Дар Тоҷикистон сифати таҳсил баланд арзёбӣ мегардад, вале қонеъкунанда нест
ДУШАНБЕ, 12.08.2026 /АМИТ «Ховар»/. Агентии назорат дар соҳаи маориф ва илми назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон дар нимсолаи якуми соли 2026 муайян намуд, ки дар ҷумҳурӣ сифати таҳсилот дар муассисаҳои таҳсилоти миёнаи умумӣ 36,1 фоиз ва дараҷаи азхудкунӣ 85 фоиз мебошад. Сифати таҳсилот дараҷаи мувофиқати дониш, маҳорат ва малакаи хонандагон ба талаботи давлат ва ҷомеа мебошад. Он нишон медиҳад, ки раванди таълим то чӣ андоза муваффақ буда, ба хонанда барои ҳаёти оянда ва кор дар ҷомеа чӣ гуна дониш медиҳад.
Муайяннамоии сифати таҳсилот
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон таъкид намудаанд, ки «…сифати таҳсил дар оянда низ ҳамчун масъалаи муҳимтарини соҳаи маориф боқӣ мемонад. Барои таъмин намудани сифати таълим то имрӯз аз ҷониби Ҳукумати мамлакат, вазорату идораҳои дахлдор ва муассисаҳои таълимӣ корҳои зиёде амалӣ гардидаанд, вале барои ислоҳи вазъ дар ин самт бояд тадбирҳои ҷиддӣ ва қатъӣ андешида шаванд…». Сифати таҳсил нишондиҳандаи асосии рушди мактаб, пешрафти ҷомеа ва ояндаи давлат мебошад.
Тавре аз Агентии назорат дар соҳаи маориф ва илми назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон иттилоъ доданд, дар нимсолаи якуми соли 2026 барои муайян намудани сифати таҳсил ва сатҳи донишазхудкунии хонандагону донишҷӯён 566 муассисаи таълимӣ аз санҷиши сатҳи сифати таҳсилот ва аттестатсияи давлатӣ гузаронида шуд, ки нисбат ба ҳамин давраи соли 2025 93 муассиса зиёд мебошад.
Директори Агентии назорат дар соҳаи маориф ва илми назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Муҳаммадтоир Саидзода зимни нишасти матбуотӣ иброз намуд, ки шуруъ аз соли 2023 дар Тоҷикистон лоиҳаи Бонки ҷаҳонӣ «Муҳити таълим–асоси таҳсилоти босифат» татбиқ мегардад. Яке аз бандҳои он «Мутобиқ намудани меъёрҳои арзёбии меъёрии сифати таҳсилот ба стандартҳои байналмилалӣ» аст. Дар доираи он моҳи майи соли 2026 озмоиши аввалини арзёбии сифати таҳсил дар 25 муасисаи таҳсилоти миёнаи умумӣ гузаронида шуд. Омӯзиш дар асоси таҷрибаи ду давлат- Британияи Кабир ва Нидерландия гузаронида шуда, натиҷаи он ба Ҳукумати мамлакат пешниҳод мегардад.
Таъкид гардид, ки дар мамлакат сифати таҳсилот тибқи талаботи барномаи аттестатсия давлатии арзёбии сифати таҳсил аз рӯй якчанд меъёр санҷида мешавад. Яъне, он муайян намудани асосҳои меъёриву ҳуқуқи таъсиси муассиса, таъминоти моддӣ техникӣ, таъминоти кардӣ, инчунин самти корҳои иҷтимоии тарбиявӣ ва меъёрҳои идоракунии муассисаи таълимиро фаро мегирад.
Сифати таҳсилотро чӣ гуна метавон баланд намуд?
«Дар марҳилаи нави рушди Ҷумҳурии Тоҷикистон, бахусус бахши маориф ва илм мушкилот дар шакли сифати таҳсилот дар ҳама зинаи таҳсил, мутаассифона, боқӣ мондааст. Яъне сифати таҳсилоте, ки мо дар нимсолаи якум дар муқоиса ба ҳамин давраи соли 2025 муайян намудем, хуб буд, аммо натиҷаи он дар маҷмуъ қонеъкунанда нест, яъне пасттар аст. Дар муассисаҳои таълимӣ сифати таҳсил ва шароит беҳтар шудааст, аз ин рӯ натиҷаи таҳсилот низ сол то сол бояд баланд гардад», — афзуд Муҳаммадтоир Саидзода
Мутахассисони соҳаи маориф таъкид менамоянд, ки сифати таҳсилот бояд ба стандартҳои муосир, талаботи бозори меҳнат ва рушди ҳамаҷонибаи шахсият мувофиқат кунад. Он на танҳо бо азхудкунии донишҳои назариявӣ, балки бо қобилияти истифодаи амалии онҳо дар ҳаёти воқеӣ чен карда мешавад.
Барои баланд бардоштани сифати таҳсил, пеш аз ҳама, мазмун ва усули таълим бояд ба талаботи замон, хусусияти синнусолӣ ва ниёзҳои воқеии хонандагон мувофиқ бошад. Дарс бояд барои хонанда фаҳмо, шавқовар, мақсаднок бошад ва ба фаъолияти мустақилона равона карда шавад.
Саҳми волидайн дар донишазхудкунии фарзанд
Дар барорати муассисаи таълимӣ волидайн низ дар баланд бардоштани сатҳи донишазхудкунии фарзанд саҳм доранд. Яъне, волидайн шарики муҳими мактаб дар таълиму тарбияи насли наврас мебошанд. Волидайн агар ба таҳсили фарзанд таваҷҷуҳ зоҳир намоянд, бо омӯзгор ҳамкорӣ намуда, барои мутолиа ва иҷрои вазифаҳои хонагӣ шароит фароҳам оранд ва дар дили фарзанд меҳри донишро ҷой диҳанд, натиҷаҳои омӯзиш беҳтар мегарданд. Мактаб ва оила бояд бар асоси эҳтиром, эътимод ва масъулияти муштарак ҳамкорӣ кунанд.
Директори Агентии назорат дар соҳаи маориф ва илми назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон иброз дошт, ки барои баланд бардоштани сифати таҳсил волидайн бояд бо муассисаи таълимӣ ҳамкорӣ намоянд. Танҳо дар якҷоягӣ мо метавонем ба натиҷаҳои дилхоҳ бирасем.
Фирӯза ДАВЛАТЗОДА,
АМИТ «Ховар»
АКС: АМИТ «Ховар»








Дар Донишгоҳи давлатии Кӯлоб ба ифтихори 35-солагии Истиқлоли давлатӣ ҳамоиши тантанавӣ доир шуд
Байни Донишгоҳи байналмилалии забонҳои хориҷии Тоҷикистон ва Донишгоҳи Вестминстер Ёддошти тафоҳум ба имзо расид
Кормандони Донишгоҳи миллии Тоҷикистон бо мукофотҳои давлатӣ сарфароз гардиданд
Дар Донишгоҳи байналмилалии сайёҳӣ ва соҳибкории Тоҷикистон маросими супоридани мукофотҳои давлатӣ баргузор шуд
Оид ба дастовардҳои илмии Тоҷикистон дар солҳои соҳибистиқлолӣ ҳамоиш доир шуд
«Барномаи давлатии такмили таълим ва омӯзиши забонҳои русӣ ва англисӣ барои давраи то соли 2030» баррасӣ гардид
Панҷ нуктаи омӯзанда аз Рӯзи дониш ва Дарси сулҳ бо паёми Президенти Тоҷикистон
Дар Донишгоҳи аграрии Тоҷикистон синфхонаи замонавӣ барои донишҷӯён ба истифода дода шуд
Президенти Фонди ОПЕК оид ба рушди байналмилалӣ бо имконоти Донишгоҳи байналмилалии сайёҳӣ ва соҳибкории Тоҷикистон шинос гардид
Муҳаққиқи ҷавони тоҷик Омина Холиқзода дар Чин соҳиби медалҳои тилло ва нуқра гардид
Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон дар шаҳри Душанбе Муассисаи таълимии ғайридавлатии таҳсилоти миёнаи умумии «Имкон»-ро ба истифода доданд
35-СОЛАГИИ ИСТИҚЛОЛИ ДАВЛАТӢ. Дар назди 12 муассисаи таълимии шаҳри Ваҳдат биною синфхонаҳои иловагӣ ба истифода дода мешаванд






