Ҷаласаи навбатии Шурои байнидавлатии муқовимат ба коррупсияи кишварҳои аъзои ИДМ дар Минск доир шуд
ДУШАНБЕ, 18.09.2026 /АМИТ «Ховар»/. 17 сентябр дар шаҳри Минск ҷаласаи навбатии Шурои байнидавлатии муқовимат ба коррупсияи кишварҳои аъзои Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил баргузор гардид. Дар кори ҷаласа ҳайати Тоҷикистон таҳти роҳбарии директори Агентии назорати давлатии молиявӣ ва мубориза бо коррупсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон Сулаймон Султонзода иштирок намуд. Дар ин хусус ба АМИТ «Ховар» аз ин агентӣ хабар доданд.
Иштирокчиёни ҷаласа раванди муқовимат ба коррупсия дар давлатҳо-аъзои шуро, роҳҳои муосири муқовимат ба ин зуҳурот, мусодираи молу мулки бо роҳи ҷиноят бадастовардашуда, гузаронидани экспертизаҳои зиддикоррупсионӣ ва амалӣ намудани технологияҳои инноватсионӣ барои паст кардани шиддати коррупсияро баррасӣ намуданд.
Зимни ҷаласа директори Агентии назорати давлатии молиявӣ ва мубориза бо коррупсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон Сулаймон Султонзода оид ба сиёсати Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар самти муқовимат ба коррупсия, фаъолияти мақомот дар амалисозии он, тадбирҳои барои пешгирӣ ва ошкор намудани ҳуқуқвайронкуниҳои коррупсионӣ андешида, таҳия ва қабули қонунгузории муосири зиддикоррупсионӣ, натиҷаҳои дар самти рақамикунонии фаъолият бадастомада ва дигар масъалаҳои муҳим ибрози андеша намуд.
Дар натиҷаи баргузории ҷаласа оид ба 12 масъала қарорҳои шуро қабул гардиданд, ки татбиқи онҳо ба ҳамоҳангсозии тадбирҳои аъзои шуро дар самти муқовимат ба коррупсия ва коҳиш додани сатҳи ин зуҳурот дар минтақа мусоидат хоҳад кард.
Иброз гардид, ки натиҷаҳои ҷаласа барои таҳкими робитаҳои байнидавлатӣ ва истифодаи таҷрибаи пешқадами давлатҳои аъзо дар самти муқовимат ба коррупсия заминаи мусоид фароҳам меоранд.
Инчунин дар доираи ҷаласа директори Агентии назорати давлатии молиявӣ ва мубориза бо коррупсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон Сулаймон Султонзода бо Прокурори генералии Ҷумҳурии Беларус Дмитрий Гора ва Прокурори генералии Федератсияи Русия Александр Гутсан вохӯрӣ намуд.
Дар вохӯриҳо масоили густариши ҳамкории байниидоравӣ, истифодаи таҷрибаи пешқадам, ҷудо намудани бурсияҳо барои такмили ихтисос, таҳсил дар муассисаҳои махсусгардонидаи ин давлатҳо ва дигар масъалаҳои мавриди таваҷҷуҳи муштарак баррасӣ гардиданд.
Ёдовар мешавем, ки дар кори ҷаласаи навбатии Шурои байнидавлатии муқовимат ба коррупсияи кишварҳои аъзои Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил роҳбарият ва масъулони мақомоти ваколатдори соҳаи муқовимат ба коррупсия аз ҷумҳуриҳои Арманистон, Беларус, Қазоқистон, Қирғизистон, Узбекистон Тоҷикистон ва Федератсияи Русия иштирок намуданд.
АКС: Агентии назорати давлатии молиявӣ ва мубориза бо коррупсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон








Ширкатҳои Тоҷикистон ҳамкориро бо соҳибкорони Ҷопон таҳким мебахшанд
Байни Тоҷикистон ва Қазоқистон Созишнома дар бораи ҳамкории иттилоотӣ дар соҳаи таъминоти нафақа ба имзо расид
Байни Тоҷикистон ва Қазоқистон дар самти муқовимат ба коррупсия Ёддошти тафоҳум оид ба ҳамкорӣ ба имзо расонида шуд
Дар ноҳияи Ҷайҳун сохтмони неругоҳи барқи офтобӣ бо иқтидори 250 мегаватт идома дорад
Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи сиёсати аграрӣ» таҳия гардидааст
КОНСЕПСИЯИ ИҚТИСОДИ РАҚАМӢ. Он санади муҳим дар самти рақамикунонии иқтисодиёти миллии Тоҷикистон аст
Барномаи рушди чарогоҳҳо барои таҳкими иқтисоди Тоҷикистон замина фароҳам меорад
Дар самти шарқии шаҳри Душанбе зеристгоҳи нави барқии 220 кВ сохта мешавад
Дар Душанбе ҳамоиши картошкапарварон ва намоиш-фурӯши картошка баргузор мегардад
Густариши ҳамкории иқтисодию тиҷоратии Тоҷикистону Олмон баррасӣ гардид
Дар Тоҷикистон ҳамоиши картошкапарварон баргузор мешавад
Байни соҳибкорони вилояти Суғд ва Қазоқистон санадҳои нави ҳамкорӣ ба имзо расиданд






