Ҷашни 35-солагии Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистонро дар Лондон бошукуҳ таҷлил намуданд

Сентябрь 6, 2026 21:44

ДУШАНБЕ, 06.09.2026 /АМИТ «Ховар»/. 4 сентябр дар шаҳри Лондон бо ташаббуси Сафорати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Подшоҳии Муттаҳидаи Британияи Кабир ва Ирландияи Шимолӣ ба муносибати 35-солагии Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон чорабинии тантанавӣ баргузор гардид. Дар ин хусус ба АМИТ «Ховар» аз Сафорати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Подшоҳии Муттаҳидаи Британияи Кабир ва Ирландияи Шимолӣ хабар доданд.

Дар ин чорабинии бошукуҳ намояндагони аршади Ҳукумати Подшоҳии Муттаҳида, Вазорати корҳои хориҷӣ, Иттиҳод ва рушд, вакилону лордҳо, намояндагони вазорату идораҳои гуногуни кишвари иқомат, аъзои корпуси дипломатии муқими Лондон, намояндагони бахши хусусӣ, расонаҳои хабарӣ, муассисаҳои илмию фарҳангӣ ва ҳамватанони муқими Подшоҳии Муттаҳида иштирок намуданд.

Сафири Фавқулода ва Мухтори Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Подшоҳии Муттаҳида Рухшона Эмомалӣ зимни суханронӣ ба аҳаммияти таърихию сиёсии Истиқлоли давлатӣ ва дастовардҳои назарраси Тоҷикистон таҳти роҳбарии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон таваҷҷуҳ зоҳир намуд.

Ҳамзамон, ӯ аз мавқеи рӯзафзуни Тоҷикистон дар арсаи байналмилалӣ ёдовар шуда, дурнамои рушди муносибатҳои дуҷониба ва густариши ҳамкории мутақобилан судманди Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Подшоҳии Муттаҳидаи Британияи Кабир ва Ирландияи Шимолиро таъкид кард.

Пас аз анҷоми бахши расмии чорабинӣ барномаи фарҳангӣ бо иҷрои сурудҳои тоҷикӣ ва асарҳои опера ба чорабинӣ ҳусни тоза бахшида, табъи меҳмононро болида гардонид.

Дар доираи чорабинӣ ҳамчунин намоиши маҳсулоти ватанӣ ва гӯшаи фарҳангии Тоҷикистон ташкил карда шуд.

 

АКС: Сафорати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Подшоҳии Муттаҳидаи Британияи Кабир ва Ирландияи Шимолӣ

Сентябрь 6, 2026 21:44

Хабарҳои дигари ин бахш

Дар Берлин ҳамкории тиҷоратию иқтисодии Тоҷикистон ва Олмон баррасӣ карда шуд
Дурнамои рушди ҳамкории Тоҷикистону сохторҳои Созмони Милали Муттаҳид баррасӣ гардид
Масъалаи иштироки ҳайати Тоҷикистон дар Конфронс оид ба тағйирёбии иқлим дар Анталия баррасӣ гардид
Маттео Патроне: «Бонки аврупоии таҷдид ва рушд дар Тоҷикистон лоиҳаҳои гуногунро дар соҳаи энергетика ва бахши хусусӣ амалӣ менамояд»
Сафири Тоҷикистон бо роҳбари иҷроияи ширкати олмонии «Knauf» Мурат Акилдиз мулоқот намуд
Сафири Тоҷикистон бо Вазири саноати Алҷазоир мулоқот намуд
Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон дар шаҳри Душанбе ба фаъолияти истеҳсолии ҶДММ «Шаҳдоб» оғоз бахшиданд
Фаррух Шарифзода бо Дабири кулли қолаби «Осиёи Марказӣ – Чин» Сун Вэйдун мулоқот намуд
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон дар шаҳри Душанбе корхонаи масолеҳи сохтмонии ҶДММ «Эко Блок»-ро мавриди баҳрабардорӣ қарор доданд
Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон барои бунёди эстакадаҳои дусатҳа ва азнавсозии пули мошингузар дар хиёбони Саъдии Шерозии шаҳри Душанбе санги асос гузоштанд
Ҳамкории Тоҷикистон ва Кувайт дар соҳаи фарҳанг баррасӣ гардид
Дар Пекин масъалаҳои муҳими ҳамкории Тоҷикистон ва Чин баррасӣ гардид