият ба ҷомеа хизмат мекунад, дар асл амали истиқлолофарӣ мебошад. Яъне истиқлол на танҳо бо санадҳои сиёсӣ, балки бо фаъолияти созандаи ҳаррӯзаи миллат зинда мемонад.
Дар ин замина метавон як қонунияти иҷтимоиро пешниҳод кард: ҳар қадар сатҳи истиқлолофарӣ дар ҷомеа баланд бошад, ҳамон қадар устувории истиқлолияти давлатӣ бештар мегардад. Ин чунин маъно дорад, ки пойдории давлат, пеш аз ҳама, ба иқтидори ҷомеа дар тавлиди арзишҳои нав вобаста аст. Давлате, ки танҳо дастовардҳои гузаштаро нигоҳ медорад, тадриҷан неруи рушди худро аз даст медиҳад. Аммо давлате, ки пайваста дониш, технология, фарҳанг ва институтҳои нав меофарад, истиқлолро аз як воқеаи таърихӣ ба низоми доимии рушд табдил медиҳад.
Аз ҳамин ҷиҳат, истиқлолофариро метавон ҳамчун нишондиҳандаи нави рушди миллӣ низ баррасӣ кард. То имрӯз рушди давлатҳо бештар аз рӯйи нишондиҳандаҳои иқтисодӣ, иҷтимоӣ ё демографӣ арзёбӣ мешавад, вале метавон нишондиҳандаи дигареро низ пешниҳод намуд: қобилияти ҷомеа барои истеҳсоли арзишҳои нави миллӣ. Ин арзишҳо метавонанд моддӣ бошанд, мисли инфрасохтор ва истеҳсолот, ё ғайримоддӣ, мисли дониш, фарҳанги сиёсӣ, эътимоди ҷамъиятӣ ва сармояи иҷтимоӣ. Ҳамаи онҳо якҷоя муҳити истиқлолро эҷод ва таҷдид мекунанд.
Ба назари мо, хатои методологии аксари таҳқиқот дар он аст, ки истиқлолро ҳамчун «натиҷа» арзёбӣ мекунанд, на ҳамчун «раванд». Вақте истиқлол танҳо натиҷаи як воқеаи таърихӣ дониста мешавад, таҳлил нохоста ба гузашта нигаронида мешавад. Аммо вақте истиқлол ҳамчун раванди доимии давлатсозӣ ва ҷомеасозӣ фаҳмида мешавад, меҳвари таҳлил ба оянда интиқол меёбад. Аз ҳамин ҷо мафҳуми «истиқлолофарӣ» аҳамияти назариявӣ пайдо мекунад.
Истилоҳи «истиқлолофарӣ» бояд аз доираи маънои луғавӣ берун оварда шавад. Он на танҳо маънои «офаридани истиқлол», балки маънои «таҷдиди пайвастаи иқтидори истиқлол»-ро дорад. Ба ибораи дигар, истиқлолофарӣ равандест, ки дар он давлат ва ҷомеа пайваста омилҳои пойдории соҳибихтиёрии худро тавлид, такмил ва ҳифз менамоянд. Ин омилҳо танҳо сиёсӣ нестанд; онҳо илмӣ, иқтисодӣ, фарҳангӣ, ахлоқӣ ва ҳатто равонӣ мебошанд.
Истиқлол бе истиқлолофарӣ тадриҷан ба шакли ҳуқуқӣ маҳдуд мешавад. Яъне агар ҷомеа ҳар рӯз арзишҳои нави миллӣ наофарад, соҳибихтиёрӣ танҳо дар сатҳи санадҳои ҳуқуқӣ боқӣ мемонад. Давлат барои устувор мондан бояд ҳамеша неруи нави илмӣ, иқтисодӣ, фарҳангӣ ва шаҳрвандиро ба вуҷуд оварад. Пас, истиқлолофарӣ шарти ҳастии истиқлол аст, на натиҷаи он.
Аз ин нуқтаи назар метавон гуфт, ки истиқлол се андоза дорад. Андозаи аввал сиёсӣ, ки бо эътирофи соҳибихтиёрии давлат муайян мегардад. Андозаи дуюм институтсионалӣ, ки дар фаъолияти самараноки мақомоти давлатӣ, волоияти қонун ва рушди иқтисодӣ зоҳир мешавад. Андозаи сеюм тамаддунӣ мебошад, ки дар қобилияти миллат барои офаридани дониш, фарҳанг, технология ва арзишҳои нав таҷассум меёбад. Агар ду андозаи аввал асоси мавҷудияти давлат бошанд, андозаи сеюм кафолати давомнокии он аст.
Ба назари мо, истиқлолро ҳамчун низоми зиндаи иҷтимоӣ бояд омӯхт. Ҳар низоми зинда қонунияти дохилии рушд дорад. Агар ин қонуният риоя шавад, низом рушд мекунад; агар онҳо нодида гирифта шаванд, низом тадриҷан заиф мегардад. Истиқлолияти давлатӣ низ аз ин қоидаи умумӣ истисно нест.
Истиқлол бояд пайваста таҷдид ёбад. Гап сари он аст, ки истиқлолро наметавон танҳо аз ҳисоби дастовардҳои гузашта таҳким бахшид. Ҳар давру замон масъалаҳои нав, таҳдидҳои нав ва имконияти навро пеш меорад. Аз ин рӯ, ҳар насл вазифадор аст мазмун ва иқтидори истиқлолро мутобиқ ба шароити нави таърихӣ ғанӣ гардонад. Агар насл танҳо меросро истифода барад, вале онро афзун насозад, истиқлол неруи рушди худро аз даст медиҳад.
Дар адабиёти сиёсӣ истиқлол бештар ҳамчун ҳуқуқи давлат барои мустақилона қабул кардани қарорҳо шарҳ дода мешавад. Аммо ҳар ҳуқуқ бе масъулият ба худкомагӣ ва ҳар масъулият бе ҳуқуқ ба вобастагӣ меанҷомад. Аз ин рӯ, истиқлол танҳо дар он ҷомеае пойдор мемонад, ки ҳуқуқи соҳибихтиёрӣ бо масъулияти миллӣ ҳамоҳанг бошад. Ин масъулият, пеш аз ҳама, дар фаъолияти илмӣ, меҳнати созанда, риояи қонун, пардохти андоз, ҳифзи муҳити зист ва иштироки фаъолонаи шаҳрвандон дар ҳаёти ҷомеа таҷассум меёбад.
Давлат танҳо дар ҳолате мустақилияти воқеии худро нигоҳ медорад, ки худ арзиш офарад. Арзиш дар ин ҷо танҳо маҳсулоти иқтисодӣ нест. Дониш, технология, эътимоди ҷамъиятӣ, фарҳанги сиёсӣ, адолати иҷтимоӣ ва эҷодиёти миллӣ низ арзиш мебошанд. Ҳар қадар ҷомеа бештар арзиш истеҳсол кунад, ҳамон қадар сатҳи истиқлолофарии он боло меравад.
Метавон чунин хулоса кард, ки истиқлолро на танҳо бо нишондиҳандаҳои иқтисодӣ, балки бо қобилияти ҷомеа барои худнавсозӣ бояд арзёбӣ кард. Худнавсозӣ маънои онро дорад, ки давлат метавонад бе аз даст додани ҳувияти миллӣ ба дониш, технология ва талаботи нави ҷаҳонӣ мутобиқ шавад. Дар чунин ҳолат истиқлол ба падидаи пӯшида ва муҳофизакор табдил намеёбад, балки ба низоми кушода ва эҷодкор мубаддал мегардад.
Дар остонаи сиюпанҷ солагии истиқлол бояд як масъалаи нави илмӣ матраҳ гардад: оё мо истиқлолро танҳо ҳифз мекунем ё онро пайваста меофарем? Посух ба ин савол самти даҳсолаҳои минбаъдаи рушди Тоҷикистонро муайян мекунад. Зеро давлате, ки танҳо истиқлолро нигоҳ медорад, дар як сатҳ боқӣ мемонад; аммо давлате, ки истиқлолро ҳамеша аз нав меофарад, қодир аст дар фазои рақобати ҷаҳонӣ мавқеи худро таҳким бахшад ва ба манбаи ташаккули тамаддуни миллӣ табдил ёбад.
Дар илми муосири давлатшиносӣ истиқлолият, асосан, ҳамчун ҳолати ҳуқуқӣ ва сиёсии соҳибихтиёрии давлат тавсиф мешавад. Дар ин равиш истиқлол натиҷаи ба даст овардани ҳуқуқи мустақилона муайян намудани сиёсати дохилӣ ва хориҷӣ арзёбӣ мегардад. Ин таъриф барои муайян намудани мақоми байналмилалии давлат зарур аст, аммо барои шарҳи тамоми моҳияти истиқлол кофӣ нест. Саволи асосӣ ин аст: оё истиқлол танҳо ҳолат аст ё раванди доимии рушди давлат?
Ба назари мо, маҳдуд намудани истиқлол ба ҳолати ҳуқуқӣ аз ҷиҳати методологӣ нокифоя аст. Зеро давлат, бар хилофи санади ҳуқуқӣ, низоми зиндаи иҷтимоӣ мебошад. Ҳар низоми зинда танҳо дар мавриди таҷдиди доимии захираҳо, неруҳо ва имконияти худ қобилияти зиндагӣ ва рушдро нигоҳ медорад. Агар ин қонуниятро нисбат ба давлат татбиқ намоем, ба натиҷаи дигар мерасем: истиқлол низ наметавонад танҳо бо далели як бор эълон гардидани он ҷовидона пойдор бошад. Он ҳамеша ба таҷдид, такмил ва тақвият ниёз дорад.
Истиқлолофарӣ раванди муттасили офаридан, таҷдид ва такмили имконияти сиёсӣ, иқтисодӣ, илмӣ, фарҳангӣ ва ахлоқии ҷомеа мебошад, ки пойдорӣ ва рушди соҳибихтиёрии давлатро таъмин менамояд.
Дар чунин фаҳмиш, истиқлолофарӣ се хусусияти бунёдӣ дорад. Аввал, он пайваста аст. Яъне анҷоми муайяни таърихӣ надорад ва бо фаъолияти як насл маҳдуд намешавад.
Дуюм, он эҷодкорона аст. Ҳадафи он танҳо нигоҳ доштани дастовардҳои гузашта нест, балки офаридани арзишҳои нав мебошад.
Сеюм, он фарогир аст. Субъекти истиқлолофарӣ танҳо давлат нест; ҷомеа, муассисаҳои илмӣ, низоми маориф, бахши иқтисодӣ ва ҳар шаҳрванди соҳибмасъулият низ дар ин раванд саҳм доранд.
Агар истиқлолофарӣ ҳамчун раванди муттасили таҳким ва рушди соҳибихтиёрии давлатӣ арзёбӣ гардад, пас ин раванд бояд бар принсипҳои муайян такя намояд. Принсипҳо он меъёрҳои методологие мебошанд, ки самти истиқлолофариро муайян месозанд ва аз фаъолияти тасодуфӣ фарқ мекунанд.
Принсипи якум – принсипи масъулияти таърихӣ. Ҳар насл истиқлолро аз насли пешин ҳамчун амонат қабул мекунад ва вазифадор аст онро дар сатҳи баландтар ба насли баъдӣ интиқол диҳад. Аз ин рӯ, истиқлол моликияти як насл нест; он мероси пайвастаи таърихӣ мебошад.
Принсипи дуюм – принсипи эҷодкорӣ. Ҳадафи истиқлолофарӣ танҳо ҳифзи дастовардҳои гузашта нест. Ҷомеаи соҳибистиқлол бояд арзишҳои нав, донишҳои нав, технологияҳои нав ва институтҳои самараноки нав офарад. Давлате, ки танҳо нигоҳдорандаи мерос аст, тадриҷан аз неруи рушд маҳрум мегардад.
Принсипи сеюм – принсипи худшиносии миллӣ. Истиқлолофарӣ танҳо дар заминаи эҳтиром ба забон, фарҳанг, таърих ва хотираи миллӣ метавонад устувор бошад. Вале худшиносӣ набояд ба худбастагӣ мубаддал гардад; баръакс, он бояд асоси муколамаи баробар бо дигар тамаддунҳо бошад.
Принсипи чорум – принсипи донишмеҳварӣ. Дар асри XXI муҳимтарин сармояи давлат дониш мебошад. Аз ин рӯ, сатҳи истиқлолофарӣ мустақиман ба иқтидори илмӣ, сифати маориф, рушди тафаккури интиқодӣ ва навоварии ҷомеа вобаста аст. Давлате, ки дониш тавлид мекунад, вобастагии худро коҳиш медиҳад.
Принсипи панҷум – принсипи ҳамоҳангии манфиатҳои шахс, ҷомеа ва давлат. Истиқлолофарӣ танҳо вақте самаранок аст, ки манфиатҳои шаҳрванд, ҷомеа ва давлат ба ҳам муқобил набошанд, балки якдигарро пурра намоянд. Ҳар қадар ин ҳамоҳангӣ бештар бошад, ҳамон қадар иқтидори рушди давлат афзун мегардад.
Дар маҷмуъ, ин принсипҳо нишон медиҳанд, ки истиқлолофарӣ на як амали сиёсӣ, балки фарҳанги давлатдорӣ ва тарзи тафаккур мебошад. Дар чунин фаҳмиш, истиқлол аз доираи мафҳуми ҳуқуқӣ берун омада, ба низоми доимии худтакмилдиҳии ҷомеа мубаддал мегардад.
Консепсияи истиқлолофарӣ бар он асос меёбад, ки соҳибихтиёрӣ на танҳо ҳолати ҳуқуқӣ, балки қобилияти доимии давлат ва ҷомеа барои таҷдиди неруҳои рушди худ мебошад. Ба ин маъно, истиқлолофарӣ ҷойгузини назарияҳои мавҷуда нест; балки ҳалқаест, ки онҳоро ба ҳам мепайвандад. Агар қонун давлатро танзим кунад, институтҳо онро идора намоянд, ҳувияти миллӣ онро муттаҳид созад ва иқтисод пояи моддии онро таъмин намояд, истиқлолофарӣ равандест, ки ҳамаи ин унсурҳоро ба низоми ягонаи рушд табдил медиҳад.
Истиқлол ҳодисаи яклаҳзаина нест, он раванди таърихии муттасил мебошад. Эълони истиқлол оғози давлатдории соҳибихтиёр аст, аммо худи соҳибихтиёрӣ танҳо дар натиҷаи таҷдиди пайвастаи неруҳои миллӣ пойдор мемонад. Ҳар давлате, ки истиқлол дорад, ҳатман ба истиқлолофарӣ ниёз дорад. Ҳеҷ давлат наметавонад танҳо бо такя ба дастовардҳои гузашта рушди дарозмуддати худро таъмин намояд. Пойдории истиқлол ба офаридани арзишҳои нави сиёсӣ, иқтисодӣ, илмӣ ва фарҳангӣ вобаста аст. Фаромӯш набояд кард, ки манбаи асосии истиқлолофарӣ инсон мебошад. На сарватҳои табиӣ ва на мавқеи ҷуғрофӣ ба танҳоӣ кафолати истиқлол нестанд. Манбаи воқеии рушди соҳибихтиёрӣ инсонест, ки дониш меофарад, масъулият эҳсос мекунад ва дар эҷоди арзишҳои нав саҳм мегузорад.
Истиқлолофарӣ танҳо вазифаи давлат нест. Давлат метавонад шароит муҳайё созад, аммо худи раванди истиқлолофарӣ дар фаъолияти тамоми ҷомеа амалӣ мегардад. Илм, маориф, иқтисод, фарҳанг, оила ва ҷомеаи шаҳрвандӣ ҷузъҳои ҷудонашавандаи он мебошанд.
Зубайдулло ДАВЛАТОВ,
ходими калони илмии шуъбаи Иттиҳоди Давлатҳои Мустақили
Институти омӯзиши масъалаҳои давлатҳои Осиё ва Аврупои
Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон
АКС: АМИТ «Ховар»








РУШДИ САНОАТ ДАР 35 СОЛИ ИСТИҚЛОЛИ ТОҶИКИСТОН. Дар вилояти Хатлон беш аз 900 корхонаи саноатӣ фаъолият мекунад
Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон: «Ман ба масъулиятшиносӣ, таҷриба ва заҳмати софдилонаи бунёдгарони «Роғун» эътимоди комил дорам»
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон дар ноҳияи Файзобод аз намоиши маҳсулоти кишоварзӣ, ҳунарҳои мардумӣ ва таомҳои миллӣ боздид намуданд
Ба Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон чор лоиҳаи муҳим, ки ба рушди инфрасохтори иҷтимоиву иқтисодии ноҳияи Файзобод равона шудаанд, муаррифӣ гардид
Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон дар ноҳияи Файзобод якчанд иншооти соҳаи маорифро фосилавӣ ба истифода доданд
Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон дар ноҳияи Файзобод бинои нави муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии №11-ро мавриди истифода қарор доданд
ШУКУҲИ ИСТИҚЛОЛ. Бахшида ба 35-солагии Истиқлоли давлатӣ дар Академияи миллии илмҳо маҳфили адабӣ доир гардид
Суханронии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар вохӯрӣ бо бунёдгарони Неругоҳи барқи обии «Роғун»
Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон дар шаҳри Роғун бо бунёдгарони Неругоҳи «Роғун» мулоқот намуданд
ҲИЗБИ ХАЛҚИИ ДЕМОКРАТИИ ТОҶИКИСТОН — ҲАМҚАДАМИ ИСТИҚЛОЛ. Бо чунин унвон дар ноҳияи Фирдавсӣ барномаи фарҳангӣ доир шуд
Доир ба нақши Президенти Тоҷикистон дар рушди забони давлатӣ бо ҷавонони фаъоли ноҳияи Тоҷикобод вохӯрӣ баргузор шуд
Доир ба ташаббусҳои Тоҷикистон дар самти обу иқлим конфронси илмӣ-амалӣ баргузор шуд






