Тавзеҳот ба Фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи ҷашн гирифтани 40-солагии Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон»

Октябрь 2, 2026 17:55

ДУШАНБЕ, 02.10.2026 /АМИТ «Ховар»/. Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон масъалаи худшиносии миллӣ, арҷгузорӣ ва ҳифзи муқаддасоти миллӣ, аз ҷумла истиқлолу озодӣ, инчунин равияи ватансозиву давлатсозӣ, баланд бардоштани сатҳу сифати зиндагӣ ва дар шароити орому осуда зиндагӣ кардани аҳолиро аз ҳадафҳои аввалиндараҷаи сиёсати давлату Ҳукумат муайян кардаанд.

Мардуми шарафманди Тоҷикистон дар муддати панҷ соли сипаригардида бо кору пайкори худ ба хотири сазовор истиқбол намудани ҷашни муқаддаси 35-солагии Истиқлоли давлатӣ собит сохтанд, ки дар эъмори давлати мутамаддину пешрафта дар паҳлуи давлату Ҳукумат қарор доранд ва азми қатъӣ доранд, ки барои наслҳои ояндаи Тоҷикистон як Ватани ободу зебо ва пешрафта ба мерос гузоранд.

Тибқи маълумоти оморӣ дар панҷ соли сипаригардида бо заҳмату талош, ташаббусҳои хайрхоҳонаи шаҳрвандон, соҳибкорони эҳсонкору ватандӯст дар шаҳру ноҳияҳои мамлакат корҳои ободониву созандагӣ вусъати бесобиқа пайдо карда, зиёда аз 36 ҳазор иншооти ҷашнӣ сохта ба истифода дода шуд.

Аз ҷониби соҳибкорону шаҳрвандон беш аз 1200 корхонаву коргоҳи саноатӣ, зиёда аз 3100 иншооти соҳаи маориф, 1050 иншооти тандурустӣ, 960 майдончаи варзиш ва 2275 иншооти хизматрасонӣ бунёд ва ба истифода дода шуд.

Умуман дар замони соҳибистиқлолӣ аз ҷониби соҳибкорону шахсони саховатпешаи кишвар зиёда аз 3300 корхонаву коргоҳи саноатӣ, беш аз 4300 иншооти соҳаи маориф, 2200 иншооти тандурустӣ, 2080 майдончаи варзиш ва 5100 иншооти хизматрасонӣ бунёду навсозӣ ва ба истифода дода шудааст.

Соли 2026 барои мардуми Тоҷикистон соли басо муҳим ва таърихӣ ба ҳисоб меравад, зеро дар ин сол мардуми шарафманди Тоҷикистон ҷашни 35-солагии Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистонро таҷлил намуданд.

Чорабиниҳое, ки ба ифтихори ин ҷашни бузург дар пойтахти мамлакатамон шаҳри Душанбе баргузор карда шуданд, на танҳо дар минтақа, балки дар арсаи ҷаҳонӣ камназир буданд ва обрӯву нуфузи Тоҷикистонро дар миқёси байналмилалӣ боз ҳам баланд бардоштанд.

Таъриху фарҳанги бостонии миллати тоҷик собит менамояд, ки тоҷикон аз замонҳои қадим мардуми бомаърифат, сулҳпарвар, заҳматдӯсту ободкор, давлатсозу тамаддунофар ва худшиносу худогоҳ буданд.

Бинобар ин, ҳар як шаҳрвандро зарур аст, ки кору пайкори гузаштагон ва падарону модаронро идома дода, ба хотири боз ҳам ободу зебо гардонидани Ватани маҳбуби хеш, фароҳам овардани шароити беҳтари зиндагӣ ва таълиму тарбия барои фарзандон кӯшиш намояд ва ин равияро ба як амали ҳамешагӣ ва фарҳанги умумимиллӣ табдил диҳад.

Боз ҳам ободу зебо гардонидани Ватани азизамон, беҳтар намудани сатҳи некуаҳволии мардуми Тоҷикистон ва ба ҷаҳониён ҳамчун давлати пешрафта, дорои таърихи пурғановати ва фарҳанги бостонии оламшумул муаррифӣ намудани он ҳадафи ниҳоии қабули фармони мазкур мебошад.

Октябрь 2, 2026 17:55

Хабарҳои дигари ин бахш

Дар шаҳри Ҳисор мумфаршкунии беш аз 3,5 километр роҳи автомобилгард оғоз гардид
820 иншооти гуногун ба маблағи беш аз 1 миллиард сомонӣ дар шаҳри Ваҳдат ба истифода дода шуд
Дар шаҳри Конибодом нуқтаҳои истироҳатӣ ва осоишгоҳи солимгардонӣ бунёд карда мешаванд
Дар ноҳияи Шаҳристон ба беҳтар намудани сатҳу сифати таълиму тарбия таваҷҷуҳи хосса дода мешавад
Дар шаҳри Ҳисор бинои мактаб, варзишгоҳ ва коргоҳи дӯзандагӣ ба истифода дода шуд
Дар даврони соҳибистиқлолӣ дар шаҳри Кӯлоб 53 бинои муассисаи таълимӣ ба истифода дода шуд
Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон барои бунёди терминали нави байналмилалӣ дар фурудгоҳи Душанбе санги асос гузоштанд
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон бо Президенти Ҷумҳурии Исломии Эрон Масъуди Пизишкиён суҳбат намуданд
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон дар ҷаласаи Шурои сарони давлатҳои ИДМ иштирок намуданд
СОЛИ ОБОДОНИЮ СОЗАНДАГӢ. Дар ноҳияи Ёвон мумфаршкунии роҳҳои маҳаллӣ идома дорад
Дар Исломобод 35-солагии Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистонро таҷлил намуданд
Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон аз Фестивали таомҳои миллӣ, ҳунарҳои мардумӣ ва намоиши маҳсулоти саноатию кишоварзии давлатҳои ИДМ дар Туркманистон боздид намуданд