Баҳодур Шерализода: «35 соли Истиқлоли давлатӣ барои рушди соҳаи ҳифзи муҳити зист заминаи мусоид гузошт»

Сентябрь 7, 2026 13:30

ДУШАНБЕ, 07.09.2026 /АМИТ «Ховар»/. Маҳз Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон заминаи мусоид фароҳам овард, ки бо ташаббуси Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва мақомоти қонунгузор 23 қонун дар соҳаи ҳифзи муҳити зист ва беш аз 100 санади меъёрии ҳуқуқии соҳавӣ дар самти ҳифзу истифодаи оқилонаи захираҳои табиӣ қабул гардиданд. Чунин иброз намуд дар суҳбат ба хабарнигори АМИТ «Ховар» Раиси Кумитаи ҳифзи муҳити зисти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Баҳодур Шерализода дар арафаи 35-солагии ҷашни Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон.

Истиқлол — оғози марҳилаи нави таърихӣ

Баҳодур Шерализода иброз намуд, ки истиқлол барои миллати тоҷик танҳо ба даст овардани соҳибихтиёрии давлатӣ набуд. Истиқлол оғози марҳилаи нави таърихӣ гардид, ки дар он ҳифзи давлат, таҳкими пояҳои давлатдорӣ, таъмини сулҳу субот, рушди иқтисодиву иҷтимоӣ ва ҳифзи манфиатҳои миллӣ ба самтҳои асосии сиёсати давлат табдил ёфтанд.

Сиёсати давлатӣ ва ҳифзи муҳити зист

– Имрӯз, баъди 35 соли роҳи пурпечутоби давлатсозӣ мо бо итминон гуфта метавонем, ки Тоҷикистон марҳалаҳои бисёр муҳими рушди давлатдории миллиро паси сар намуда, ба давлати соҳибэътимод ва ташаббускори минтақа ва ҷомеаи байналмилалӣ табдил ёфтааст. Дар ин раванд нақши Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар таҳкими давлатдорӣ, барқарор намудани сулҳу ваҳдати миллӣ ва фароҳам овардани заминаҳои рушди устувори кишвар ниҳоят муҳим мебошад. Яке аз самтҳое, ки дар даврони соҳибистиқлолии кишвар ба масъалаи муҳими сиёсати давлатӣ табдил ёфт, ҳифзи муҳити зист ва истифодаи оқилонаи захираҳои табиӣ мебошад, — гуфт ҳамсуҳбати мо.

Таҳияи Кодекси экологӣ

Дар асоси дастуру супоришҳои Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон соли 2025 аз ҷониби Кумита лоиҳаи Кодекси экологии Ҷумҳурии Тоҷикистон таҳия ва бо қарорҳои дахлдори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон тасдиқ гардид.

Ҳифзи табиат — рушди иқтисоди миллӣ

Тоҷикистон кишвари кӯҳсор буда, дорои экосистемаҳои нодир, пиряхҳо, захираҳои обӣ, ҷангалҳо, чарогоҳҳо ва гуногунии ғании биологӣ мебошад. Аз ин рӯ, ҳифзи табиат барои кишвари мо танҳо масъалаи экологӣ нест, балки масъалаи рушди иқтисодӣ, амнияти озуқаворӣ, саломатии аҳолӣ ва амнияти миллӣ мебошад.

Дар даврони истиқлол заминаҳои ҳуқуқӣ ва институтсионалии ҳифзи муҳити зист пайваста такмил ёфта, низоми идоракунии давлатии соҳа тақвият дода шуд. Самтҳои ҳифзи захираҳои табиӣ, гуногунии биологӣ, ҷангалҳо, обу замин, пешгирии ифлосшавии муҳити зист ва мутобиқшавӣ ба тағйирёбии иқлим ба сиёсати дарозмуддати давлат ворид гардиданд. Имрӯз ҳифзи муҳити зист дар Тоҷикистон бо ҳадафҳои рушди устувор ва иқтисоди «сабз» пайванди ногусастанӣ дорад. «Стратегияи рушди иқтисоди сабз барои солҳои 2023–2037» низ яке аз заминаҳои муҳими гузариш ба модели рушди устувор ба ҳисоб меравад.

Ташкили ниҳолхонаҳо ва хоҷагиҳои ниҳолпарварӣ

Баҳодур Шерализода иброз намуд, ки бо мақсади мутобиқшавӣ ба тағйирёбии иқлим аз ҷониби Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон «Барномаи давлатии кабудизоркунии Ҷумҳурии Тоҷикистон барои давраи то соли 2040» қабул гардид, ки дар доираи он шинонидани то 2 миллиард бех дарахт ба нақша гирифта шудааст. Вобаста ба чорабиниҳои ин барнома Кумита дар маҷмуъ 86 гектар қитъаҳои заминро дар ҳудуди шаҳру ноҳияҳои ҷумҳурӣ барои ташкили ниҳолхонаҳо ва хоҷагиҳои ниҳолпарварӣ ҷудо ва ба мақомоти маҳаллии ҳифзи муҳити зист вобаста кард, ки барои минбаъд таъмин намудани шаҳру ноҳияҳои ҷумҳурӣ бо ниҳол мусоидат менамоянд.

Ташаббусҳои глобалии Тоҷикистон дар соҳаи об ва иқлим

Ба андешаи Баҳодур Шерализода, яке аз дастовардҳои муҳимтарини даврони истиқлол- ин ташаккул ёфтани мавқеи фаъоли Тоҷикистон дар масъалаҳои глобалии об ва иқлим мебошад. Бо ташаббусҳои созандаи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон масъалаҳои марбут ба об, пиряхҳо, тағйирёбии иқлим ва рушди устувор дар рӯзномаи байналмилалӣ ҷойгоҳи бештар пайдо намуданд.

Қабули 14 қатъномаи Маҷмаи Умумии СММ оид ба масоили обу иқлим

Ташаббусҳои глобалии Тоҷикистон, бахусус дар самти обу иқлим ва ҳифзи пиряхҳо дар ду даҳсолаи охир кишварҳои аъзои Созмони Милали Муттаҳид ва ниҳодҳои он, сохторҳои минтақавию байналмилалӣ, ҷомеаи шаҳрвандӣ ва дигар ҷонибҳои манфиатдорро бо мақсади дарёфти роҳҳои ҳалли мушкилоти экологии сайёра ба ҳам оварданд. Бо пешниҳоди Тоҷикистон то имрӯз 14 қатъномаи Маҷмаи Умумии Созмони Милали Муттаҳид оид ба масъалаҳои обу иқлим қабул гардидааст, ки барои татбиқи ҳадафҳои мушаххас, аз ҷумла «Рӯзномаи рушди устувор барои то соли 2030» асос гузоштанд.

Нақши Тоҷикистон дар пешбурди «Рӯзномаи ҷаҳонии пиряхҳо»

Тибқи дастуру супоришҳои Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон барои пешбурди «Рӯзномаи ҷаҳонии пиряхҳо» ва тақвияти иқдомҳои минбаъдаи кишвар дар самти обу иқлим Кумита ҳамчун мақоми ваколатдори давлатии соҳа дар доираи ҳамкорӣ бо Барномаи Созмони Милали Муттаҳид оид ба муҳити зист (UNEP) доир ба ҳифзи пиряхҳо ва криосфера корбарӣ намуд. 12 декабри соли 2025 зимни баргузории иҷлосияи ҳафтуми Маҷмаи Умумии СММ оид ба муҳити зист (UNEA-7) дар шаҳри Найробии Ҷумҳурии Кения Қатънома дар бораи «Ҳифзи пиряхҳо ва криосфера, бахусус дар минтақаҳои кӯҳӣ» қабул гардид.

Ин ташаббусҳо бозгӯйи онанд, ки Тоҷикистон ҳамчун кишвари дорои захираҳои бузурги обӣ на танҳо манфиатҳои миллии худро ҳимоя мекунад, балки дар ҳалли мушкилоти глобалӣ низ саҳм мегузорад. Махсусан, дар шароити тағйирёбии иқлим ҳифзи пиряхҳо аҳамияти стратегӣ касб кардааст. Зеро пиряхҳои Тоҷикистон манбаи асосии ташаккули захираҳои обии минтақа ба ҳисоб мераванд. Аз ин лиҳоз, ҳифзи пиряхҳо-ҳифзи об, ҳифзи табиат ва дар ниҳоят ҳифзи ҳаёти инсон мебошад.

3,1 миллион гектар-ҳудудҳои табиии махсус муҳофизатшаванда

Дар даврони соҳибистиқлолӣ ба ҳифзи олами набототу ҳайвонот ва экосистемаҳои нодир низ таваҷҷуҳи махсус дода шуд. Ташкили ҳудудҳои табиии махсус муҳофизатшаванда, таҳкими низоми ҳифзи намудҳои нодир ва зери хатари нобудшавӣ қарордошта, мубориза бар зидди шикори ғайриқонунӣ ва қочоқи захираҳои табиӣ аз самтҳои муҳими сиёсати экологӣ мебошанд.

Дар давраи соҳибистиқлолӣ дар Тоҷикистон масоҳати умумии ҳудудҳои табиии махсус муҳофизатшаванда аз 420 ҳазор гектар ба 3,1 миллион гектар расонида шуд, ки ин 23 фоизи ҳудуди мамлакатро ташкил дода, дар миқёси минтақа ва Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил беназир мебошад.

Дохилшавии се парваришгоҳ ба Феҳристи мероси ҷаҳонии ЮНЕСКО

Ҳоло дар низоми ҳудудҳои табиии махсус муҳофизатшаванда 3 мамнуъгоҳ, 1 резервати биосферӣ, 4 парки табиӣ, 13 парваришгоҳ фаъолият дорад, ки аз онҳо Парки миллии Тоҷикистон (бо масоҳати 2,6 миллион гектар), Мамнуъгоҳи табиии «Бешаи палангон» (бо масоҳати 49,7 ҳазор гектар) ва Резервати биосферии «Ромит» (бо масоҳати 16,1 ҳазор гектар) ба Феҳристи мероси ҷаҳонии ЮНЕСКО дохил карда шудаанд.

24 май — Рӯзи байналмилалии Морхӯр

Тибқи ҳисоботи коршиносони ватаниву хориҷӣ, дар ҳудуди Тоҷикистон дар 10 соли охир саршумори ҳайвоноти нодир, аз ҷумла Морхӯр аз 1900 ба 8000 сар афзоиш ёфтааст. Дар ин асос Маҷмаи Умумии Созмони Милали Муттаҳид ташаббуси навбатии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмонро пазируфта, соли 2024 қатънома оид ба эълон намудани 24 май ҳамчун Рӯзи байналмилалии Морхӯр қабул кард. Инчунин соли 2024 Тоҷикистон ба Иттиҳоди байналмилалии ҳифзи табиат дохил гардид, ки ба ҷалби бештари маблағҳои грантии фондҳои байналмилалии экологӣ мусоидат менамояд.

Таҳияи Китоби сурхи Тоҷикистон

Яке аз дастовардҳои даврони соҳибистиқлолӣ таҳияи «Китоби сурхи Тоҷикистон» мебошад, ки дар ин давра 3 нашри он оид ба олами флора ва фаунаи Тоҷикистон аз чоп баромад.

Имрӯз ҳифзи табиат ба фарҳанги умумимиллии муносибат ба Ватан табдил ёфтааст. Чунки ҳар дарахт, ҳар чашма, ҳар дарё, ҳар минтақаи табиӣ ва ҳар намуди нодири ҳайвоноту наботот қисми мероси табиии миллат мебошад.

Душанбе — «шаҳри сабз»

Дар солҳои соҳибистиқлолӣ симои шаҳрҳо ва шаҳракҳои кишвар ба таври назаррас тағйир ёфт. Дар баробари рушди инфрасохтор масъалаҳои сабзазоркунӣ, бунёди боғу гулгаштҳо, зиёд намудани майдонҳои сабз ва беҳтар намудани ҳолати санитариву экологӣ аҳамияти бештар пайдо карданд. Махсусан, шаҳри Душанбе бо таваҷҷуҳи хоссаи Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва Раиси шаҳри Душанбе муҳтарам Рустами Эмомалӣ ҳамчун пойтахти давлати соҳибистиқлол ба шаҳри сабзу обод ва муосир табдил меёбад.

Вазифаи мо он аст, ки фарҳанги экологӣ ва пок нигоҳ доштани муҳити зист ба тарзи зиндагии ҳар шаҳрванд табдил ёбад.

Тағйирёбии иқлим

Яке аз масъалаҳои ҷиддии замони муосир тағйирёбии иқлим мебошад. Тоҷикистон ҳамчун кишвари кӯҳсор аз оқибатҳои тағйирёбии иқлим, аз ҷумла обшавии пиряхҳо, хушксолӣ, сел, обхезӣ ва дигар ҳодисаҳои хатарнок осебпазир мебошад. Аз ин рӯ, сиёсати экологӣ имрӯз бояд на танҳо ба бартараф намудани оқибатҳои мушкилот, балки ба пешгирӣ ва мутобиқшавӣ равона гардад.

Таъсиси Маркази татбиқи лоиҳаҳои сармоягузорӣ

Соли 2021 дар назди Кумита Маркази татбиқи лоиҳаҳои сармоягузорӣ таъсис дода шуд. Он соли 2024 аккредитатсияи Фонди Иқлими Сабзро барои дастрасии мустақими татбиқи лоиҳаҳо то 50 миллион доллари ИМА ба даст овард. Ин таҷриба дар Осиёи Марказӣ бори нахустин мебошад.

Дар ин самт Тоҷикистон ҳамкории байналмилалиро густариш медиҳад. Аз ҷумла, соли 2026 Фонди Иқлими Сабз маблағгузории 190 миллион долларро барои лоиҳаи таҳкими устувории иқлимии Тоҷикистон тасдиқ намуд, ки ба кишоварзии ба иқлим мутобиқ, идоракунии устувори об, хизматрасониҳои иттилоотии иқлимӣ ва таҳкими имконияти маҳаллӣ равона шудааст.

Бинои нави Агентии обуҳавошиносӣ

Дар даврони Истиқлолияти давлатӣ 38 сохтори Кумита дар маҳал бо биноҳои нави маъмурӣ ва шароити хуби техникию корӣ таъмин гардиданд. Аз ҷумла, соли 2021 бо дастгирии Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон бинои 6-ошёнаи Агентии обуҳавошиносӣ бо 87 утоқи муосиру барҳаво ва бинои 2-ошёнаи санҷишгоҳҳои сифати ҳавои атмосфера ва сифати обҳои сатҳӣ сохта, бо дастгоҳу таҷҳизоти зарурӣ муҷаҳҳаз гардонида шуд.

Соли 2025 ду бинои 11-ошёнаи истиқоматии хизматӣ барои кормандони Агентии обуҳавошиносии Кумита барои 120 оила бо иштироки Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба истифода дода шуд, ки ба самаранокии фаъолияти кормандони соҳа мусоидат менамояд.

Дар 35 соли Истиқлоли давлатӣ 77 стансияи метеорологӣ барқарор ва аз нав сохта шуда, фарогирии метеорологии ҷумҳуриро беҳтар намуданд ва сатҳи дурустии пешгӯиҳои обуҳавосанҷиро аз 66 фоиз ба 90 фоиз расониданд.

Таъсиси Маркази рақамикунонӣ ва инноватсияи соҳаи ҳифзи муҳити зист

«Ҳамзамон бо мақсади рушди рақамикунонӣ ва татбиқи технологияҳои муосир «Маркази рақамикунонӣ ва инноватсияи соҳаи ҳифзи муҳити зист» таъсис дода шуд. Чунин марказҳо бо шароиту имконияти мусоиди корӣ дар Сарраёсати ҳифзи муҳити зист дар вилояти Суғд ва Раёсати ҳифзи муҳити зист дар минтақаи Кӯлоби вилояти Хатлон бунёд гардида истодаанд, ки ба рушди рақамикунонии соҳа ва баргузории семинару омӯзишҳо мусоидат менамоянд.
35 соли Истиқлоли давлатӣ ба мо ҳақиқати муҳимеро собит намуд. Рушди иқтисодӣ бе ҳифзи муҳити зист наметавонад рушди воқеан устувор бошад. Сохтмони корхонаҳо, роҳҳо ва дигар иншооти иқтисодӣ бояд ҳамеша бо риояи талаботи экологӣ ва ҳифзи манфиатҳои наслҳои оянда амалӣ гардад. Мо бояд иқтисодиётро тавре рушд диҳем, ки табиат зарар набинад»,-иброз намуд Баҳодур Шерализода.

Баландбардории фарҳанги экологӣ дар ҷомеа

Мусоҳиби мо таъкид менамояд, ки истифодаи захираҳои табиӣ бояд оқилона бошад, партовҳо кам карда шаванд, технологияҳои нав бештар истифода гарданд, манбаъҳои барқароршавандаи энергия рушд ёбанд ва фарҳанги экологӣ дар ҷомеа пайваста баланд бардошта шавад. Дар ин раванд нақши ҷавонон ниҳоят муҳим аст. Ҷавонони имрӯза соҳибони Тоҷикистон дар оянда мебошанд. Аз ин рӯ, ҳифзи муҳити зист бояд ба яке аз арзишҳои муҳими насли нав табдил ёбад. Ҷавонон бояд донанд, ки шинонидани як дарахт танҳо як амали одӣ нест, балки он саҳмгузорӣ ба ояндаи Ватан аст.

Истиқлол — ифтихор аз гузашта ва масъулият барои фардо

“Ҷашни 35-солагии Истиқлоли давлатӣ барои ҳар шаҳрванди Тоҷикистон бояд на танҳо як санаи таърихӣ, балки фурсати андеша дар бораи роҳи тайкардаи давлат ва масъулияти мо дар назди оянда бошад. Имрӯз мо ҳуқуқ дорем аз дастовардҳои даврони истиқлол ифтихор кунем, зеро ифтихор аз гузашта моро дар назди фардо масъулиятшинос мекунад. Ҳар дастовард моро вазифадор мекунад, ки барои рушди минбаъдаи кишвар, таҳкими давлатдорӣ, ҳифзи сулҳу субот, баланд бардоштани сатҳи зиндагии мардум ва нигоҳ доштани табиати зебои Тоҷикистон боз ҳам бештар талош намоем”,-гуфт дар анҷоми суҳбат Баҳодур Шерализода.

Марзия САИДЗОДА,
АМИТ «Ховар»

АКС: Кумитаи ҳифзи муҳити зисти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон

Сентябрь 7, 2026 13:30

Хабарҳои дигари ин бахш

Дар вазорату кумита ва муассисаҳои илмии Тоҷикистон 35–солагии Истиқлоли давлатӣ ботантана таҷлил карда шуд
ШЕЪР ВА ИСТИҚЛОЛ. Назми муосири тоҷик дар солҳои соҳибистиқлолии Тоҷикистон дар сафи пеши худшиносии миллӣ ва ҳаракати ваҳдати миллӣ қарор гирифт
Филми «Пешво аз қалби мардум» дар байни тамошобинон маҳбубияти зиёд пайдо намуд
НАҚШИ ПЕШВОИ МИЛЛАТ МУҲТАРАМ ЭМОМАЛӢ РАҲМОН ДАР ЭҲЁИ ДАВЛАТСОЗИИ МИЛЛӢ. Мулоҳизаҳо дар ин маврид
Як зумра кормандони гуногункасб, хизматчиёни давлатӣ ва рӯзноманигорон бо мукофотҳои давлатӣ қадрдонӣ гардиданд
Дар Тоҷикистон платформаи рақамии ватании ZARZO барои ҳисоб ва идоракунии лоиҳаҳои кишоварзӣ таҳия мегардад
Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон дар Паради ҳарбӣ ба муносибати ҷашни 35-солагии Истиқлоли давлатӣ иштирок намуданд
Суханронии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар Паради ҳарбӣ бахшида ба муносибати ҷашни 35-солагии истиқлоли давлатӣ
Дар ноҳияи Рашт бо иштироки Раиси Маҷлиси намояндагон иншооти гуногун ба истифода дода шуданд
Дар Боку бахшида ба 35-солагии Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамоиши тантанавӣ баргузор шуд
Ҷашни 35-солагии Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистонро дар Лондон бошукуҳ таҷлил намуданд
Дар Теҳрон китоби «Ориёиҳо ва шинохти тамаддуни ориёӣ» ба хатти форсӣ ба чоп расид