Ҷаласаи навбатии Комиссияи байниидоравӣ оид ба таъмини бехатарии авиатсионӣ баргузор шуд

Сентябрь 18, 2026 17:40

ДУШАНБЕ, 18.09.2026 /АМИТ «Ховар»/. 18 сентябр дар Агентии авиатсияи граждании назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон таҳти роҳбарии муовини Сарвазири Ҷумҳурии Тоҷикистон Усмонзода Усмоналӣ ҷаласаи Комиссияи байниидоравӣ оид ба таъмини бехатарии авиатсионии авиатсияи гражданӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон баргузор гардид.

Тавре ба АМИТ «Ховар» аз Агентии авиатсияи гражданӣ хабар доданд, Дар ҷаласа ҳайати роҳбарикунандаи вазорату  идораҳои дахлдор, ки аъзои Комиссияи байниидоравӣ муайян мебошанд, иштирок намуданд.

Нахуст директори Агентии авиатсияи гражданӣ Ҳабибулло Назарзода оид ба низоми таъмини бехатарии авиатсионӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳисобот пешниҳод намуд.

Дар идома масъалаҳои таъсиси комиссияи корӣ ҷиҳати омодагӣ ба санҷиши навбатии Ташкилоти байналмилалии авиатсияи гражданӣ (ИКАО), бартараф намудани норасогиҳое, ки дар санҷиши қаблии ин ташкилоти бонуфуз ошкор шуда буданд, инчунин, таҳлили сатҳи таҳдидҳо ва арзёбии хатарҳо ба авиатсияи гражданӣ, гузаронидани санҷишҳои озмоишӣ, ташкил ва гузаронидани машғулиятҳои назариявӣ бо иштироки ҳамаи вазорату идораҳои дахлдор, мувофиқа намудани лоиҳаҳои азнавсозӣ ва ё таҷдид аз ҷониби  фурудгоҳҳои кишвар  бо Агентии авиатсияи гражданӣ дар самти бехатарии авиатсионӣ, на камтар аз 4 бор гузаронидани комиссияи фурудгоҳӣ ва пешниҳоди  ҳисобот ба Агентии авиатсияи гражданӣ, мувофиқат намудани сатҳи таъмини бехатарии авиатсионӣ дар фурудгоҳҳо ва ширкатҳои ҳавопаймоии кишвар ба стандартҳои байналмилалӣ   мавриди баррасӣ қарор гирифтанд.

Дар анҷоми ҷаласа Раиси Комиссияи байниидоравӣ Усмоналӣ Усмонзода барои омодагӣ ба санҷиши дарпешистода ҳамаи вазорату идораҳоро тибқи ваколатҳои додашуда вазифагузорӣ намуданд.

Ёдовар мешавем, ки ҳадаф аз баргузории ҷаласа ҳамоҳанг намудани фаъолияти  вазорату идораҳо дар таъмини бехатарии авиатсионӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон буда, бо мақсади пешгирӣ, ошкорсозӣ ва безараргардонии таҳдидҳо ба ҳаёт ва саломатии мусофирон, ҳайати парвозӣ, кормандони авиатсионӣ, ҳавопаймоҳо, фурудгоҳҳо ва дигар иншооти авиатсияи гражданӣ равона гардидааст. Тибқи талаботи Барномаи миллии бехатарии авиатсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон на камтар аз ду маротиба дар як сол гузаронида мешавад.

АКС: Агентии авиатсияи граждании назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон

Сентябрь 18, 2026 17:40

Хабарҳои дигари ин бахш

Лоиҳаҳои афзалиятноки инфрасохтори нақлиётии Тоҷикистон дар «Paris InfraWeek 2026» муаррифӣ гардиданд
Дар Душанбе оид ба афзалияти иқлимии Тоҷикистон дар остонаи COP31 ва муаррифии NDC 3.0 ҳамоиш доир шуд
Ҳайати Тоҷикистон дар Форуми дуюми Тян-шон оид ба ҳамкории иқтисодӣ дар Осиёи Марказӣ иштирок намуд
Дар Левакант ҷамъоварии ҳосили пахта беш аз 100 фоиз таъмин гардид
Ҷараёни иҷрои Стратегияи Ҷумҳурии Тоҷикистон дар соҳаҳои илм, технология ва инноватсия барои давраи то соли 2030 баррасӣ шуд
Сулаймон Зиёзода бо ҷамъоварии ҳосили пахта дар ноҳияи Ҷаббор Расулов шинос шуд
Вазорати нақлиёти Тоҷикистон барои навсозии роҳи «Балҷувон-Сари Хосор» бо ширкати чинӣ қарордод ба имзо расонид
Гардиши савдои хориҷии Тоҷикистон беш аз 35 фоиз афзоиш ёфтааст
Дар Душанбе ҷалби сармояи мустақими Саудӣ ба иқтисодиёти Тоҷикистон баррасӣ гардид
Дар Тоҷикистон ҳаҷми истеҳсоли маҳсулоти кишоварзӣ 8,5 фоиз афзоиш ёфтааст
Корхонаи воҳиди давлатии «Почтаи Тоҷикистон» фаъолияташро дар шакли муосир ба роҳ мондааст
Дар Тоҷикистон 1028 гармхонаи доимамалкунанда мавҷуд аст