Дар Суғд 12 ҳазор иншооти ҷашнӣ пеш аз муҳлат навсозӣ, таъмир ва бунёд карда шуданд
ДУШАНБЕ, 25.08.2026 /АМИТ «Ховар»/. Дар доираи омодагӣ ба ҷашни 35-солагии Истиқлолияти давлатӣ дар вилояти Суғд 12 ҳазор иншооти таъйиноташон гуногун пеш аз муҳлат навсозӣ, таъмир ва бунёд карда шуданд.
Тавре ба АМИТ «Ховар» аз хадамоти матбуоти Раиси вилояти Суғд иттилоъ доданд, корҳои сохтмонии ин иншоот бо саҳми сокинон, соҳибкорон, шахсони саховатманд ва дастгирии давлату Ҳукумат амалӣ гардид. Танҳо дар солҳои 2022-2025 ва шаш моҳи соли 2026 дар шаҳру ноҳияҳои вилоят қариб 14 ҳазору 400 иншоот сохта, аз нав барқарор ва таъмир карда шуда, дар зиёда аз 3 ҳазор иншооти дигар корҳои сохтмонӣ идома доранд.
Ҳангоми бунёду навсозии иншоот ба сифати корҳои сохтмонӣ, истифодаи масолеҳи босифат, риояи меъёрҳои меъмориву шаҳрсозӣ ва ободонии муҳити атроф таваҷҷуҳи аввалиндараҷа дода шуд. Зеро бунёди иншооти нав на танҳо ба беҳтар гардидани симои шаҳру ноҳияҳо мусоидат мекунад, балки барои фароҳам овардани ҷойи нави кор ва беҳтар намудани сатҳи зиндагии аҳолӣ замина мегузорад.
Дар доираи Соли вусъат додани корҳои ободониву созандагӣ ва тақвияту таҳкими худшиносиву худогоҳии миллӣ (2026) масъулини Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилояти Суғд вазифадор гардиданд, ки ташаббусҳои бунёдкоронаи сокинонро дастгирӣ намуда, иҷрои босифати нақшаҳои ободониро то ҷашни 35-солагии Истиқлолияти давлатӣ таъмин намоянд.
АКС: Хадамоти матбуоти Раиси вилояти Суғд








Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон дар шаҳри Душанбе ба фаъолияти истеҳсолии ҶДММ «Шаҳдоб» оғоз бахшиданд
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон дар шаҳри Душанбе корхонаи масолеҳи сохтмонии ҶДММ «Эко Блок»-ро мавриди баҳрабардорӣ қарор доданд
Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон барои бунёди эстакадаҳои дусатҳа ва азнавсозии пули мошингузар дар хиёбони Саъдии Шерозии шаҳри Душанбе санги асос гузоштанд
Дар Хоруғ муассисаҳои соҳаи фарҳанг навсозӣ мешаванд
СОЛИ ОБОДОНИЮ СОЗАНДАГӢ. Дар ноҳияи Ёвон гузаргоҳҳо ва роҳҳои пиёдагард таъмиру навсозӣ мешаванд
Дар вилояти Суғд беш аз 15 ҳазор иншоот бунёд гардидааст
Дар ноҳияи Восеъ муассисаҳои таълимӣ навсозӣ карда мешаванд
Дар ноҳияи Бобоҷон Ғафуров сохтмони бинои нави муассисаи таълимӣ идома дорад
Дар ноҳияи Ёвон навсозии иншооти варзишӣ ва сохтмони муассисаҳои томактабӣ вусъат меёбад
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон дар шаҳри Ваҳдат коргоҳи коркарди моҳии ҶДММ «Баҳор»-ро ифтитоҳ намуданд
Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон дар шаҳри Ваҳдат ба таври фосилавӣ 16 иншооти таъиноти гуногунро ба истифода доданд
Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон дар шаҳри Ваҳдат корхонаи истеҳсолии «Алянс мебел»-ро мавриди истифода қарор доданд






