Бахшида ба Рӯзи авиатсияи граждании Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Душанбе ҷамъомади тантанавӣ доир гардид

Сентябрь 3, 2026 16:35

ДУШАНБЕ, 03.09.2026 /АМИТ «Ховар»/. Ба муносибати Рӯзи авиатсияи гражданӣ ва 35-солагии Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар шаҳри Душанбе бо иштироки собиқадорони соҳаи авиатсияи гражданӣ, роҳбарон, мутахассисон ва кормандони корхонаҳои авиатсионӣ ҷамъомади тантанавӣ баргузор гардид, иттилоъ медиҳад АМИТ «Ховар» бо истинод ба Агентии авиатсияи граждании назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон.

Директори Агентии авиатсияи граждании назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Ҳабибулло Назарзода тамоми иштирокдорони ҷамъомади тантанавиро бо ҷашни 35-солагии Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Рӯзи таъсиси авиатсияи гражданӣ табрик намуда, иброз намуд, ки давоми 35 соли истиқлолият бо сарварии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон соҳаи авиатсияи граждании Тоҷикистон рушд намуда, бо мақсади баланд бардоштани сатҳи хизмарасонӣ дар соҳаи авиатсияи гражданӣ тадбирҳои муассиру муфид андешида шуданд, ки минбаъд дар байни кишварҳои мутараққӣ ҷойгоҳи хос касб кард. Маҳз дар даврони Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон соҳаи авиатсияи гражданӣ рушд ёфта, дар айни замон Ҷумҳурии Тоҷикистон дар доираи ҳамкории байналмилалӣ дар самти авиатсияи гражданӣ бо 31 кишвари хориҷи дуру наздик  созишномаҳо оид ба алоқаи ҳавоӣ ба имзо расонида, заминаи мусоид барои амалӣ намудани парвозҳои байналмилалӣ муҳайё намудааст. Боиси сарфарозист, ки иди касбии кормандони соҳаи авиатсияи граждании Тоҷикистон ҳамасола дар арафаи ҷашни таърихии кишварамон – Истиқлолияти давлатӣ таҷлил карда мешавад.

Барои иҷрои дастуру супоришҳои Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон тамоми кормандони авиатсияи граждании Тоҷикистон ва корхонаҳои авиатсионии кишвар дар роҳи инкишофи бемайлони минбаъдаи соҳа саъю талош менамоянд ва барои васеъ намудани ҷуғрофияи парвозҳо, харидорӣ намудан ва ҷалби бештари навъҳои нави ҳавопаймоҳои муосир, ташкили шоистаи парвози ҳавопаймоҳо, баланд бардоштани сатҳи хизматрасонӣ ба мусофирон, ҳифзу сари вақт дастрас намудани борҳои интиқолшаванда, таъмини комили низому амнияти парвозҳо, таҷдиду бунёди терминалу аэровокзалҳои ҳозиразамон, навсозии хатҳои парвозу нишаст, харидани таҷҳизоту мошинолоти навтарин дар фурудгоҳҳо ва масоили дигари соҳа пайваста тадбирҳои таъхирнопазир андешида мешаванд.


Сипас роҳбарони корхонаҳои авиатсионии кишвар, собиқадорони соҳа доир ба аҳамияти Истиқлоли давлатӣ дар таҳкими давлатдории миллӣ, рушди устувори соҳаи авиатсияи гражданӣ давоми 35 соли истиқлолият суханронӣ намуданд.

Гуфта шуд, ки авиатсияи граждании Тоҷикистон дар солҳои соҳибистиқлолӣ роҳи назарраси рушдро тай намуда, имрӯз ҳамчун яке аз соҳаҳои муҳими инфрасохтори кишвар дар рушди иқтисоди миллӣ ва таҳкими муносибатҳои байналмилалӣ нақши муҳим дорад.

Дар даврони соҳибистиқлолӣ соҳаи авиатсияи граждании кишвар ба дастовардҳои назаррас ноил гардида, инфрасохтори фурудгоҳҳо такмил ёфта, сатҳу сифати хизматрасонӣ баланд бардошта шуда, ҷуғрофияи парвозҳои байналмилалӣ васеъ гардид. Ин раванд дар таҳкими робитаҳои Тоҷикистон бо кишварҳои ҷаҳон ва фароҳам овардани шароити мусоид барои ҳаракати шаҳрвандон, сайёҳон ва рушди тиҷорат нақши муҳим дорад.

Ҳамчунин дар чорабинӣ доир ба хизматҳои шоистаи собиқадорони соҳа ва кормандони соҳаи авиатсияи гражданӣ, ки фаъолияти худро ба рушди авиатсияи миллӣ бахшидаанд, сухан карда шуд.

Таъкид шуд, ки рушди минбаъдаи соҳа ба фаъолияти содиқона, касбияти баланд ва меҳнати фидокоронаи мутахассисони соҳа вобаста аст. Дар ҷамъомади  тантанавӣ собиқадорон ва мутахассисон, ки дар рушду нумӯи соҳаи авиатсияи гражданӣ саҳми арзанда доранд, бо медалу ифтихорномаҳо қадрдонӣ гардиданд. Ҳамчунин аз ҷониби директори Агентӣ Ҳабибулло Назарзода ба ҳайати  кормандони дастгоҳи марказӣ ва собиқадорони соҳаи авиатсияи гражданӣ ифтихорномаҳо тақдим гардиданд.

 АКС: Агентии авиатсияи граждании назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон

Сентябрь 3, 2026 16:35

Хабарҳои дигари ин бахш

Дар ноҳияи Мастчоҳ ҷамъоварии ҳосил ва кишти тирамоҳӣ идома дорад
Дар Тоҷикистон истеҳсоли моҳӣ беш аз 5 фоиз зиёд шудааст
ЗАНБӮРИАСАЛПАРВАРӢ. Занбӯрҳо гардолудкунандаи асосии растаниҳо ва дарахтони мевадор мебошанд
Дар ноҳияи Бобоҷон Ғафуров ду зеристгоҳи барқӣ ба истифода дода шуд
Дар вилояти Суғд беш аз 15 ҳазор иншоот бунёд гардидааст
Дар ноҳияи Восеъ муассисаҳои таълимӣ навсозӣ карда мешаванд
Дар ноҳияи Бобоҷон Ғафуров сохтмони бинои нави муассисаи таълимӣ идома дорад
Рушди ҳамкории байниминтақавии Хатлону Пенза баррасӣ гардид
Дар ноҳияи Ёвон навсозии иншооти варзишӣ ва сохтмони муассисаҳои томактабӣ вусъат меёбад
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон дар шаҳри Ваҳдат коргоҳи коркарди моҳии ҶДММ «Баҳор»-ро ифтитоҳ намуданд
Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон дар шаҳри Ваҳдат ба таври фосилавӣ 16 иншооти таъиноти гуногунро ба истифода доданд
Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон дар шаҳри Ваҳдат корхонаи истеҳсолии «Алянс мебел»-ро мавриди истифода қарор доданд