«Барномаи давлатии такмили таълим ва омӯзиши забонҳои русӣ ва англисӣ барои давраи то соли 2030» баррасӣ гардид

Сентябрь 3, 2026 18:00

ДУШАНБЕ, 03.09.2026 /АМИТ «Ховар»/. Дар Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон бо иштироки роҳбарони муассисаҳои таҳсилоти олии касбии ҷумҳурӣ масъалаи татбиқи амалии «Барномаи давлатии такмили таълим ва омӯзиши забонҳои русӣ ва англисӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои давраи то соли 2030» мавриди баррасӣ қарор гирифт. Дар ин хусус ба АМИТ «Ховар» аз маркази матбуоти Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон хабар доданд.

Муовини Вазири маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон Илҳомуддин Иброҳимзода иброз намуд, ки дар шароити рушди босуръати муносибатҳои байналмилалӣ, густариши ҳамкории илмӣ ва таълимӣ ва тавсеаи робитаҳои муассисаҳои таҳсилоти олии касбии кишвар бо муассисаҳои таҳсилоти олии хориҷӣ донистани забонҳои хориҷӣ яке аз омилҳои муҳимми баланд бардоштани сифати таҳсилот, рушди иқтидори касбии омӯзгорон ва донишҷӯён ва таҳкими ҳамкории байналмилалӣ ба ҳисоб меравад.

Дар ин замина ба масъалаи иҷрои саривақтии дастуру супоришҳои Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва таъмини татбиқи самараноки барномаи мазкур таваҷҷуҳи махсус зоҳир гардида, зарурати тақвияти тадбирҳо барои беҳтар намудани сатҳи таълим ва омӯзиши забонҳои русӣ ва англисӣ дар муассисаҳои таҳсилоти олии касбии мамлакат таъкид гардид.

Барои муайян намудани вазъи воқеии сатҳи донистани забонҳои русӣ ва англисӣ дар муассисаҳои таҳсилоти олии касбӣ ҷамъоварӣ ва таҳлили маълумоти дахлдор зарур мебошад. Бо ин мақсад аз муассисаҳои таҳсилоти олии касбӣ талаб карда шуд, ки маълумоти дақиқ оид ба сатҳи донистани забонҳои русиву англисии донишҷӯёну магистрантон, аспирантону докторантон ва кормандону омӯзгоронро пешниҳод намоянд.

Ҳамзамон маълумоти пешниҳодшаванда бояд вазъи воқеии сатҳи донистани забонҳои мазкурро дар муассисаи таълимӣ инъикос намояд. Дар ин робита ба роҳбарони муассисаҳои таҳсилоти олии касбӣ зарурати ҳамкории фаъол бо гурӯҳи кории Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон таъкид карда шуд.

Баланд бардоштани сатҳи забондонии ҷомеа, бахусус ҷавонон ва мутахассисони оянда яке аз самтҳои муҳимми рушди низоми таҳсилот ба ҳисоб рафта, дар ин раванд муассисаҳои таҳсилоти олии касбӣ нақши муҳим доранд.

Дар фарҷоми вохӯрӣ масъалаҳо оид ба пешниҳоди маълумоти зарурӣ ва ҳамоҳангсозии минбаъдаи корҳо дар самти муайяну тақвият бахшидани сатҳи донистани забонҳои русӣ ва англисӣ дар муассисаҳои таҳсилоти олии касбии ҷумҳурӣ мавриди таваҷҷуҳ қарор гирифт.

АКС: Маркази матбуоти Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон

Сентябрь 3, 2026 18:00

Хабарҳои дигари ин бахш

Дар ноҳияи Восеъ муассисаҳои таълимӣ навсозӣ карда мешаванд
Намояндагони ҷамъияти тоҷикони шаҳри Пенза бо донишҷӯёни тоҷик мулоқот намуданд
Дар ноҳияи Ёвон навсозии иншооти варзишӣ ва сохтмони муассисаҳои томактабӣ вусъат меёбад
Нишасти вазирони маорифи давлатҳои Осиёи Марказӣ ва Муғулистон баргузор гардид
ЯК РӮЗ ДАР БОҒЧА. Таълими кӯдакон дар муассисаҳои томактабӣ аз марҳилаҳои муҳими ташаккули шахсият ба ҳисоб меравад
САБҚАТИ ЗЕҲНӢ. 700 довталаб дар даври ниҳоии Озмуни ҷумҳуриявии «Илм—фурӯғи маърифат» донишозмоӣ доранд
Сафири Давлати Кувайт бо имконоти илмию таълимии Донишгоҳи байналмилалии сайёҳӣ ва соҳибкории Тоҷикистон шинос шуд
ТАЪТИЛ ФАРО МЕРАСАД. Ҷалби кӯдакону наврасон ба марказҳои иловагӣ масъулияти онҳоро зиёд менамояд
КАСБУ ҲУНАР МЕОМӮЗЕМ! Фанни «Технология (таълими меҳнат)» дар ташаккули малакаи наврасон нақши муассир дорад
Донишҷӯёни Академияи идоракунии давлатии Тоҷикистон дар Донишгоҳи Ланҷоуи Чин табодули таҷриба менамоянд
Дар вилояти Суғд шумораи мактабҳо ва хонандагон бештар гардидааст
Донишгоҳи давлатии омӯзгории Тоҷикистон соҳиби сертификати UNESCO-UNEVOC гардид