Ҳайати дастаи мунтахаби Тоҷикистон барои бозиҳои дӯстона бо дастаҳои Озарбойҷон, Фаластин ва Чин муайян гардид

Сентябрь 18, 2026 16:35

ДУШАНБЕ, 18.09.2026 /АМИТ «Ховар»/. Ситоди мураббиёни дастаи  мунтахаби Тоҷикистон оид ба футбол таҳти роҳбарии Игор Ангеловский ҳайати дастаро барои бозиҳои дӯстонаи моҳҳои сентябр ва октябр эълон кард.

Тавре ба АМИТ «Ховар» аз Федератсияи футболи Тоҷикистон хабар доданд, ба ҳайати дастаи мунтахаби Тоҷикистон 28 бозигар – 3 дарвозабон, 10 ҳимоятгар, 10 нимҳимоятгар ва 5 ҳамлагар дохил шудаанд.

Дар рӯзҳои ФИФА-и моҳҳои сентябр ва октябр дастаи мунтахаби Тоҷикистон се бозии дӯстона баргузор мекунад. 23 сентябр дастаи мунтахаби мо дар варзишгоҳи «Palms Sports Arena»-и шаҳри Боку бо дастаи мунтахаби Озарбойҷон вомехӯрад.

Пас аз ин дастаи мунтахаби Тоҷикистон ба шаҳри Чунтсини Чин сафар карда, онҷо ду бозии дигари дӯстона баргузор менамояд. 28 сентябр шогирдони Игор Ангеловский бо дастаи мунтахаби Фаластин ва 6 октябр бо тими миллии Чин бозӣ мекунанд.

Дастаи мунтахаби Тоҷикистон омодагиро ба бозиҳои дарпешистода имрӯз, 18 сентябр дар Маркази техникии Федератсияи футболи Тоҷикистон, воқеъ дар ноҳияи Варзоб оғоз мекунад.

АКС: Федератсияи футболи Тоҷикистон

Сентябрь 18, 2026 16:35

Хабарҳои дигари ин бахш

Дастаи мунтахаби Тоҷикистон омодагӣ ба мусобиқаи «Кing’s Сup 2026»-ро оғоз кард
Паҳлавонони тоҷик аз Чемпионати ҷаҳон оид ба самбо бо шаш медали ифтихорӣ бармегарданд
Дастаи мунтахаби наврасони Тоҷикистон (U-17) бо дастаи Кот-д’Ивуар мусовӣ бозӣ намуд
Президенти Кумитаи миллии паралимпии Тоҷикистон дар ҷаласаи Кумитаи байналмилалии паралимпӣ иштирок намуд
Дастаи мунтахаби футзали Тоҷикистон бозии дӯстонаи якумро бо дастаи Узбекистон анҷом дод
Ҷоми Осиё-2027 оид ба футбол аз моҳи декабри соли 2027 то январи 2028 доир мешавад
Ҳайати дастаи мунтахаби Тоҷикистон барои иштирок дар Мусобиқаи «Кing’s Сup-2026» муайян шуд
Дастаи мунтахаби наврасони Тоҷикистон дар Дубай се бозии дӯстона анҷом медиҳад
БАРНОМАИ РУШДИ ФУТБОЛ ДАР ТОҶИКИСТОН. Беш аз 15 ҳазор наврасон ба тамрини футбол фаро гирифта шуданд
Шурои мураббиёни ФФТ натиҷаи фаъолияти дастаҳоро ҷамъбаст ва нақшаҳои соли 2027-ро баррасӣ намуд
Варзишгари тоҷик Фатҳулло Одинаев дар марафони байналмилалии Ню-Йорк иштирок намуд
Ҳафт паҳлавони тоҷик дар Чемпионати ҷаҳон оид ба гӯштини кураш дар Қазоқистон иштирок менамоянд