Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон дар минтақаи озоди иқтисодии Кӯлоб корхонаи истеҳсоли қисмҳои эҳтиётии автомобилӣ ҶДММ «Тоҷик-Алмос»-ро мавриди истифода қарор доданд

Октябрь 5, 2026 09:15

ДУШАНБЕ, 05.10.2026 /АМИТ «Ховар»/. 5 октябр зимни сафари кории Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба шаҳри Кӯлоб дар минтақаи озоди иқтисодии Кӯлоб корхонаи истеҳсоли қисмҳои эҳтиётии автомобилӣ ҶДММ Тоҷик-Алмос мавриди истифода қарор дода шуд.

Иншооти нави истеҳсолӣ бо саҳми соҳибкори ватанӣ Хайриддин Бобоев бунёд гардида, барои рушди истеҳсоли маҳсулоти саноатӣ, васеъ намудани имкониятҳои истеҳсолии минтақа ва таъмини бозори дохилӣ бо маҳсулоти ватанӣ замина фароҳам меорад.

Дар корхона истеҳсоли қисмҳои эҳтиётии автомобилӣ, аз ҷумла ҳавотозакунакҳои равғанӣ ва ҳавоӣ ба роҳ монда шудааст.

Таҷҳизоти технологӣ ва дастгоҳҳои истеҳсолии корхона пурра аз хориҷи кишвар ворид гардида, мутахассисони маҳаллӣ аз ҷониби коршиносони хориҷӣ омӯзонида шудаанд.

Дар корхона асосан занони хонашин аз маҳаллаҳои гирду атроф ба кор ҷалб гардидаанд.

Ба Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон иттилоъ дода шуд, ки иқтидори истеҳсолии корхона дар як сол 700 ҳазор дона маҳсулотро ташкил дода, дар марҳилаи фаъолияти пурраи истеҳсолӣ имкони истеҳсоли беш аз 150 номгӯи ҳавотозакунак пешбинӣ шудааст.

Маҳсулоти истеҳсолии ҶДММ Тоҷик-Алмос ба талаботи бозори муосир мутобиқ буда, бо дарназардошти имкониятҳои истеҳсолӣ, метавонад талаботи бозори дохилиро таъмин намуда, дар оянда ба содирот низ равона карда шавад. Дар корхона 20 ҷойи корӣ таъсис дода шуда, сокинони маҳаллӣ бо музди меҳнати муносиб таъмин гардидаанд.

Зимни шиносоӣ ба Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон иттилоъ дода шуд, ки маҳсулоти корхона барои таъмини эҳтиёҷоти техникаи корхонаю ширкатҳои ватанӣ истифода мегардад. Аз ҷумла, ҳавотозакунакҳои истеҳсолшавандаро метавон дар воситаҳои нақлиёт ва техникаи ҶСК Тоҷикгидроэлектромонтаж, ки дар татбиқи лоиҳаҳои бузурги энергетикии кишвар, аз қабили сохтмони НБО Роғун саҳми назаррас дорад, истифода бурд.

Ба истифода додани корхонаи нави саноатӣ ба афзоиши ҳаҷми истеҳсолоти ватанӣ, зиёд гардидани номгӯи маҳсулоти саноатӣ, фароҳам овардани ҷойҳои нави корӣ ва коҳиш додани вобастагии бозори дохилӣ аз маҳсулоти воридотӣ мусоидат мекунад.

Фаъолияти чунин корхонаҳо дар минтақаҳои озоди иқтисодӣ, ҳамчунин, барои ҷалби сармояи ватанӣ, истифодаи самараноки имкониятҳои истеҳсолии минтақаҳо ва рушди соҳибкории истеҳсолӣ заминаи мусоид фароҳам меорад.

Ба Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон иттилоъ дода шуд, ки марҳилаи дуюми корхонаи ҶДММ Тоҷик Алмос дар муҳлати як сол бунёд гардида, дар он истеҳсоли ҷузъҳои резинии қисмҳои ҳаракатдиҳандаи воситаҳои нақлиёт ба роҳ монда мешавад. Дар доираи ин марҳила 30 ҷойи корӣ таъсис дода шуда, иқтидори солонаи истеҳсолии он 400 ҳазор маҳсулотро ташкил хоҳад дод.
Ифтитоҳи корхонаи истеҳсоли қисмҳои эҳтиётии автомобилӣ дар минтақаи озоди иқтисодии Кӯлоб 05.10.2026

Октябрь 5, 2026 09:15

Хабарҳои дигари ин бахш

Маҷлиси Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон баргузор гардид
Дар шаҳри Ваҳдат бунгоҳҳои тиббӣ ба истифода дода шуданд
«БАРНОМАИ РУШДИ МИНТАҚАИ САЙЁҲИИ РОҒУН». Дар доираи амали он роҳҳо мумфарш, хатсайрҳои сайёҳӣ зиёд ва инфрасохтори хизматрасонӣ беҳтар карда шуд
Дар Панҷакент беш аз 400 километр роҳҳои маҳаллӣ таъмир ва мумфарш карда шуданд
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон ба Президенти Ҷумҳурии Федеративии Бразилия Луис Инасиу Лула да Силва барқияи табрикӣ ирсол намуданд
Тавзеҳот ба фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи эълон намудани мораторий ба ҳама намуди санҷишҳои фаъолияти субъектҳои соҳибкории хурду миёна»
Фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон бо Ноиби Президенти Бонки аврупоии таҷдид ва рушд Маттео Патроне мулоқот намуданд
Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон дар шаҳри Душанбе ба фаъолияти истеҳсолии ҶДММ «Шаҳдоб» оғоз бахшиданд
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон дар шаҳри Душанбе корхонаи масолеҳи сохтмонии ҶДММ «Эко Блок»-ро мавриди баҳрабардорӣ қарор доданд
Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон барои бунёди эстакадаҳои дусатҳа ва азнавсозии пули мошингузар дар хиёбони Саъдии Шерозии шаҳри Душанбе санги асос гузоштанд
Амрҳои Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон