ИСТИҚЛОЛИЯТ ВА РУШДИ МАОРИФ. Давоми 35 соли соҳибистиқлолӣ модели муосири мактаби миллӣ ташаккул ёфт
ДУШАНБЕ, 31.08.2026 /АМИТ «Ховар»/. Имрӯз дар тамоми муассисаҳои таълимии Тоҷикистон, новобаста аз шакли ташкилию ҳуқуқӣ соли нави таҳсил оғоз меёбад. Соли нави хониш дар тамоми муассисаҳои таълимӣ бо тамошои дастҷамъонаи суханронии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба муносибати Рӯзи дониш ва Дарси сулҳ оғоз мешавад. Чун анъана дар тамоми муассисаҳои таълимӣ ҷамъомади идона баргузор шуда, омӯзгорон хонандагонро барои азхуд намудани дониши хубу аъло ва минбаъд омода будан барои хизмати шоиставу арзанда ба Ватану миллат даъват менамоянд.
Аз рӯзҳои аввали соҳибистиқлолии Тоҷикистон дар натиҷаи татбиқи пайгиронаи ислоҳоти соҳа низоми маорифи мамлакат тадриҷан рушд намуда, ба дастовардҳои назаррас ноил гардид. Дар арафаи ҷашни 35-солагии Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва ба муносибати Рӯзи дониш ва Дарси сулҳ хабарнигори АМИТ «Ховар» бо Вазири маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон доир ба рушди соҳаи маориф ҳамсуҳбат гардид.
АМИТ «Ховар»: Давоми 35 соли соҳибистиқлолӣ барои рушди соҳаи маориф чӣ тадбирҳо анҷом дода шуданд?
Раҳим Саидзода: Бо талошу пайкори Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон сулҳу субот дар мамлакат барқарору таҳким ёфт ва барои рушди устувори ҳама соҳаҳои ҳаёти ҷомеа заминаи мусоид фароҳам омад. Аз рӯзҳои аввали соҳибистиқлолӣ, сарфи назар аз вазъи бисёр душвори сиёсиву иқтисодӣ Пешвои миллат соҳаи маорифро ҳамчун яке аз самтҳои афзалиятноки сиёсати давлатӣ муайян намуданд. Давоми 35 соли соҳибистиқлолӣ даҳҳо қонун, консепсия, стратегия ва барномаҳои давлатӣ қабул гардида, заминаи ҳуқуқии рушди соҳаи маориф ба таври куллӣ такмил дода шуд. Шабакаи муассисаҳои таълимӣ васеъ гардид, таҳсилоти томактабӣ рушд ёфт, низоми таҳсилоти умумӣ ва касбӣ такмил пайдо кард, муассисаҳои таҳсилоти миёна ва олии касбӣ зиёд шуданд, низоми баҳодиҳии дониш такмил ёфт, фаъолияти илмӣ-таҳқиқотӣ ва инноватсионӣ густариш пайдо намуд.
АМИТ «Ховар»: Яке аз нишондиҳандаҳои асосии арзёбии сиёсати давлатӣ дар самти рушди сармояи инсонӣ сатҳи маблағгузории соҳаи маориф мебошад. Дар даврони соҳибистиқлолӣ маблағгузории соҳаи маориф чӣ гуна афзоиш ёфт?
Раҳим Саидзода: Бо иродаи қавии сиёсӣ, диди стратегии давлатдорӣ ва таваҷҷуҳи пайвастаи Сарвари давлат соҳаи маориф самти афзалиятноки сиёсати давлатӣ эълон гардида, маблағгузории он сол аз сол афзоиш ёфт. Соли 2026 барои соҳаи маориф аз ҳисоби буҷети давлатӣ 13 миллиарду 677 миллиону 300 ҳазор сомонӣ пешбинӣ шуд, ки нисбат ба соли 2020 қариб 2,7 баробар ва нисбат ба соли 2001 224 баробар зиёд мебошад. Ҳаҷми маблағгузории соҳаи маориф ба 7 фоизи маҷмуи маҳсулоти дохилӣ ва 20,4 фоизи хароҷоти умумии буҷети давлатӣ баробар гардидааст.
АМИТ «Ховар»: Таҳсилоти томактабӣ барои ташаккули қобилияти зеҳнии кӯдакон марҳалаи хеле муҳим ба ҳисоб меравад. Барои фарогирии бештари кӯдакон ба ин зина чӣ тадбирҳо андешида шуданд?
Раҳим Саидзода: Таҳсилоти томактабӣ имрӯз дар тамоми ҷаҳон ҳамчун зинаи аввал ва муҳимтарини низоми таҳсилот эътироф гардида, дар ташаккули шахсият, рушди қобилияти зеҳнӣ, иҷтимоӣ, маънавӣ ва ҷисмонии кӯдак нақши ҳалкунанда дорад. Дар Ҷумҳурии Тоҷикистон низ бо ба даст овардани Истиқлоли давлатӣ муносибат нисбат ба таҳсилоти томактабӣ куллан тағйир ёфт. Таҳлили нишондиҳандаҳои оморӣ нишон медиҳад, ки агар соли 2010 дар ҷумҳурӣ 488 муассисаи таҳсилоти томактабӣ фаъолият дошта бошад, пас соли 2026 шумораи онҳо ба 795 муассиса расидааст. Ин нишондиҳанда далели равшани он аст, ки давлат рушди ин зинаи таҳсилотро ҳамчун яке аз самтҳои афзалиятноки сиёсати иҷтимоӣ ва сармоягузорӣ ба рушди инсон муайян кардааст.
АМИТ «Ховар»: Таҳсилоти миёнаи умумӣ низ меҳвари асосии низоми маорифи ҳар давлат маҳсуб мешавад. Бигӯед, ки барои рушди он чӣ корҳо анҷом дода шуданд?
Раҳим Саидзода: Воқеан, маҳз дар ҳамин зинаи таҳсилот ҷаҳонбинии илмӣ, худшиносии миллӣ, фарҳанги шаҳрвандӣ, тафаккури интиқодӣ ва малакаҳои ибтидоии касбии насли наврас ташаккул меёбанд. Аз ин рӯ, рушди таҳсилоти миёнаи умумӣ дар тамоми кишварҳои пешрафта ҳамчун яке аз самтҳои афзалиятноки сиёсати давлатӣ эътироф гардидааст.
Дар Ҷумҳурии Тоҷикистон низ дар солҳои соҳибистиқлолӣ рушди таҳсилоти миёнаи умумӣ ба яке аз самтҳои калидии сиёсати давлатии соҳаи маориф табдил ёфт. Яке аз хусусияти муҳимми ислоҳоти таҳсилоти умумӣ дар Тоҷикистон аз он иборат буд, ки он танҳо бо тағйироти сохтории муассисаҳои таълимӣ маҳдуд нагардид. Баръакс, ислоҳот тамоми ҷанбаҳои фаъолияти мактабро фаро гирифт: аз такмили қонунгузорӣ, таҳияи стандартҳои давлатии таҳсилот ва навсозии мазмуни таълим то омодасозии омӯзгорон, таҳияи китобҳои дарсӣ, татбиқи технологияҳои муосири таълим, такмили низоми идоракунӣ ва баҳодиҳии сифати таҳсил. Дар натиҷаи татбиқи пайгиронаи ин ислоҳот давоми 35 соли истиқлол модели муосири мактаби миллӣ ташаккул ёфт, ки дар он таҷрибаи пешрафтаи ҷаҳонӣ бо арзишҳои таърихӣ, фарҳангӣ ва миллии тоҷикон ба таври ҳамоҳанг муттаҳид гардидааст.
Дар ин самт қабули Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи маориф», Консепсияи миллии таҳсилот, Стандарти давлатии таҳсилоти умумӣ, стратегияҳои рушди соҳа ва дигар санадҳои меъёрии ҳуқуқӣ барои ташаккули модели миллии таҳсилот заминаи устувори ҳуқуқӣ фароҳам оварданд. Ин ҳуҷҷатҳо принсипҳои нави ташкил ва идоракунии муассисаҳои таълимӣ, муносибатҳои байни иштирокчиёни раванди таълим ва талаботи муосирро нисбат ба сифати таҳсил муайян намуданд.
АМИТ «Ховар»: Афзоиши аҳолӣ талабот ба муассисаҳои таҳсилоти миёнаи умумиро низ зиёд намуд. Мегуфтед, ки давоми 35 соли Истиқлолияти давлатӣ шумораи муассисаҳои таҳсилоти миёнаи умумӣ дар мамлакат ба чанд адад расид?
Раҳим Саидзода: Нишондиҳандаҳои оморӣ аз рушди муассисаҳои таҳсилоти умумӣ шаҳодат медиҳанд. Агар дар соли таҳсили 1991-1992 дар ҷумҳурӣ 3179 муассисаи таҳсилоти умумӣ фаъолият дошт, аз ҷумла 614 муассисаи таҳсилоти ибтидоӣ, 634 муассисаи таҳсилоти умумии асосӣ, 1916 муассисаи таҳсилоти миёнаи умумӣ, як гимназия ва 14 мактаб-интернат барои кӯдакони ятиму бепарастор ва кӯдакони дорои имконияти маҳдуди ҷисмонӣ ва равонӣ, пас дар соли таҳсили 2025-2026 шумораи муассисаҳои таҳсилоти умумӣ ба 4056 адад расидааст. Аз ин шумора 272 муассисаи таҳсилоти ибтидоӣ, 308 муассисаи таҳсилоти умумии асосӣ ва 3476 муассисаи таҳсилоти миёнаи умумӣ мебошанд. Ин афзоиш аз густариши дастрасии аҳолӣ ба таҳсилоти умумӣ ва таваҷҷуҳи пайвастаи давлат ба рушди соҳа шаҳодат медиҳад.
АМИТ «Ховар»: Тавре таъкид намудед, шумораи муассисаҳои таълимӣ дар мамлакат зиёд гардида, аз ин рӯ талабот ба кадрҳо низ бештар мегардад. Иқтидори кадрии соҳа чӣ гуна аст?
Раҳим Саидзода: Дар соли таҳсили 2025-2026 дар муассисаҳои таҳсилоти умумии ҷумҳурӣ 136 ҳазору 116 омӯзгор фаъолият менамоянд, ки нисбат ба соли таҳсили 1991-1992 беш аз 41 ҳазор нафар зиёд мебошад. Ин нишондиҳанда натиҷаи тадбирҳои пайгиронаи давлат дар самти омодасозӣ, бозомӯзӣ ва ҳавасмандгардонии кадрҳои омӯзгорӣ мебошад.
АМИТ «Ховар»: Дар зинаи таҳсилоти олии касбӣ кадом навгониҳо рӯи кор омаданд?
Раҳим Саидзода: Дар низоми муосири маориф таҳсилоти олии касбӣ ҳамчун зинаи асосии омодасозии мутахассисони баландихтисос ва рушди иқтидори илмӣ, технологӣ, иқтисодӣ ва фарҳангии кишвар нақши калидӣ дорад. Баъди ба даст овардани Истиқлоли давлатӣ Ҷумҳурии Тоҷикистон рушди таҳсилоти олии касбиро низ ҳамчун яке аз самтҳои стратегии сиёсати давлатӣ муайян намуд. Таҳлили рушди таҳсилоти олии касбӣ дар давраи соҳибистиқлолӣ нишон медиҳад, ки дар ин самт дигаргуниҳои сифатӣ ва миқдорӣ ба амал омадаанд. Агар соли 1992 дар ҷумҳурӣ ҳамагӣ 13 муассисаи таҳсилоти олии касбӣ фаъолият дошта, дар онҳо 70 ҳазору 600 нафар донишҷӯ таҳсил мекард, имрӯз дар 51 муассисаи таҳсилоти олии касбӣ зиёда аз 226 ҳазор донишҷӯ ба таҳсил фаро гирифта шудаанд. Ин нишондиҳандаҳо аз афзоиши талаботи ҷомеа ба таҳсилоти олӣ ва тавсеаи имконияти давлат барои омода намудани мутахассисони соҳибихтисос шаҳодат медиҳанд.
АМИТ «Ховар»: Яке аз самтҳои афзалиятноки сиёсати давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар даврони соҳибистиқлолӣ таҳкими ҳамгироии таҳсилот, илм ва истеҳсолот мебошад. Кор дар ин самт чӣ тавр ба роҳ монда мешавад?
Раҳим Саидзода: Яке аз муҳимтарин дастовардҳои сиёсати давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар самти рушди илм ташаккули низоми миллии аттестатсияи кадрҳои илмӣ ва илмӣ-педагогӣ мебошад. Дар таҷрибаи байналмилалӣ сатҳи рушди илм на танҳо аз рӯйи шумораи муассисаҳои илмӣ ё ҳаҷми маблағгузорӣ, балки аз мавҷудияти низоми мустақил, шаффоф ва эътирофшудаи омодасозӣ ва аттестатсияи кадрҳои илмӣ вобаста мебошад.
Бо дарки аҳаммияти стратегии ин масъала бо Фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 12 августи соли 2014 Комиссияи олии аттестатсионии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон таъсис дода шуд. Ин иқдом марҳилаи нави рушди низоми илмии кишварро оғоз бахшид. Бори аввал Ҷумҳурии Тоҷикистон соҳиби низоми мустақили давлатии аттестатсияи кадрҳои илмӣ гардид, ки тамоми марҳалаҳои омодасозӣ, экспертиза, ҳимоя ва эътирофи дараҷаҳои илмиро дар асоси қонунгузории миллӣ ба танзим медарорад. Дар натиҷа, имконоти ҳимояи рисолаҳои илмӣ дар дохили кишвар васеъ гардида, сифати омодасозии кадрҳои илмӣ ва самаранокии фаъолияти шуроҳои диссертатсионӣ ба таври назаррас баланд гардид.
Дар замони соҳибистиқлолӣ низоми идоракунии илм таҷдиди сохторӣ гардида, заминаи ҳуқуқии фаъолияти илмӣ такмил ёфт, низоми миллии аттестатсияи кадрҳои илмӣ ташаккул пайдо намуд, иқтидори илмии муассисаҳои таҳсилоти олӣ таҳким ёфт, инфрасохтори инноватсионӣ рушд кард ва заминаҳои ташаккули иқтисодиёти донишбунёд тадриҷан фароҳам оварда шуданд.
АМИТ «Ховар»: Таъмини муассисаҳои таълимӣ бо китобҳои дарсии ҷавобгӯ ба талаботи замон яке аз самтҳои муҳимми сиёсати давлатӣ дар соҳаи маориф мебошад. Дастовардҳо дар ин самтро чӣ гуна арзёбӣ менамоед?
Раҳим Саидзода: Ҷумҳурии Тоҷикистон дар даврони соҳибистиқлолӣ дар самти таъмини муассисаҳои таълимӣ бо китобҳои дарсӣ ва адабиёти таълимӣ ба дастовардҳои назаррас ноил гардид. Дар ин давра заминаи ҳуқуқии соҳа такмил ёфта, сохтори махсуси давлатӣ оид ба таҳия, экспертиза, нашр ва муомилоти китобҳои дарсӣ таъсис дода шуд. Ҳамзамон садҳо номгӯй китобҳои дарсӣ, дастурҳои таълимӣ ва методӣ, барномаҳои таълимӣ ва дигар маводи омӯзишӣ мутобиқ ба стандартҳои давлатии таҳсилот таҳия ва нашр гардиданд. Дар муҳтавои китобҳои дарсӣ муносибати босалоҳият ба таълим, арзишҳои миллӣ, дастовардҳои илмӣ ва талаботи таҳсилоти муосир инъикос пайдо намуданд. Дар натиҷа, иқтидори миллии таълифи китобҳои дарсӣ ташаккул ёфта, барои рақамикунонӣ ва таҳияи захираҳои электронии таълимӣ низ заминаҳои устувор фароҳам оварда шуданд. Ҳамаи ин гувоҳи он аст, ки Ҷумҳурии Тоҷикистон дар муддати нисбатан кӯтоҳи таърихӣ тавонист низоми мустақил, устувор ва мутобиқ ба талаботи таҳсилоти муосири таҳия ва таъмини китобҳои дарсиро ташаккул диҳад.
АМИТ «Ховар»: Имрӯз байни Тоҷикистон ва давлатҳои хориҷӣ созишномаҳои ҳукуматӣ дар соҳаи маориф ва илм амал мекунанд. Мегуфтед, ки ин созишномаҳо ба кадом самтҳо равона шудаанд?
Раҳим Саидзода: Дар давраи соҳибистиқлолӣ Ҷумҳурии Тоҷикистон бо даҳҳо давлат ва созмонҳои байналмилалӣ заминаи устувори ҳуқуқии ҳамкориро дар соҳаи маориф ва илм ташаккул дод. Имрӯз байни Ҷумҳурии Тоҷикистон ва кишварҳои хориҷӣ зиёда аз 120 созишномаи байниҳукуматӣ дар соҳаи маориф, илм ва техника ва зиёда аз 80 созишномаи байниидоравӣ амал мекунанд. Ин санадҳо самтҳои муҳимми ҳамкорӣ, аз ҷумла омодасозии кадрҳои баландихтисос, мубодилаи донишҷӯён ва омӯзгорон, татбиқи лоиҳаҳои муштараки илмӣ, эътирофи ҳуҷҷатҳои таҳсилотӣ, ҳамкории муассисаҳои таҳсилоти олӣ ва рушди фаъолияти илмиро фаро мегиранд. Дар натиҷаи татбиқи ин созишномаҳо имконияти нави рушди низоми таҳсилот, баланд бардоштани сифати таълим ва ҳамгироии илми ватанӣ ба фазои байналмилалии илм ба вуҷуд омад.
АМИТ «Ховар»: Яке аз самтҳои муҳимми ҳамкорӣ рушди таҳсили шаҳрвандони Ҷумҳурии Тоҷикистон дар муассисаҳои таҳсилоти олии касбии кишварҳои хориҷӣ мебошад. Тибқи омор, дар айни замон шумораи донишҷӯёни дар хориҷ таҳсилдошта чӣ қадар аст?
Раҳим Саидзода: Имрӯз зиёда аз 42 ҳазор шаҳрванди Тоҷикистон аз рӯйи ихтисосҳои барои иқтисодиёти миллӣ муҳим дар донишгоҳҳои хориҷӣ таҳсил менамоянд. Имрӯз донишҷӯёни тоҷик дар муассисаҳои таҳсилоти олии касбии Федератсияи Русия, Ҷумҳурии Мардумии Чин, Ҷумҳурии Корея, Ҷопон, Туркия, Маҷористон, Полша, Беларус, Қазоқистон, Малайзия, Индонезия, Тайланд, Марокаш, Сербия, Руминия, Латвия, Ҷумҳурии Озарбойҷон, Кипр ва дигар кишварҳо таҳсил мекунанд. Ин раванд барои омода намудани мутахассисони рақобатпазир ва ворид намудани таҷрибаи пешрафтаи ҷаҳонӣ ба иқтисод ва низоми маорифи мамлакат аҳаммияти муҳим дорад. Дар ин самт нақши Стипендияи байналмилалии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дурахшандагон» махсусан назаррас мебошад. Таъсиси ин барнома яке аз иқдомҳои муҳимми сиёсати давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар самти рушди сармояи инсонӣ ва омодасозии кадрҳои ҷавони соҳибистеъдод ба ҳисоб меравад.
АМИТ «Ховар»: Таҷрибаи 35 соли соҳибистиқлолӣ собит месозад, ки соҳаи маориф ва илм дар Ҷумҳурии Тоҷикистон ба яке аз самтҳои афзалиятноки сиёсати давлатӣ табдил ёфтааст. Дар шароити имрӯза вазифаи асосии маориф ва илм барои таъмини рушди устувор аз чӣ иборат мебошад?
Раҳим Саидзода: Дар натиҷаи сиёсати маорифпарваронаи Сарвари давлат низоми маорифи Ҷумҳурии Тоҷикистон мавқеи худро дар фазои байналмилалии таҳсилот тадриҷан таҳким бахшида, барои ташаккули ҷомеаи донишбунёд ва рушди устувори мамлакат заминаи боэътимод фароҳам овард.
Дар шароити рушди босуръати технологияҳои рақамӣ, иқтисодиёти донишбунёд ва рақобати ҷаҳонӣ ислоҳоти соҳа идома ёфта, сифати таҳсилот, иқтидори илмӣ, рақобатпазирии муассисаҳои таълимӣ ва сатҳи касбияти кадрҳо боз ҳам баланд бардошта мешавад. Дар ин самт саҳми ҳар омӯзгор, муҳаққиқ, донишҷӯ ва шаҳрванди мамлакат муҳим мебошад, зеро бо саъю кӯшиши муштарак метавон рушди устувори маориф ва илмро ҳамчун пояи асосии пешрафти давлат таъмин намуд.
Мусоҳиб Зарангези ЛАТИФ,
АМИТ «Ховар»
АКС: АМИТ «Ховар»








35-СОЛАГИИ ИСТИҚЛОЛИ ДАВЛАТӢ. Дар назди 12 муассисаи таълимии шаҳри Ваҳдат биною синфхонаҳои иловагӣ ба истифода дода мешаванд
«ДУШАНБЕ — ШАҲРИ САБЗ». Дар пойтахт боғи нави фарҳангӣ-фароғатӣ бунёд карда мешавад
35-СОЛАГИИ ИСТИҚЛОЛИ ДАВЛАТӢ. Дар деҳаи Руҳафзои ноҳияи Темурмалик 9 иншооти таъйиноти гуногун ифтитоҳ гардид
Имрӯз дар Тоҷикистон беш аз 240 ҳазор кӯдакон ба синфи якум рафтанд
Аз 1 сентябр донишҷӯёни тоҷик дар Русия метавонанд ҷойи зисти худро тавассути барномаи мобилии «Амина» ба қайд гиранд
НАҚШИ ЗАНОН ДАР ТАҲКИМИ ИСТИҚЛОЛИ ДАВЛАТИИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН. Таҳти ин унвон ҳамоиши илмӣ-назариявӣ доир гардид
Президенти Тоҷикистон: «Падару модарон ба тарбияи фарзандон бояд бо масъулияти баланд муносибат намоянд»
Пешвои миллат дастур доданд, ки сифат ва муҳтавои китобҳои насли нав беҳтар карда шавад
ДУШАНБЕИ ИДОНА. Дар пойтахти Тоҷикистон ба истиқболи 35-солагии Истиқлоли давлатӣ омодагӣ мегиранд
Дар Душанбе китоби «Президент сказал: Любите!…» рӯнамоӣ гардид
35 СОЛИ ИСТИҚЛОЛ ВА МАРҲИЛАИ НАВИ РУШД. Барои ҷомеаи муосири мо ин се даҳсола асри таҳаввулоти ҷиддии фикрӣ, технологӣ ва менеҷмент ба шумор меравад
35 СОЛИ СОҲИБИСТИҚЛОЛИИ ТОҶИКИСТОН. Дар Бадахшон иқтидори энергетикӣ ба 70 МВт расонида шуд






