Байни Агентии содироти Тоҷикистон ва Агентии рушди тиҷорат ва сармоягузории Корея Ёддошти тафоҳуми ҳамкорӣ ба имзо расонида шуд
ДУШАНБЕ, 16.09.2026 /АМИТ «Ховар»/. Байни Агентии содироти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Агентии рушди тиҷорат ва сармоягузории Корея (KOTRA) Ёддошти тафоҳуми ҳамкорӣ ба имзо расонида шуд. Ёддошти тафоҳуми ҳамкорӣ имрӯз дар шаҳри Сеули Ҷумҳурии Корея дар доираи сафари расмии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба ин ҷумҳурӣ имзо гардид.
Тавре ба АМИТ «Ховар» аз Агентии содирот хабар доданд, ҳадафи ин санад барқарор намудани муносибатҳои шарикӣ ва рушди ҳамкории дарозмуддат, самаранок ва мутақобили судманд байни тарафҳо мебошад.
Ҷонибҳо дар самтҳои зерин: татбиқи лоиҳаҳои муштараки ба содирот нигаронида барои пешбурди содирот, мубодилаи иттилоот дар соҳаи содирот, баргузории мизҳои мудаввар, форумҳо, вохӯриҳо, машваратҳо ва дигар чорабиниҳо барои беҳтар кардани фазои содиротии ҳарду давлат ба мувофиқа расиданд.
Ёдовар мешавем, ки имрӯз аз рӯйи натиҷаи мулоқоту музокироти сатҳи олии Тоҷикистон ва Корея 15 санади нави ҳамкорӣ ба имзо расонида шуд.
АКС: АМИТ «Ховар»








Оид ба тақвияти ҳамкории Тоҷикистон ва Қазоқистон дар соҳаи геология Ёддошти тафоҳум оид ба ҳамкорӣ ба имзо расид
Густариши ҳамкории Тоҷикистон ва Чин дар соҳаи меъморию сохтмон баррасӣ гардид
Байни Тоҷикистон ва Қазоқистон Харитаи роҳ оид ба тақвияти минбаъдаи ҳамкорӣ дар соҳаи кишоварзӣ ба имзо расид
Дар Мамнуъгоҳи давлатии «Зоркӯл» камераҳои аксбардории худкор насб карда шуданд
Дар ноҳияи Данғара татбиқи технологияҳои инноватсионии парвариши зироат дар заминҳои лалмӣ баррасӣ гардид
Дар Душанбе картошкаи калонтарин ба намоиш-фурӯш гузошта шуд
Байни Тоҷикистон ва Қазоқистон Созишномаи қолабӣ оид ба ҳамкорӣ дар самти таҳвили маҳсулоти нафтӣ ба имзо расид
Ҳайати Тоҷикистон дар Конфронси ваколатдори Иттиҳоди байналмилалии телекоммуникатсия иштирок дорад
Дар Душанбе форум ва конфронси байналмилалии зиддикоррупсионӣ доир мегарданд
Ҳаҷми умумии қарзҳои додашуда дар Тоҷикистон 25,5 фоиз зиёд гардидааст
Ширкатҳои Тоҷикистон ҳамкориро бо соҳибкорони Ҷопон таҳким мебахшанд
Байни Тоҷикистон ва Қазоқистон Созишнома дар бораи ҳамкории иттилоотӣ дар соҳаи таъминоти нафақа ба имзо расид






