Дараи Камароб дорои захираҳои нодири агробиологӣ ва имконияти васеи рушди кишоварзии кӯҳистон аст
ДУШАНБЕ, 02.08.2026 /АМИТ «Ховар»/. Ноҳияи Рашт аз ҷумлаи ноҳияҳои муҳими аграрии ҷумҳурӣ ба ҳисоб рафта, дар таъмини амнияти озуқавории мамлакат саҳми назаррас дорад. Аксари сокинони ноҳия дар баландиҳои аз 1350 то 3000 метр аз сатҳи баҳр зиндагӣ намуда, асосан ба кишоварзӣ машғул мебошанд.
— Иқлими минтақа барои рушди соҳаҳои гуногуни кишоварзӣ мусоид арзёбӣ мегардад. Давомнокии мавсими гармо аз 128 то 216 рӯз буда, ҳарорати миёнаи ҳаво дар моҳи июл аз +18 то +24 дараҷа ва дар моҳи январ аз 5 то 10 дараҷа сардиро ташкил медиҳад. Бориши солона низ аз 600 то 900 миллиметр буда, барои рушди боғдорӣ, картошкапарварӣ, сабзавоткорӣ, чорводорӣ, занбӯрпарварӣ ва ҷангалпарварӣ шароити мусоид фароҳам меорад.
Тибқи маълумоти оморӣ, дар ноҳияи Рашт беш аз 3000 хоҷагии деҳқонӣ (фермерӣ), як кооперативи истеҳсолӣ ва чор ассотсиатсияи хоҷагиҳои деҳқонӣ – «Файзи Рашт», «Механизаторон», «Истифодабарандагони об» ва «Занбӯри асал» фаъолият доранд. Дар сохтори кишоварзии ноҳия майдони боғот ва кишти зироати картошка ва ғалладонагиҳо бартарӣ доранд.
Дараи Камароби ноҳияи Рашт аз ҷумлаи минтақаҳои дорои захираҳои ғании агробиологӣ маҳсуб шуда, бо навъҳои нодири дарахтони мевадиҳанда, имконияти васеи рушди картошкапарварӣ, боғдорӣ, чорводорӣ ва занбӯрпарварӣ таваҷҷуҳи олимонро ҷалб намудааст. Натиҷаҳои омӯзиши олимони Институти ботаника, физиология ва генетикаи растаниҳои Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон нишон медиҳанд, ки ин минтақа метавонад дар ҳифзи гуногунии биологӣ, рушди селексия ва таҳкими амнияти озуқавории мамлакат нақши муҳим дошта бошад.
Ин хулосаҳо зимни сафари илмии гурӯҳи олимони Институти ботаника, физиология ва генетикаи растаниҳои Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон ба дараи Камароби ноҳияи Рашт ба даст омадаанд.
Олимон зимни сафар вазъи гуногунии агробиологии минтақа, захираҳои генетикии зироат ва дарахтони мевадиҳандаи маҳаллӣ, инчунин имконияти рушди соҳаҳои гуногуни кишоварзиро мавриди омӯзиш қарор дода, бо сокинон ва кишоварзони маҳаллӣ вохӯрӣ намуданд.
Дараи Камароб дар ҳудуди Ҷамоати деҳоти ба номи Боқӣ Раҳимзода ҷойгир шудааст. Дар ҳудуди ин ҷамоат 21 деҳа мавҷуд буда, шумораи умумии аҳолии он бештар аз 13 500 нафарро ташкил медиҳад. То солҳои 50-уми асри гузашта дараи Камароб яке аз минтақаҳои сераҳолитарини ноҳияи Рашт ба ҳисоб мерафт ва дар ҳудуди он деҳаҳои Дашти хирсон, Гӯри девона, Андар, Сархаф, Фаркакҳо, Ҷаракҳо, Ҷангали сӯхта, Ҳавзак, Камароби калон, Майдони Қурбон, Себҳои нигорӣ, Қилич, Беоб, Нуҳбоғи боло, Ғавдиён, Хормиҷон, Сайёд, Сеқӯша, Хубдара, Шак-Шак, Хоҷаи чобук, Дубурса, Дидӣ, Сиёҳҷангалаки боло, Сиёҳҷангалаки поён, Баҳорак, Хӯҷаи Ванҷирӯд, Хадангоҳ ва Корҷӯшон ҷойгир буданд. Аҳолии деҳаҳои номбурда баъди заминҷунбии Ҳоит дар нимаи дуюми солҳои 50-уми асри гузашта ба водии Вахш муҳоҷир карда шуданд.
Занбӯрпарварӣ дар дараи Камароб яке аз соҳаҳои даромаднок ба шумор рафта, миқдори оилаҳои занбӯр ин ҷо сол аз сол афзоиш меёбад. Дар ҳудуди дараи Камароб давоми сол беш аз 2 ҳазор тонна картошка, 600 тонна мева, 100 тонна ғалла, 500 тонна гӯшт, 1700 тонна шир, 15 тонна асал ва дигар маҳсулоти кишоварзӣ истеҳсол карда мешавад.
Зимни сафар олимон дар деҳаи қадимаи Нуҳбоғ бо занбӯрпарвари маъруфи дараи Камароб Маҳмадғафур Тоиров вохӯрӣ намуданд. Ӯ ҳамроҳ бо се писараш асосан ба чорводорӣ ва занбӯрпарварӣ машғул буда, ҳамасола то 2 тонна асали хушсифат ва дигар маҳсулоти кишоварзӣ истеҳсол менамояд.
Инчунин дараи Камароб дорои гуногунии агробиологии бойи навъу намунаҳои дарахтони мевадиҳандаи маҳаллӣ, аз ҷумла навъҳои нодири тут, себ, чормағз, гелос, олучаҳои гуногуни кӯҳӣ, зардолу, ангур, шафтолу, олу ва ғайра буда, онҳо аз ҷиҳати ҳосилнокӣ ва шаклу ранги мева хусусияти хос доранд.
Дар дараи Камароб баъзе сокинон дар баландии 2500 метр аз сатҳи баҳр боғҳои интенсивии себу нок бунёд намудаанд. Ин боғҳо бо усули обёрии қатрагӣ нигоҳубин шуда, бо сарфи ками об ҳосили фаровон медиҳанд.
Навъу намунаҳои маҳаллии дарахтони мевадиҳанда ва сояафкан, ки маҳсули селексияи мардумӣ мебошанд, пас аз кӯчонидани аҳолӣ беш аз 60 сол дар дараи Камароб бе нигоҳубин ва дахолати инсон дар шароити табиӣ боқӣ мондаанд. Бо вуҷуди ин, онҳо хусусияти арзишманди худ, аз ҷумла ҳосилнокии баланд, таъми хуши мева ва аломатҳои морфологию физиологӣ ва генетикиро нигоҳ доштаанд.
Баландии танаи баъзе аз дарахтони себҳои маҳаллӣ ба 8-10 метр расида, ғафсии танаи онҳо 1.0-1.5 метрро ташкил медиҳад. Меваи навъҳои себ сероб ва хушлаззат мебошад. Ҳосилнокии як дарахти себ ба 80-100 килограмм мерасад.
Дар мавзеи дараи Камароб навъҳои чормағзи ҳамелӣ, бепӯст, сафедмағз, сиёҳмағз ва кӯрак маълуму машҳуранд. Баландии танаи баъзе дарахтони чормағз ба 30-40 метр ва ғафсии танаашон 1.5-2.0 метрро ташкил дода, дарахтони алоҳида 120-150 килограмм ҳосил медиҳанд.
Дар чарогоҳҳои тобистонаи доманакӯҳҳои осмонбӯси дараи Камароб захираҳои алафҳои бисёрсолаи серғизои табиии хӯроки чорво хеле фаровон аст ва барои рушди соҳаи чорводорӣ аҳаммияти хоса доранд. Ҳамасола дар чарогоҳҳои тобистонаи дараи Камароб беш аз сад ҳазор сар чорвои майдаву калони шохдор чаронида мешавад. Дар мавзеи дараи Камароб деҳқонон ба картошкапарварӣ диққати махсус медиҳанд. Заминҳои ҳосилхез ва иқлими муътадил ба нашъунамои навъҳои гуногуни картошка ва ба даст овардани ҳосили баланди ин зироат мусоидат менамояд.
Дар водии Рашт солҳои охир навъи картошкаи «Тоҷикистон» дар майдони васеъ кишт карда мешавад. Ин навъ маҳсули селексияи олимони тоҷик буда, нисбат ба навъҳое, ки аз хориҷи мамлакат ворид мегарданд, бартарии зиёд дошта, ба шароити иқлими водии Рашт мутобиқ аст. Деҳқонон аз кишти он аз ҳар гектар 350-400-сентнерӣ ҳосил ба даст меоранд.
Ба андешаи олимон, бо назардошти тағйирёбии иқлим зарур аст, ки таҳқиқоти илмӣ дар минтақаҳои кӯҳии мамлакат густариш ёфта, дар корҳои селексионӣ аз навъҳои маҳаллии зироат ва имконияти табиии кӯҳистон васеъ истифода бурда шавад. Ин иқдом метавонад барои офаридани навъҳои нави ба тағйирёбии иқлим мутобиқ ва серҳосил замина фароҳам оварад.
Қурбоналӣ ПАРТОЕВ,
доктори илмҳои кишоварзӣ,
Мавлон ҚУРБОНОВ,
номзади илмҳои кишоварзӣ
АКС аз бойгонӣ








Дар минтақаи Кӯлоб дар 204,7 гектар ҷангалзори нав бунёд гардид
ТАШАББУСИ ҶАҲОНИИ ТОҶИКИСТОН: аз фарҳанги сулҳ то амнияти наслҳои оянда
ИСТИФОДАИ САМАРАНОКИ ЗАМИН. Дар шаҳри Конибодом кишти такрорӣ идома дорад
ПУРСИДЕД, ҶАВОБ МЕДИҲЕМ. Чӣ гуна патентро аз даст надода, фаъолияти меҳнатиро дар Русия ба таври қонунӣ анҷом додан мумкин аст?
Дар Тоҷикистон барои хонандагони синфи якум давраи мутобиқшавӣ гузаронида мешавад
Ҷалби сармоя ба соҳаи энергетикаи Тоҷикистон бо намояндагони ширкати «Рокс Групп»-и Ветнам баррасӣ гардид
Оғози хизматрасонии байналмилалии пардохтии Apple Pay дар Тоҷикистон баррасӣ шуд
Корхонаи коркарди партовҳои сахти маишӣ ва истеҳсоли неруи барқ бунёд карда мешавад
Дар Тоҷикистон соли 2026 ҳаҷми маблағи кумакпулии унвонии иҷтимоӣ бештар гардидааст
Дар минтақаҳои ҳавзаи дарёҳои Қаратоғ ва Зарафшон қариб 95 фоизи захираи барфи мавсимӣ об шудааст
Дар доираи татбиқи 6 созишномаи сармоягузорӣ дар Тоҷикистон беш аз 2 ҳазор ҷойи нави кор таъсис дода мешавад
АҲАМИЯТИ ГЕОСТРАТЕГИИ ҚАТЪНОМАИ «ДАҲСОЛАИ БАЙНАЛМИЛАЛӢ ОИД БА ТАҲКИМИ СУЛҲ БАРОИ НАСЛҲОИ ОЯНДА». Мулоҳизаҳо дар ин маврид






