Бахшида ба 35-солагии Истиқлолияти давлатӣ дар Фурудгоҳи байналмилалии Душанбе ҷамъомади тантанавӣ доир шуд

Сентябрь 4, 2026 18:00

ДУШАНБЕ, 04.09.2026 /АМИТ «Ховар»/. Давоми 35 соли Истиқлолияти давлатӣ маҳз бо саъю талоши Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон соҳаи авиатсияи мамлакат рушд намуда, ба яке аз соҳаҳои калидии иқтисоди миллӣ табдил ёфт. Чунин гуфта шуд дар ҷамъомади тантанавие, ки 4 сентябр дар Ҷамъияти саҳомии кушодаи «Фурудгоҳи байналмилалии Душанбе» ба ифтихори 35-солагии Истиқлолияти давлатӣ ва 102–солагии авиатсияи граждании Ҷумҳурии Тоҷикистон баргузор гардид.

Хабарнигори АМИТ «Ховар» иттилоъ медиҳад, ки дар ҷамъомади тантанавӣ директори Агентии авиатсияи граждании назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Ҳабибулло Назарзода ва директори Ҷамъияти саҳомии кушодаи «Фурудгоҳи байналмилалии Душанбе» Зайдулло Шарифзода доир ба роҳи тайнамудаи авиатсияи граждании Ҷумҳурии Тоҷикистон дар солҳои Истиқлолияти давлатӣ ва нақши соҳибихтиёрии Тоҷикистон дар рушду пешрафти соҳаи авиатсияи мамлакат ва дастовардҳои соҳаи авиатсия сухан намуданд.

Гуфта шуд, ки дар солҳои Истиқлолияти давлатӣ соҳаи авиатсияи граждании Тоҷикистон ба дастовардҳои назаррас ноил гардида, инфрасохтори Фурудгоҳи байналмилалии Душанбе такмил ёфт.

Дар ин давра сатҳу сифати хизматрасонии авиатсионӣ баланд бардошта шуда, ҷуғрофияи парвозҳои байналмилалӣ васеъ гардид. Ин раванд дар тақвияти ҳамкории авиатсионии Тоҷикистон бо давлатҳои хориҷӣ нақши муассир гузошт. Хусусан дар солҳои соҳибистиқлодӣ инфрасохтори фурудгоҳии мамлакат тавсеа ёфта, воситаҳои алоқа, алоқаи радиоӣ, дастгоҳҳои навигатсионӣ, низомҳои назорати парвозу фуруд ва воситаҳои электронии назорати парвозҳо, таъмини бехатарии парвозҳо ва дигар бахшҳои муҳими авиатсия густариш ёфтанд.

Таъкид шуд, ки Фурудгоҳи байналмилалии Душанбе дар солҳои Истиқлоли давлатӣ ба фурудгоҳи муосири дорои хати нишасту парвози муҷаҳҳаз, роҳравҳои зимомӣ, таваққуфгоҳҳои замонавӣ, низомҳои назорати парвозу нишаст, толорҳои барҳаво ва дигар инфрасохтори замонавӣ табдил гардид.

Фурудгоҳи байналмилалии Душанбе имрӯз метавонад тамоми намудҳои ҳавопаймоҳои хурду бузургро қабул ва гусел намояд. Аз ҷумла, дар ин давра дар Фурудгоҳи байналмилалии Душанбе барои мусофирон терминали муосир, терминали нави замонавии боркашонӣ ба фаъолият оғоз намуданд. Инчунин толори қабули меҳмонони расмии Фурудгоҳи байналмилалии Душанбе мавриди истифода қарор дода шуда, ҳамзамон Манораи нави назоратӣ – танзимнамоӣ, ки барои таъмини бехатарии парвозҳо аҳамияти бузург дорад, сохта шуд. Инчунин давоми солҳои оянда барои баланд бардоштани сатҳи хизматрасонии авиатсионӣ дар мамлакат фурудгоҳи нави замонавӣ бунёд мегардад.

Дурнамои рушди инфрасохтори фуругоҳ, баланд бардоштани сатҳи хизматрасонӣ дар Фуругоҳи байналмилалии Душанбе, ки «дарвозаи давлат» арзёбӣ мегардад, аз ҳар мутахассис, корманди фурудгоҳ ва роҳбарияти он масъулият, касбият ва хизмати содиқона ба халқу давлатро тақозо менамояд.

Дар анҷоми ҷамъомади тантанавӣ як зумра кормандон ва собиқадорони Ҷамъияти саҳомии кушодаи «Фурудгоҳи байналмилалии Душанбе» барои фаъолияти пурсамар, саҳми арзанда дар рушди соҳа ва хизмати содиқона бо нишони сарисинагии «Аълочии авиатсияи Тоҷикистон», «Сипоснома», «Ифтихорнома» ва дигар туҳфаҳои арзишманд қадрдонӣ гардиданд.

Марзия САИДЗОДА,
АМИТ «Ховар»

АКС: АМИТ «Ховар»

Сентябрь 4, 2026 18:00

Хабарҳои дигари ин бахш

Пахтакорони пешсафи ноҳияи Дӯстӣ қадрдонӣ карда шуданд
Дар ноҳияи Спитамен ба зимистонгузаронӣ ва таъмини фаъолияти устувори шабакаҳои барқӣ омодагӣ мебинанд
Ҳамкории саноатӣ ва сармоягузории Тоҷикистону Қазоқистон густариш меёбад
Оид ба тақвияти ҳамкории Тоҷикистон ва Қазоқистон дар соҳаи геология Ёддошти тафоҳум оид ба ҳамкорӣ ба имзо расид
Густариши ҳамкории Тоҷикистон ва Чин дар соҳаи меъморию сохтмон баррасӣ гардид
Байни Тоҷикистон ва Қазоқистон Харитаи роҳ оид ба тақвияти минбаъдаи ҳамкорӣ дар соҳаи кишоварзӣ ба имзо расид
Дар Мамнуъгоҳи давлатии «Зоркӯл» камераҳои аксбардории худкор насб карда шуданд
Дар ноҳияи Данғара татбиқи технологияҳои инноватсионии парвариши зироат дар заминҳои лалмӣ баррасӣ гардид
Дар Душанбе картошкаи калонтарин ба намоиш-фурӯш гузошта шуд
Байни Тоҷикистон ва Қазоқистон Созишномаи қолабӣ оид ба ҳамкорӣ дар самти таҳвили маҳсулоти нафтӣ ба имзо расид
Ҳайати Тоҷикистон дар Конфронси ваколатдори Иттиҳоди байналмилалии телекоммуникатсия иштирок дорад
Дар Душанбе форум ва конфронси байналмилалии зиддикоррупсионӣ доир мегарданд