Аз барқарории муносибатҳои дипломатӣ байни Давлати Кувайт ва Ҷумҳурии Тоҷикистон 30 сол сипарӣ мегардад
ДУШАНБЕ, 09.09.2026 /АМИТ «Ховар»/. Сафорати Давлати Кувайт дар Ҷумҳурии Тоҷикистон ба муносибати 35-солагии Истиқлоли давлатӣ ва 30-солагии барқарор гардидани муносибатҳои дипломатӣ байни Давлати Кувайт ва Ҷумҳурии Тоҷикистон таманниёти нек изҳор менамояд.
Дар табрикот, аз ҷумла чунин омадааст: «Ба муносибати 35-солагии Рӯзи Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва 30-солагии барқарор намудани муносибатҳои дипломатӣ байни ду кишвари дӯст Сафорати навтаъсиси Давлати Кувайт дар Ҷумҳурии Тоҷикистон табрикоти самимӣ ва таманниёти беҳтарин изҳор намуда, хоҳони густариши бештари муносибатҳои байнидавлатӣ дар соҳаҳои гуногун мебошад».
«Ҷашни Истиқлоли давлатӣ марҳилаи муҳим барои таҷлил аз дастовардҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон ва роҳи пурмаҳсули рушди он ба шумор меравад. Давлати Кувайт ба мардуми дӯсти Тоҷикистон пешрафти минбаъда, сарбаландӣ ва некӯаҳволии бештар орзу менамояд»,- таъкид гардидааст дар табрикоти Сафорат.
Инчунин гуфта мешавад, ки муносибатҳои Кувайт ва Тоҷикистон бар пояи устувори дӯстӣ, эҳтироми мутақобил ва ҳамкорӣ бунёд ёфта, дар соҳаҳои гуногун пайваста рушд мекунанд. Давлати Кувайт ба идомаи дастгирӣ ва таҳкими ин муносибатҳо ва ба сатҳи боз ҳам баландтар баровардани онҳо аҳамияти хос медиҳад.
Сафорат ҳамчунин таъкид менамояд, ки ифтитоҳи Сафорати Давлати Кувайт дар Душанбе ва оғози фаъолияти намояндагии дипломатии доимии Кувайт марҳилаи муҳиме дар рушди муносибатҳои дуҷониба ба шумор рафта, баёнгари талошҳои ду кишвар барои таҳкими робитаҳои мустақим ва тавсеаи самтҳои ҳамкории муштарак мебошад.
Сафорат робитаҳои мунтазами сиёсӣ ва дипломатӣ байни ду кишвар, инчунин ҳамкории бадастомада дар соҳаҳои иқтисодӣ, сармоягузорӣ, рушд ва фарҳангиро баланд арзёбӣ намуда, ҳамоҳангӣ ва ҳамкории ду давлатро дар доираи созмонҳо ва ниҳодҳои байналмилалӣ низ муҳим мешуморад.
Сафорат таъкид менамояд, ки Давлати Кувайт омода аст ҳамкориро бо Ҷумҳурии Тоҷикистони дӯст идома дода, дар таҳкими ҳамкории дуҷониба ва истифодаи имконияти мавҷуда ба хотири мусоидат ба татбиқи манфиатҳои муштараки ду кишвар ва ду миллати дӯст саҳм гузорад.
АКС аз манбаъҳои боз








Сафири Тоҷикистон бо Мудири кулли Мақомоти федералии андози Амороти Муттаҳидаи Араб мулоқот намуд
Вазири корҳои хориҷии Тоҷикистон бо Сарвазири Гурҷистон вохӯрӣ намуд
Сироҷиддин Муҳриддин бо муовини Сарвазир, Вазири корҳои хориҷии Гурҷистон мулоқот намуд
Ҳамкории Тоҷикистон бо Бонки ҷаҳонӣ баррасӣ гардид
Дар Берлин нахустин Маркази инноватсионии зеҳни сунъӣ дар Осиёи Марказӣ бо дастгирии NVIDIA муаррифӣ гардид
Дурнамои ҳамкории Тоҷикистон бо Донишгоҳи давлатии аграрии Урали Ҷанубӣ баррасӣ шуд
Дар Душанбе оид ба дурнамои ҳамкории Тоҷикистон бо САҲА мубодилаи афкор доир шуд
Донишҷӯёни Донишкадаи Diplomun Institute бо фаъолияти Намояндагии доимии Тоҷикистон дар Женева шинос шуданд
Сафири Тоҷикистон ба вазири корҳои хориҷии Алҷазоир нусхаи эътимоднома супорид
Қоҳир Расулзода: «Раёсати Тоҷикистон дар Созмони ҳамкории Шанхай ба иқтисод ва мавқеи ин созмони бонуфуз таҳким бахшид»
Роҳи ҷумҳуриявии Душанбе-Шарора-Ҳисор пурра мумфарш карда шуд
Дар Душанбе ҷаласаи Шурои сарони ҳукуматҳо (сарвазирон)-и давлатҳои аъзои Созмони ҳамкории Шанхай баргузор гардид






