35 СОЛИ ИСТИҚЛОЛ ВА НАСЛИ МАН. Ватандӯстӣ аз муносибати инсон ба вазифаи хурди ҳаррӯза сарчашма мегирад

Сентябрь 15, 2026 14:16

ДУШАНБЕ, 15.09.2026 /АМИТ «Ховар»/. 9 сентябри соли 1991 барои Тоҷикистон рӯзе аст, ки Ҷумҳурии Тоҷикистон Истиқлолияти давлатияшро эълон кард ва ба марҳилаи нави таърихи давлатдории худ ворид шуд. Имрӯз ин сана барои насли мо танҳо рӯйдоди таърихӣ нест. Он оғози роҳи пурпечутобест, ки дар он давлатсозӣ, сулҳофарӣ, барқарорсозӣ, рушди иқтисодӣ, ташаккули сиёсати хориҷӣ ва мақому ҷойгоҳи Тоҷикистон дар ҷаҳони муосир ба ҳам пайвастанд.

— Сиву панҷ сол дар муқоиса бо таърихи чандҳазорсолаи миллати тоҷик фосилаи кӯтоҳ менамояд, аммо дар ҳаёти инсон 35 сол метавонад як умри таъсирбахш бошад. Дар ҳамин муддат кӯдак ба камол мерасад, оила бунёд мекунад, фарзанд ба воя мерасонад ва шоҳиди он мешавад, ки муҳити зиндагии ӯ чандин бор тағйир меёбад.

Банда низ ба насли ҳамин давра тааллуқ дорам. Аз ин рӯ, истиқлолият барои ман танҳо мафҳуми сиёсӣ, санаи таърихӣ ё мавзуи таҳқиқоти илмӣ набуда, қисми хотираи наслест, ки солҳои аввали соҳибистиқлолии кишварро дидааст, мушкилоти он давраро дарк кардааст ва баъдан марҳила ба марҳила тағйироти ватанашро мушоҳида намудааст. Шояд маҳз ҳамин таҷрибаи зиндагӣ моро водор мекунад, ки ба сиву панҷ соли истиқлолият на танҳо бо эҳсоси ифтихор, балки аз нигоҳи таҳлили воқеӣ низ назар кунем.

Истиқлолият ва давлатдорӣ

Истиқлолият аз назари ҳуқуқӣ соҳибихтиёрии давлат аст. Аммо ба маънои васеътар он раванди ташаккули кишварест, ки бояд тавонад сиёсати худро муайян кунад, манфиатҳои миллиро ҳимоя намояд, амнияти шаҳрвандонро таъмин созад, иқтисоди миллӣ ва ниҳодҳои давлатдориро рушд диҳад ва дар муносибатҳои байналмилалӣ мавқеи худро пайдо кунад.

Аз ин нуқтаи назар, 9 сентябри соли 1991 барои Ватани мо оғози як роҳи бузург ва тақдирсоз буд, аммо ин роҳи пур аз шебу фароз одиву осон набуд. Ин давра яке аз сахттарин озмоишҳо дар таърихи навини давлатдории Тоҷикистон буд. Ҳуҷҷатҳои Созмони Милали Муттаҳид аз талафоти зиёди одамон, оворашавии аҳолӣ ва зарари ҷиддии иқтисодиву иҷтимоии ҷанг шаҳодат медиҳанд. Аз ин рӯ, роҳи тайкардаи Тоҷикистонро бе ба назар гирифтани он солҳои душвор дуруст арзёбӣ кардан имконнопазир аст. Истиқлолият ҳуқуқи мустақил буданро дод, аммо сохтани давлати устувор вазифаи минбаъда гардид. Дар ҳамин замина масъалаи сулҳ ва ваҳдати миллӣ ба яке аз муҳимтарин масъалаҳои таърихи даврони истиқлолият табдил ёфтанд.

Сулҳ — шарти идомаи давлатсозӣ

Дар хотираи ҳар миллат саҳифаҳое ҳастанд, ки ба ёд овардани онҳо дарднок аст. Барои мардуми тоҷик солҳои ҷанги шаҳрвандӣ аз ҷумлаи чунин саҳифаҳо мебошанд. Аммо таърихи навини мамлакат ҳамзамон нишон медиҳад, ки ҳатто аз вазъияти ниҳоят душвор низ роҳи сулҳ ва созишро пайдо кардан мумкин аст. Дар ин раванд нақши роҳбарияти сиёсии мамлакат, бахусус Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон муҳим буд. Президенти мамлакат дар шароите ба роҳбарии давлат омаданд, ки кишвар бо низои мусаллаҳона, буҳрони сиёсӣ ва иқтисодӣ рӯ ба рӯ буд. Аз ҳамон давра расидан ба сулҳ ва барқарор кардани ваҳдати миллӣ ба яке аз вазифаҳои муҳимтарини давлат табдил ёфт.

Дар раванди музокироти байни тоҷикон намояндагони Ҳукумати Тоҷикистон ва Иттиҳоди мухолифини тоҷик, Созмони Милали Муттаҳид ва як қатор кишварҳои миёнараву кафил иштирок карданд. Аммо интихоби роҳи музокира ва расидан ба созиш яке аз қарорҳои тақдирсози ҳукумати кишвар ва давраи ташаккули давлатдории навини Тоҷикистон гардид. Барои кишваре, ки захми ҷангро аз сар гузаронида буд, сулҳ танҳо анҷоми муқовимат набуда, оғози барқарорсозии эътимод, бозгашти гурезагон, барқарор кардани ниҳодҳои давлатӣ ва гузаштан аз муқовимат ба сӯи ҳамкорӣ гардид. Аз ин рӯ, сулҳро метавон яке аз шартҳои муҳимтарини пояҳои рушди минбаъдаи Тоҷикистон донист, ки бевосита асосашро муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон гузоштанд. Зеро танҳо баъд аз барқарор шудани субот имкони гузаштан аз масъалаи зинда мондан ба масъалаи созандагӣ ва рушд фароҳам омад. Созмони Милали Мутаҳид музокироти сулҳи тоҷиконро яке аз намунаҳои олии мувофиқат дар шароити буҳронӣ арзёбӣ карда, омӯзиши ин таҷрибаро барои бартараф кардани низоъҳо ва барқарории осоиштагӣ муҳим хондааст. Зеро сулҳ барои инсон, хосатан дар чунин ҷаҳони зудтағйирёбанда танҳо мафҳуми сиёсӣ нест. Сулҳ имкони ба мактаб рафтани кӯдак, ба кор рафтани падар, дар канори фарзанд будани модар ва имкони обод кардани хонаву орзу кардан дар бораи фардост. Сулҳ ба инсон имкон медиҳад, ки ҳар саҳар на бо тарси он ки имрӯз чӣ рӯй хоҳад дод, балки бо андешаи он ки фардо чӣ сохта метавонад, аз хоб бедор шавад.

Аз барқарорсозӣ ба созандагӣ

Пас аз барқарор шудани сулҳу субот масъалаи асосӣ ба барқарорсозии иқтисод, рушди инфрасохтор, таҳкими институтҳои давлатӣ ва фароҳам овардани заминаҳои нави рушд равона гардид. Роҳи иқтисодии Тоҷикистон, албатта, ҳамеша яксон набуд, аммо дар дурнамои дарозмуддат тағйироти назаррас ба амал омаданд. Тибқи маълумоти Бонки ҷаҳонӣ, ҳаҷми Маҷмуи маҳсулоти дохилии Тоҷикистон дар соли 2025 ба 17,66 миллиард доллар расида, афзоиши солонаи ММД 8,4 фоизро ташкил додааст.  Аммо рақамҳо танҳо вақте маъно пайдо мекунанд, ки мо дар паси онҳо зиндагии инсонро бубинем. Чандин километр мумфарш шудани роҳҳо танҳо маънои осон шудани ҳаракати нақлиётро надорад, он имкони пайваст шудани деҳа бо шаҳр, дастрасӣ ба бозор, таҳсил ва хизматрасониҳоро бештар мекунад. Мактабҳо фақат биноҳои муҳташам нестанд, онҳо маконе ҳастанд, ки тақдири кӯдаконро тағйир медиҳанд. Ё ин ки донишгоҳҳо танҳо муассисаҳои олии таълимӣ набуда, сармоягузорӣ ба зеҳни ояндаи пуриқтидори миллатанд. Неругоҳҳои хурду калон низ барои фароҳам овардани имкони таъмини неру ва заминаи рушди иқтисодӣ бунёд мешаванд, ки намунаи олитарини онҳо иншооти аср ва макони нангу номуси тоҷикон- Неругоҳи барқи обии «Роғун» мебошад. Аз ин рӯ, арзиши аслии рушди кишварро бояд на танҳо бо шумораи иншооти сохташуда, балки бо имконияте, ки барои инсон фароҳам меоянд, чен кард. Ва маҳз ҳамин ҷо масъалаи насли мо ба масъалаи рушди давлат пайванд мегирад.

Насле, ки дар байни ду замон ба камол расид

Шояд яке аз муҳимтарин саволҳое, ки дар 35-солагии Истиқлолияти давлатӣ бояд ба худ диҳем, ҳамин бошад: истиқлолият барои насли мо чӣ маъно дорад?

Барои насли ман истиқлолият мафҳуме нест, ки танҳо дар китобҳои таърих хонда ё аз гуфтаҳои калонсолон шунида бошем. Мо дар як давраи нодири таърихӣ ба камол расидем, даврае, ки худи мафҳуми давлат, ҷомеа, ҷаҳон ва ҳатто тарзи муоширати инсон бо дигарон дар пеши чашмони мо тағйир ёфт. Мо насли гузариш ҳастем. Як қисми хотираи мо дар ҷаҳони гузашта ва қисми дигараш дар ҷаҳони нав қарор дорад. Насли ман замонеро дар хотир дорад, ки радио ва телевизион манбаъҳои асосии иттилоот буданд, вақте хабар аз як шаҳри дигар метавонист дер расад ва дастрасӣ ба ҷаҳон маҳдудтар буд. Баъдтар компютер, интернет ва телефони мобилӣ ворид шуданд. Имрӯз як хабар метавонад дар чанд сония аз Душанбе ба Вашингтон, Лондон ё Токио расад. Донишгоҳҳои ҷаҳон, китобхонаҳои электронӣ, давраҳои омӯзишӣ, конфронсҳои байналмилалӣ, шабакаҳои касбӣ ва воситаҳои зеҳни сунъӣ имкониятео фароҳам овардаанд, ки барои наслҳои пешин тасаввураш душвор буд. Аммо ҷаҳони бозтар маънои рақобати камтарро надорад, баръакс, имрӯз дониш, малака, забон, технология, эҷодкорӣ ва қобилияти мутобиқ шудан ба тағйирот ба сармояи асосии инсон табдил ёфтаанд.

Агар барои насли аввали истиқлолият масъалаи асосӣ сохтан ва ҳифз кардани давлат бошад, барои насли мо ва махсусан насли баъдӣ масъалаи муҳим метавонад қобилияти рақобатпазир будан дар ҷаҳони тағйирёбанда бошад. Дар чунин шароит маънои ватандӯстӣ низ васеътар мешавад. Дигар ватандӯстӣ танҳо бо дӯст доштани Ватан ва ифтихор аз таъриху фарҳанги он маҳдуд намешавад. Ватандӯстӣ ҳамчунин донишҳоро такмил додан, касби худро хуб донистан, масъулияти худро иҷро кардан, қонунро эҳтиром намудан, ба ҷомеа фоида расондан ва барои рушди кишвар саҳм гузоштан аст.

Муҳаққиқ будан маро водор мекунад, ки ба ин масъала аз диди дигар низ назар кунам. Чӣ қадаре ки бештар дар бораи давлат, ҷомеа ва муносибатҳои байналмилалӣ таҳқиқ анҷом медиҳем, ҳамон қадар бештар ба ҳақиқати одӣ, вале муҳим мерасем- сармояи асосии давлат на танҳо захираҳои табиӣ, қаламрав ё инфрасохтор, балки инсон аст.

Инсонест, ки меомӯзад. Инсонест, ки ҳамеша аз худ савол мекунад ва барои посухи он талош меварзад. Инсонест, ки фикр мекунад ва муҳимтар аз ҳама, нафарест, ки барои натиҷаи кори худ масъулият эҳсос мекунад.

Аз ин рӯ, вақте мо дар бораи ояндаи Тоҷикистон сухан мегӯем, пеш аз ҳама, дар бораи ояндаи наслҳо андеша мекунем. Сохтани мактаб муҳим аст, аммо муҳимтар аз он ин аст, ки дар он мактаб чӣ гуна кӯдак тарбия меёбад. Бунёди донишгоҳҳо зарурати замон аст, аммо муҳимтар аз шумораи онҳо сифати донишест, ки донишҷӯ мегирад. Ворид кардани технологияҳои нав низ муҳим аст, аммо муҳимтар аз он қобилияти истифодаи онҳо барои ҳалли мушкилоти воқеии кишвар мебошад.

Тағйироти технологӣ танҳо роҳи дастрасӣ ба иттилоотро дигар накард. Он имкони муаррифии Тоҷикистонро низ ба дасти худи шаҳрвандон наздиктар овард. Агар чанд даҳсола пеш ҷаҳон барои мо бештар тавассути китоб, радио, телевизион ва сафар шинохта мешуд, имрӯз инсон метавонад пеш аз сафар ба кишваре бо фарҳанг, ҷомеа ва воқеияти он аз тариқи фазои рақамӣ ошно шавад. Ҳамзамон ҳар  ҷавони тоҷик метавонад на танҳо истеъмолкунандаи иттилоот, балки созандаи симои Тоҷикистон дар ҷаҳон бошад. Як мақолаи хуби илмӣ ё филми мустанад, як ҳикояи арзишманди рақамӣ ё таҳқиқоту ихтироъ, лоиҳаи иҷтимоӣ ё муаррифии дурусти фарҳанги миллӣ метавонад ба дигарон дар бораи Тоҷикистон маълумоти бештар диҳад.

Дар ҷаҳони имрӯз кишварҳо танҳо тавассути сафоратҳо ва мулоқоти дипломатҳо бо ҷаҳон муошират намекунанд. Олимон, рӯзноманигорон, донишҷӯён, соҳибкорон, намояндагони фарҳанг ва шаҳрвандони одӣ низ метавонанд дар ташаккули тасаввури ҷаҳон дар бораи мамлакат саҳм гузоранд. Ин имконият махсусан барои Тоҷикистон муҳим аст. Давлати мо бо ташаббусҳои ҷаҳониаш бо сарварии Пешвои миллат акнун дар сатҳи ҷаҳонӣ шинохта ва пазируфта гардидааст. Вазифаи мо ҳамчун шаҳрванд имрӯз бо дониш, фарҳанг, таҷриба ва идеяҳои худ дар масъалаҳое, ки барои ҷомеаи байналмилалӣ аҳамият доранд, садои худро баландтар кардан аст, ки яке аз чунин самтҳо масъалаҳои об, тағйирёбии иқлим, пиряхҳо ва рушди устувор мебошад. Дар ин замина дипломатияи об ва иқлим метавонад барои Тоҷикистон на танҳо воситаи ҳимояи манфиатҳои миллӣ, балки майдони нави ҳамкории байналмилалӣ бошад. Дар чунин майдон на танҳо давлат, балки ҷомеа, олимон, рӯзноманигорон, ҷавонон ва намояндагони фарҳанг, умуман аҳли зиё низ метавонанд саҳми чашмрас гузоранд.

Истиқлолият барои насли мо чӣ маъно дорад?

Шояд посух танҳо дар он набошад, ки мо аз кадом мушкилот гузаштаем ё чӣ комёбӣ ба даст овардаем. Саволи муҳимтар ин аст, ки мо бо имконият ва дастовардҳое, ки наслҳои пеш аз мо ба мо доданд, чӣ мекунем, чӣ гуна онҳоро ҳифз кунем, дар пойдориву ташаккули онҳо аз кадом роҳҳо истифода барем, то ба насли оянда онро бе камиву костӣ тақдим намоем?

Истиқлолият ҳамчун масъулият

Баъд аз сиву панҷ соли истиқлолият ба мафҳуми он бояд каме дигар назар кунем. Агар дар рӯзи ба даст овардани истиқлолият барои мо муҳимтарин масъала доштани давлати мустақил ва ҳифзи он буд, имрӯз саволҳои дигар низ пеш меоянд, яъне мо барои пойдории он чӣ масъулият дорем? Зеро истиқлолият танҳо ҳаққи озод будан нест, озодӣ ҳамзамон масъулият доштан низ ҳаст.

Мо давлати соҳибистиқлолро аз наслҳои пешин, ки барояш талош карданд, ҷон ба каф гирифта, мубориза бурданд, барои мустаҳкам намудани он аз худ гузаштанд, ба мерос гирифтем. Ин мерос танҳо парчам, нишон, суруди миллӣ ва марзи давлатӣ нест. Дар паси ин рамзҳо таърих, забон, фарҳанг, хотираи гузаштагон, заҳмати падарону модарон ва орзуҳои чандин насли тоҷик меистад.

Аз ин рӯ, эҳтиром ба истиқлолият танҳо таҷлили як санаи таърихӣ дар тақвим маҳсуб намешавад, он пеш аз ҳама, муносибати ҳаррӯзаи мо ба Ватан аст. Ватанро танҳо бо сухан дӯст доштан осон аст, душвортар он аст, ки инсон дар кори ҳаррӯзаи худ ба ин муҳаббат маъно бахшад.

Муаллиме, ки бо масъулият дарс медиҳад, ба ояндаи Тоҷикистон хизмат мекунад. Духтуре, ки вазифаи худро бо виҷдон иҷро мекунад, ба ҷомеа хизмат мекунад. Олиме, ки барои рушди илм ва пайдо кардани роҳи ҳалли мушкилоти ҷомеа таҳқиқ мекунад, барои фардои кишвар саҳм мегузорад. Рӯзноманигоре, ки ба ҳақиқат ва масъулияти касбӣ содиқ мемонад, ба ташаккули ҷомеаи солим мусоидат мекунад. Ҷавоне, ки дониш ва касб меомӯзад ва барои ояндаи худ талош мекунад, низ дар сохтмони Ватан саҳм мегузорад. Ҳатто шаҳрванде, ки қонунро эҳтиром мекунад, андешаи дигаронро таҳаммул менамояд, табиатро ҳифз мекунад ва нисбат ба муҳити ҷомеа бетараф намемонад, як шакли ватандӯстист. Ватандӯстӣ аз корҳои бузург оғоз намешавад, он аз муносибати инсон ба вазифаи хурди ҳаррӯзааш сарчашма мегирад.

Мо насли истиқлолият ҳастем. Мо тағйироти бузургро ҳамроҳ бо кишвари азизамон таҷриба кардаем, гузариш аз як низоми зиндагӣ ба низоми дигар, аз ҷаҳони маҳдуди иттилоотӣ ба ҷаҳони рақамӣ ва аз солҳои душвори ибтидоии давлатдорӣ ба марҳилаҳои нави рушд.

Акнун навбат ба мост. Мо набояд танҳо аз худ бипурсем, ки истиқлолият барои мо чӣ дод, балки ҳамзамон аз худ суол кунем, ки  мо барои истиқлолият ва барои Ватан чӣ корро анҷом дода метавонем?

Ин савол, ба назари ман, яке аз муҳимтарин саволҳои насли мост.

Ҷавоби он барои ҳар кас гуногун буда метавонад. Барои яке омӯзиш, барои дигаре меҳнати ҳалол, барои сеюмӣ илм, барои чорум хизмати содиқона ба ҷомеа. Аммо ҳамаи ин ҷавобҳо дар як нуқта ба ҳам мерасанд- он ҳам масъулиятшиносӣ. Зеро кишварро танҳо бо орзуҳо пеш бурдан мумкин нест, онро бо меҳнат, бо дониш, бо виҷдон, бо масъулият ва бо эҳсоси он ки ҳар кори хурди мо низ метавонад ба зиндагии ҷомеа таъсир расонад, пеш мебарем. Пас аз сиву панҷ соли истиқлолият шояд муҳимтарин вазифаи насли мо танҳо нигоҳ кардан ба роҳи тайшуда набошад. Хотираи гузашта барои фаҳмидани роҳест, ки тай кардаем, масъулият барои муайян кардани роҳест, ки бояд тай кунем. Сиву панҷ соли истиқлолият моро водор месозад, ки ба гузашта бо эҳтиром, ба имрӯз бо шукргузорӣ ва ба фардо бо масъулият назар кунем. Ҳар қадар ҷаҳон тағйир ёбад, арзиши дониш, меҳнат, виҷдон ва масъулият дар назди Ватан ҳамоно боқӣ мемонад.

Гулҳаё МАДИМАРОВА,
ходими пешбари илмии шуъбаи Аврупои Институти омӯзиши масъалаҳои давлатҳои Осиё ва Аврупои
Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон

Сентябрь 15, 2026 14:16

Хабарҳои дигари ин бахш

Оид ба дастовардҳои соҳаи энергетикаи Тоҷикистон филми мустанад ба навор гирифта шуд
Дар Кувайт ба муносибати 35-солагии Истиқлоли давлатии Тоҷикистон чорабинии расмӣ баргузор гардид
35 СОЛИ ИСТИҚЛОЛ. Дар Тоҷикистон беш аз 100 ҳазор гектар замин ба аҳолии мамлакат тақсим карда шуд
Барои рушди соҳаи маорифи ноҳияҳои водии Рашт дар 20 соли охир беш аз 2,1 миллиард сомонӣ равона шудааст
Бахшида ба 35-солагии Истиқлоли давлатӣ дар ноҳияҳои водии Рашт 825 иншоот ба истифода дода шуд
Дар вилояти Хатлон 77 фоизи нақшаи содирот иҷро шуд
Оид ба 35 ташаббуси созандаи Президенти Тоҷикистон дар соҳаи таҳсилоти ибтидоӣ ва миёнаи касбӣ конференсияи ҷумҳуриявӣ доир гардид
Дар вилояти Суғд шумораи соҳибкорони инфиродӣ бештар гардидааст
Дар фасли тирамоҳ бемориҳои сироятии мавсимӣ зиёд мешаванд
ТОҶИКИСТОН ВА ДУРНАМОИ РУШДИ САНОАТИ КӮҲӢ-МЕТАЛЛУРГӢ: аз захираҳои табиӣ то технологияҳои муосир
Дар шаҳри Санкт-Петербург 35-солагии Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистонро таҷлил намуданд
Дар Тоҷикистон маҷмуи маҳсулоти дохилии мамлакат қариб 100 баробар афзоиш ёфт